Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 таъкид намуданд, ки пешгирии як қатффор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Вируси норасогии масъунияти одам дар қарни гузашта ба унвони «вабои асрри XX» ёд мешуд ва он бо ҳамон мушкилоти ҳалнашудаи хеш ба асри XXI ворид шуд. Имрӯз дар қатори амалҳои номатлубе,ки инсоният барои рафъи онҳо заҳмат кашида,боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд,чун терроризму экстримизм ВНМО низ муаммои кашфнашуда дар раванди зиндагӣ боқӣ мондааст.

Терроризм чун вабои асри ХХI имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гуруҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳамулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд. Чуноне, ки гуфтаанд: «Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад».
Хусусан дар шароити имрӯза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷои аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз вақтҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Бахусус имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспушии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабари аз асли масъала мебошад.

Бо заҳмату дастгириҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта мубаддал гардида истодааст.
Дар тамоми гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон иншоотҳо, корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои самтҳои иҷтимои сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Ин пешравиҳо моро водор месозанд, ки дар пешравии самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон саҳми худро гузошта, баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Пешвои муаззами миллат соли 2017 – ро соли Ҷавонон эълон намуда буданд дар ин раванд мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд пайрави пешвои миллати худ бошему ҳамеша дар роҳи омӯхтани илму дониш сайъю талош намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 таъкид намуданд, ки пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Саломатӣ беҳтарин неъмати худовандӣ аст, ки инсонро бо тамоми омолаш мерасонад. Бояд мо ба қадри он расид. Сарчашмаи асосии саломатӣ покӣ ва тозагӣ мебошад. Пешгирии беморӣ беҳтар аз табобат аст.
Вируси норасогии масъунияти одам дар қарни гузашта ба унвони «вабои асрри XX» ёд мешуд ва он бо ҳамон мушкилоти ҳалнашудаи хеш ба асри XX1 ворид шуд. Имрӯз дар қатори амалҳои номатлубе, ки инсоният барои рафъи онҳо заҳмат кашида, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд,чун терроризму экстримизм ВНМО низ муаммои кашфнашуда дар раванди зиндагӣ боқӣ мондааст.