Аз замоне, ки дар Тоҷикистон Истиқлолият ба даст омад, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро ба кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви мувофиқ сохт. Пас аз бадаст омадани Истиқлолият дар Тоҷикистон –муассисаҳо, биноҳо,шоҳроҳи азим ва дигар сохтмонҳо сохта шудааст. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.
Мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурӯҳ ҷавонони Тоҷикистонӣ ба чашм мерасад. Ҳануз ҳам омилҳои гуногун вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.
Сабаби сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир мебошад.

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд? Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд.
Аммо ин маънии онро надорад, дар баробари шинохтани доираи иллатҳои маърифатию иҷтимоию иқтисодии зиёде, дунболи пайдо кардани иллати асосии заминасоз барои зуҳури иллатҳо ва омилҳои дигар, он нахуст иллате, ки ба таъсиргузории дигар иллатҳо мусоидат мекунад. Одатан, сабаби бемории шахс метавонад сирояти микробу вирусҳои гуногун бошанд, вале агар ҷисми инсон қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат ба вирусҳоро дошта бошад, ин иллатҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш хунсо ва безарар мекунад. Пас аз он иммунитет, он зиддизаҳр, зиддимикробӣ зотиро бояд пайдо кард, иллату аворизи хориҷиро беасар созад ва нагузорад он иллатҳои зиёду гуногун ба рафтори мо таъсиргузор бошад.

Ҳар як падидаи иҷтимоӣ хоҳ нек ва хоҳ бад, заминаҳои пайдоиши худро дорад. Падидаҳои иҷтимоиро дар шакли хушбахтӣ ва бадбахтӣ баҳогузори намоем. Хушбахтӣ ин қуллаи баландеро мемонад. Шахсе ин қулларо фатҳ намуда метавонад, ки ба амалҳои нек машғул бошад.
Дар муқобил ба ин мутасифона боз инсонҳое ҳастанд, ки бо кору амалҳои хеш ба бадбахтӣ замина мегузоранд. Заминагузории бадбахтиҳо инсонест, ки ҳаёташро пайи корҳои ношоям ва нолоиқ сарф мекунад. Чунин шахсон аз доираи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҳамида дур монда, даст ба дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ мезананд, ки бо ин амали худ ба бадбахтиҳо замина мегузоранд ва доғи ҷомеа мегарданд.
Нашъамандӣ амалест харобиовару марговар. Вақте, ки инсон мубталои ин вабои аср гардид, дунё дар назараш ранги дигар гирифта, саодату хушбахтӣ, оромию самимият ва махсусан одамию одамгарӣ ӯро абадан тарк намуда, ғаму андуҳ, бадбахтӣ, носолимию нооромӣ шарики доимии ӯ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон 12 майи соли 2018 дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом ва мусалмонони кишвар хусусан бо ходимони дин мулоқоте доир намуданд. Ин мулоқот барои мардуми кишвар обу руйу шараф ҳидоятгар пешравӣ ва мувафақият мебошад.
Яке аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба аҳли толор мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистӣ террористӣ, ифротгароӣ ва гирифтани пеши роҳи нашъамандӣ ва манъ доштани истифодаи маводи мухаддир ва инчунин мубориза бар зидди гуруҳҳои салафия ва бар зидди собиқ ҲНИТ мамнуъи Тоҷикистонро таъкидҳо намуданд. Ин гуфтаҳо барои ҳар як шахси соҳибақл вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта виҷдон ва имонаш уро маҷбур месозад ба гуфтаҳои Пешвои миллат такя намуда Ватанашро ҳимоя намояд. Аз нигоҳи Қуръон ва суннат маънои истилоҳии калимаи ҷиҳод саъйу кушиш намудан барои анҷом додани кори хайр ва савоб мебошад. Дини мубини Ислом хун резонданро қатъиян ҳаром ва манъ намудааст. Паёмбари Худо (с.а.в) фармудааст, ки мусалмони воқеи касе аст, ки аз дасту забони ӯ каси дигар озор наёбад.