Терроризм ва экстремизм яке аз кирдорҳои номатлуби умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта, мубориза алайҳи он  вазифаи дастаҷамъонаи муҳими шаҳрвандони  кишварамон бояд бошад. Чунонки  Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд терроризм ва экстремизм  ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари ҷиддӣ  ба бор меорад. Дар ҳамин асос мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромии кишвари азизу маҳбубамон ҳама вақт омода бошем.

Мо ҳамма бояд дар пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, саҳми худро гузошта бошем.

Ин зуҳуроти номатлуб, ки дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби давлатҳои абарқударати Ғарб идора карда мешавад, аз он ваҷҳ   бештар ҳушдордиҳанда ва нигаронсоз мебошад, ки қисмати зиёди шаҳрвандони мамолики мусалмоннишин ва давлатҳои исломиро фарогирифтааст.

Ҳамин ҷанбаи терроризм ва экстремизм дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардидааст: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид кар­да будам, ки террорист ватан, миллатва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас  роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони  сайёра зарар мебинанд».

Дар ҷаҳони муосир савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хело вазнин ва мудҳиш эътироф гардидааст. Хатарнокии чунин намуди  ҷинояткорӣ дар он зоҳир мегардад, ки савдогарони одамон бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ  шахсони тамоман бегуноҳро  ба доми фиреб гирифтор намуда, ҳуқуқу озодиҳои қонунан ҳифзшавандаи онҳоро поймол менамоянд. Савдои одамон - яке аз  зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҷамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айниҳол  дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҳтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад ҳисобида мешавад.