Ҳаракат, , фирқаву ҷамоат ва равияҳои тундрав нодурурст буда, ҳамагуна рафтору кирдор, гуфтор ва шиору даъватҳои нҳо беасосу бемантиқ, мардум – мардумфиребӣ, мухоллифи таълимоти шариати  исломӣ ва сабаби аслии парокандагӣ мебошад.

         Мавҷудият ва эътирофи мазҳаб ва роҳҳои  мухталифи дар як њақиқт дар ислом њамчун усули  гуногунандешаи илмӣ ва маърифати, воситаи рафъи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимои ва ҳуқуқӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба яроқи муборизаи афкор ва аъмол табдил дода шавад. Зеро ҷавҳари таълимоти илмӣ  ахлоқӣ ва ҳатто фарҳанги исломӣ таҳамул ва эҳтироми андешаҳои мухолифро  тақозо дорад. Пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ, ин беҳтарин ва ботаҳамултарин усули бартараф намудани чунин тудравиҳо в зиёдаравиҳост.

         Мавриди ёдоварист,ки Қуръони карим бо зикри «ба номи Худованди  бахшандаи меҳрубон»  оғоз мешавад ва дар он раҳму шавқат аст. Куштор, бераҳмӣ ва таркондани  макони макони оромии мардум ба ҳеҷ  ваҷҳ аз Офаридгори бахшояндаву меҳрубон буда наметавонад.

Ифротгароӣ ва тероризми  исломӣ ном гирифтани ин падидаҳои хатарнок  дар он мебошад, ки  як идда гурӯҳҳои ҷинояткору худсоз ва аз асли ислом бегона ба мисли ҷараёнҳои ҷинояткору худҳоҳ ба ном «Давлати исломи Ироқу Шом».  «Ҳизбу–ут- таҳрир»,  «Ҳизбуллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «ал-Ⱪоида», «Салафия», ва монанди инҳо  зери ниқоби ислом истифода мебаранду ғаразҳои худро барои ба даст овардани фоида ва валангор кардани кишварҳои мусулмоннишин амалӣ менамоянд. Терроризми  динӣ  ба он асос меёбад, ки  амалҳои  террористӣ бо таълимоти динӣ  таќвият дода мешаванд. Чунин ҳолат  бештар  хосияти  фардӣ  ва ба фанатизими аъзои гурӯҳи  террористи нигаронида шудааст. Терорист ва ифротгароён даъвои пуштибонӣ  аз ислом ва мусулмононро пеш оварда,  аслан аз хоҷахои хориҷиашон  маблағгузорӣ гардида, барои манфиати худ талош варзида, дар дили мардум тарсу ҳарос ва таҳлукаро меандозанд.

Ⱪайд кардан ба мавридаст, ки чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат, ки  дар сарманшаи исломӣ қарор гирифтаанд: Имом Абӯҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Молик ва Имом Ҳанбал ба ҳеҷ ваҷҳ худро салафӣ наномида буданд. Мазҳаби дигарро  барои надоштани гароиш ба салафия  муттаҳам накардаанд. Ҷараёни «Салафия» дар нимҷазираҳои Арабистон  аз тарафи Ибни Таймия ва Муҳаммад Ибни Абдулваҳоб шуҳрат ёфта, дар ибтидо бо номи «Ваҳобия» ва баъдан пайравии он ин ном яъне «Салафия»-ро барои худ авлотар донистаанд, то ин ки зеро ин вожа амалҳои тундгаро худро пинҳон созанд. Аз фаъолияти ДИИШ, Ҷабҳат-ун-нусра ва дигар ташкилотҳои террористӣ метавон садҳо мисоли дигар овард, ки аз хунхории онҳо шаҳодат медиҳад.

  

         Экстремизм-аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

         Мутаасифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатњо ва созмонҳое  ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал омадааст. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? 

 

         Истилоҳи “Терроризм” (аз калимаи лотинии “terror”) сарчашма  гирифта, маъноаш “Тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундравӣ дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносии Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати собиқ шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонибинии атеистӣ асос ёфта буд.