Рӯзи  21 майи соли ҷори як гурӯҳи иборат аз 50-60 нафар мардону занони ҷавон дар назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷамъ омада, шиорҳое мисли «Кабирӣ террорист» «Нест бод Кабирӣ!», «Нест бод Эрон», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!», «Фарзандони моро баргардонед» мегуфтанд ва ба сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон муроҷиат мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».

        Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ , сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдати-милли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст, боварӣ ва эҳтироми хоса доранд ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи имрӯза гуруҳҳои экстремизм ва тероризм дар ҷаҳони муосир мебошад, ки мисли вабои аср паҳн шудааст. Мутаасифона ба ин гурӯҳҳо бештар наврасону ҷавонон шомил мешаванд, ки ин боиси нигаронист. Шомил шудан ба ин гурӯҳҳо аз ҷаҳонбинии танг ва маърифати пасти ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Имрӯзҳо сафи он касоне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд кам нестанд, барои ин гуна касон худхоҳиву манфиатҳояшон ба ҳар қиммате, ки набошад ниҳоят зарур аст.

         Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд? Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд.