«Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

        Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид.

Лоиқ монанди офтобест, ки ба ҳама якхела нур мепошад.

Чуноне, ки гуфтаанд:

         Лоиқ, Лоиқ нумӯи миллат боқист,

         Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

         Аз дӯши гарони нокасон боке нест,

         Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

         Лоиқ, лоиқи сухан, лоиқи таҳсин, лоиқи ёдоварӣ, лоиқи  ин хоку Ватан аст! Бале, ӯ шоирест, ки ҳар ҳарфи баёнаш монанди уқоб баландпарвоз аст ва дарҳол андаруни қалби инсони пешқадам ҷо мегирад. Шоире буд, ки на бо ранг, балки бо хуни дил шеър ифшо кард.

Тарбияи ахлоқии насли наврас аз замони қадим то имрӯз диқати аҳли башар, ба хусус шахсияти солимфикро ба худ ҷалб намудааст. Таассуровар аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби насли наврас ва ҷавонон ҷинояту қонуншиканиҳо зиёд шуда истодааст. Бо шарофати Истиқлолият имрӯз дар ҷомеаи мо тамоми фаризаҳои дини мубини Ислом бемамоният иҷро мешаванд. Дар гузаштаи на он  қадар дур,  кишварамон мубталои ҷангӣ шаҳрвандӣ шуд, ба мо сабақ медиҳад, ки барои рушди давлати худ саъю талош варзем, тибқи талаботи Қонунҳо амал намоем ва муҳимтар аз ҳама ваҳдату якдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин созем. Яке аз масоили муҳими идеологӣ нақши минбар мебошад, ки имрӯз асосан дар дасти ходимони дин ва руҳониён аст.

        Терроризм  ва экстремизм  ҳамчун зуҳуроти номатлуб   ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст.  Борҳо Пешвои миллат  сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон    дар давлатҳои абаркудрати ҷаҳони, аз ҷумла,  Иёлоти  муттаҳидаи  Америка, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Аморати муттаҳидаи Араб,  Иттиҳоди давлатҳои Африка ва дар созмонҳои бонуфузи  ҷаҳони  ва ҳатто дар Конфронсҳои  байналмиллалӣ  ва борҳо дар дохили кишвар,    вилоят,  шаҳру ноҳияҳо  нисбати ин мушкилот (проблема) гуфту шунид ва мулокотҳо доир гардидааст, ки фикру андешаи худашонро бо сокинони Ҷумҳури ва кулли сокинони  сайёраи ҷаҳон байён доштаанд.