Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаҳои муҳоҷиратӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии кишварамон таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар рафти сафарҳои хориҷӣ Роҳбари давлат доимо оид ба будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади кор кардан ба хориҷа сафар менамоянд, диққати ҷиддӣ дода, таклифу дархостҳои муҳоҷирони меҳнатиро ба инобат гирифта, ҷиҳати иҷрои ин масъалаҳо ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Терроризм, ки ба унвони даҳшатафканӣ аст, ба ҳар гуна амал ё таҳдид барои тарсонидан, осеб расонидан ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯз терроризм хусусияти глобалӣ дошта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст.” Терроризм бе ш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст”, - таъкид кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, ҳам терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо ва мардуми сайёра гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини суботи миллии хеш аҳамияти бузург медиҳад ва ин омил барои ҳар кишвар аз омилҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар қатори таҳдидҳои асосии бехатарии миллии терроризми байналмиллалӣ ва ифротгарои ҷо гирифтааст. Амнияти кишварҳои зиёд имрӯз таҳти зарбаҳои терроризму ифротгароӣ қарор гирифтааст, ки талафоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро ба бор оварда, шумораи зиёди ашхоси бегуноҳ дар ин дасисаҳо кушта мешаванд. Такя бар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳамеша таъмини бехатарӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мегардад.

Тероризм аз калимаи лотини «terror» гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат сиёсати тарсонидан ва фуру нишондани душмани сиёсӣ бо роҳи зӯри, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонӣ, кӯштор ва гайра шарҳ дода шудааст.
Терроризм ва экстримизм аз як чониб чун вабои аср хатари глобали ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гуноҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва чони хар як сокини сайёра аст.
Имрӯз ҷахони муосир ба мушкилоти зиёде рӯба рӯ аст, ки аз хама хатарноктаринаш терроризм мебошад. Хусусан шакли байналмилалии терроризм, яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амнияти инсоният пӯшонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазҳабӣ низ ёдовар мешаванд.
Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода аҳолии осоиштаро кӯшта, кишварҳоро харобу ғарқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амали кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористи аз они кишварҳо истифода мебаранд. Чавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идроқ аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам ба ҷони худ ҷабр мекунанд, ҳам аҳли оилаи худро ба ғаму андӯҳ мешинонанд.

Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро  дигар кардаанду халос.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як мусоҳибаи матбуотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар заминаи пайдо шудани ҳизбҳое диние монанди наҳзат гуфта буд, ки: «Дар як кишвар як халифа бас аст ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест». Яқинан чӣ Нӯрӣ ва чӣ Кабирӣ худро халифаи кишвар пиндошта, доим дар андешаи ташкил намудани хилофат дар Тоҷикистон буданд. Ақидае,  ки имрӯз коршиносони умури сиёсат ва дин баён медоранд ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар ягон шароит ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият надошт. Баръакс наҳзатиҳо мудом худро фаротар аз ҳизб дониста, дар хусуси ташкили хилофате монанди ДИИШ дар сар нақшаҳое доштанд ва то  имрӯз дар паи ташкил намудани он талош меварзанд.