Барои бешарафон ва ҳарзагӯён, ки дар миёни  ҷомеъа   ҳамчун иғвоангезу ситамгар, дурӯяву ватанфӯш, разилу бехирад, носипосу кӯрнамак маъруфу машҳур мебошанд обу нону хоки Ватан, арзишҳои волои ваҳдату якдилӣ, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азизу соҳибистиқол,  ҳайф асту  ҳайф аст !!!

Давлати Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни пешгирии ифротгароӣ роҳи  дурустеро пеш гирифт. Масалан, барои рӯҳониёне, ки  масъулияти  имом-хатибии масҷидҳои ҷомеъро бар дӯш доранд, аз ҳисоби буҷаи давлат маош таъйин гардид, то ходимони дин барои пешгирӣ намудани ин гуна ҷараёнҳо кумаки имонӣ ва виҷдонӣ расонанд ва ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа хидматашонро  дареғ надоранд.

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замон  муосир ба шумор рафта дар  ҷомеа тобишҳои  моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоиро  қавӣ менамояд. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.