Имрӯзҳо терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Аз замоне, ки дар Тоҷикистон Истиқлолият ба даст омад, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро ба кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви мувофиқ сохт. Пас аз бадаст омадани Истиқлолият дар Тоҷикистон –муассисаҳо, биноҳо, шоҳроҳи азим ва дигар сохтмонҳо сохта шудааст. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.

Мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом”  пайвастани як гурӯҳ ҷавонони Тоҷикистонӣ ба чашм мерасад. Ҳануз ҳам омилҳои гуногун вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи чаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти, мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби хокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

«Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

        Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид.