Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол ба пешравиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарњангӣ ноил гардид. Пешрафту рушди кишварамон аз соҳибистиқлол гардидани он сарчашма мегирад. Аз рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, фазои кишварамонро сулҳу оромӣ фаро гирифт. Ҳар як кишвар дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад. Агар дар кишвар оромӣ ва осудагӣ набошад, магар кӯдаки хурдсоли шумо метавонад ба боғча равад? Фарзанди Шумо метавонад дар мактаб ва ё дар донишгоҳу донишкада таҳсил намуда, соҳиби касбе гардад? Шумо метавонед ба ягон касбу коре машғул шуда, рӯзғоратонро таъмин кунед? Деҳқон, метавонад ба кишоварзӣ машғул шуда, молашро ба бозор барорад?   Олим метавонад ба кори эҷодӣ машғул шавад? Умуман ягон соҳа метавонад бо пуррагӣ  кору фаъолият намояд? Албатта не.

Рӯзи 10.03.2018 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар неку бобарор баргузор шуд, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар оғози асри XXI барои мардуми курраи Замин зарурияти тачддиди дубораи имонию эътиқодӣ, андаруни динҳои пайрави доштаашон пеш омада аст. Агар онро бо таври исломи маънидод намоем, бояд аз нав, аз арз намудани калима оғоз намоем. Бояд қайд намуд, ки дунявият дар сиёсат шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ва бединӣ будан дар ҷомаро накардааст. Ташкили давлати демократии дунявӣ маънои атеизмро надорад, баракс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир тамоми қишру табақаҳо, намояндагони динҳо ва пайравони ҷаҳонбинии ғайри динӣ ба ҳам созиш ва аҳлият намоянд. Давлатдории дунявӣ ҳам ифродгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки инро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳамаи ин омилҳоро дар назар дошта моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон сароғоз мешавад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ҳамин интихоби дурусти миллати тоҷик аст, ки пойдории рушту пешрафт ва дастовардҳои имрӯзаи мо гардидааст.

Ҳамзамон бояд иқрор намуд, ки масъалаҳои судманди давлати, дунявӣ демакратӣ ва динӣ дар ҷомеаи тоҷикон мавзӯи баҳси доираҳои гунонуни сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию зеҳнӣ гардидааст.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ноҳияи Варзоб, ки ҳамчун минтақаи истироҳатӣ табобати курортӣ ва туризм дар арсаи кишвар муаррифӣ гардидааст, ба рушди соҳаи сайёҳӣ нақши ҳалкунанда мебозад.

Ноҳияи Варзоб дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ноҳия мувофиқи ҳисоботҳо  920 минтақаҳои истироҳатӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  фаъолияти   65 минтақаҳои  истироҳатии оммавӣ  мавсимӣ буда, фаъолияти  як   қатор иншоотҳои  муҳими сайёҳӣ  ба монанди  минтақаҳои  истироҳатии «Кохи Малика», «Гули  майда», «Гулобод»,  «Ёвар», «Варзоб-Палас» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара»   доимӣ   мебошад,  ки   дар ин минтақаҳо  барои қабули  сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ  фароҳам оварда шудааст.