Ҷавонону наврасони имрузаи мо воқеан як насли хушбахту комроне хастанд, ки барояшон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди орзуҳо ягон монае вуҷуд надорад. Ҳар он касе, ки аз чунин Ватани осудаву обод ва ру ба тараққиёт заррае норозиги баён мекунад, чунин шахсро носипос ва намакношинос гуфтан ҷоиз аст. Зеро тақдири ҷавонону наврасони мамлакатҳои ҷангзада ва рузгори талхи мардуми он сарзаминҳое, ки амалҳои террористию экстремистӣ дар он ҷойҳо кариб ҳар руз рух медиҳанд, пеши назар оварда, бояд шукронаи ин мулки биҳиштосои худро намуд.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонии бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани карорҳо мебошад.

Ифротгароӣ падидаи нав набуда он солҳои сол аст, ки амал карда истодааст. Он нафақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Солҳои охир тибқи маълумотҳо ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад. Якчанд омилҳоеро метавон зикр кард, ки сабабгори шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротианд. Аз ҷумла надоштани дониши қазоии диннӣ ва дунявӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сатҳи бекорӣ сабабгори шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Мутаасифона имрӯз ҷавонон ба манбаҳое даст меёбанд, ки барояшон маълумоту фатвои бардуруғ дода онҳоро гумроҳ мекунанд. Дар асл мақсади онҳо ҳам гумроҳ кардани ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон дар он назаранд, ки сатҳи дониши диниву маърифатии ҷавонон хело поён рафтааст, ки дар бисёр маврид онҳо ба оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеъӣ фарқ гузошта наметавонанд.

Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидан ё расонидани таъсир мебошад.

Ман ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлоли кишвар таманои онро дорам, ки ҳамеша ватану миллати худро дӯст доранд ва ҳимоятгари ин сарзамини аҷдодӣ бошанд. Мо ҷавонон имрӯз ифтихор аз он мекунем,  ки дар чунин давлати озоду зебо зиндаги намуда истодаем.

09.11.2017  ноҳияи Варзоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

14.10.2017 09:41, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.