Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ таъкид намуданд, ки «Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматияшон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ѓайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо қотеона мубориза баранд».
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ёддошти тафоҳум
байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази
Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО
 

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Хадамот» номида мешавад, дар шахси Сардори Хадамот Каримзода Т. А., ки дар асоси Низомнома фаъолият мекунад, аз як тараф ва Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, минбаъд «Марказ» номида мешавад, дар шахси Директори марказ Каримов С., ки асоси Низомнома фаъолият менамояд, аз дигар тараф дар сурати якҷоя номбар кардан «Тарафҳо» номида мешаванд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ноҳияи Варзоб расонида мешавад, ки Ёдошти тафоҳум байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории (ВНМО) аз 14 майи соли 2018 ба имзо расонида шуд.   

Бинобар ин, ба шаҳрвандони ноҳияи Варзоб тавсия дода мешавад, ки мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масунияти одам (ВНМО) кишварҳои оламро ба ташвиш оварда, яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст.

Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд. Омили асосии он беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии он мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва шири модари сироятёфта ба кӯдак мегузарад.

Терроризм мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Таассуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми мазҳабӣ асоси терроризми  бунёдгароист

Имрӯз терроризм тобиши мазҳабӣ дорад. Дар асоси паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм, терроризми мазҳабӣ аст.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ,  минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи «уммат»-и исломӣ аҳамият дорад. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти Қуръон ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.