Душманони миллат байни баъзе афроди зудбовари мо корҳои ташвиқотӣ мебаранд ва бо ваъдаҳои пучи нафарони ифротгаро ҷавонони мо бовар карда,ба ин гурӯҳо пайваста ба модар, оила ва ватани худ хиёнат мекунанд.

Чи боис гардида, ки баъзе аз фарзандони нозпарвари тоҷик хоин ба камол расидаанд? Шояд шикваи падару модар ва аҳли оила аз мушкилиҳо ё назди телевизион ва компютерҳо нишаста аз саҳар то шом филмҳои тасвирӣ ва кинофилмҳою бозиҳои компютерии хусусияти экстримистидошта ва ё шояд мо ба  кӯдаконамон аз хурдӣ бозичаҳои ба мисли таппонча ва дигар яроқҳоро дода, онҳоро бодасти худ террорист ба воя мерасонем. Ин омилҳо ҳама дар ҷамъ фарзандонро хунсард ба воя расонида, ҳисси ватандӯстӣ ва одампарастиро аз онҳо мерабоянд.

Он фоҷеаҳое, ки дар Аврупо ва ахиран дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел рух доданд, нишон медиҳад, ки омилони ин террорҳо ҷавонони аз геттоҳо (гузарҳои махсуси муҳоҷирон ва ҷинояткорон) баромада мебошанд, ки имконияти таълими кофию солим гирифтан дар чунин геттоҳо маҳол аст. Гузашта аз ин, аксари муҳоҷирони геттоҳо аз маълумоти мубаллиғони исломи сиёсӣ хотираи сиёҳе аз он бадбахтиҳоро, ки режими мустамликадорӣ ва неоколониализми ғарбӣ ба ватани модариашон оварда буд, дар хотир доранд. Метавон гуфт, Ғарб оқибати он сиёсатҳое, ки дар кишварҳои шарќӣ дошта, ба таври равшан мебинад.

 Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст боварӣ ва эҳтироми хоса дорад ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиќ бошем.

Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Одатан, сабаби бемории шахс метавонад  сирояти микробу вирусҳои  гуногун  бошанд, вале агар ҷисми инсон  қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат  ба вирусҳоро дошта бошад, ин иллатҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш  хунсо ва безарар мекунад.