Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ буда мехоҳанд ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд. Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда дур аз ёру диёр хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯӣи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст, аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда ҳазорон ҳазор гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст. Охир ин кирдори ноҷавонмардист! Наход фарзанди тоҷик ба чунин кор қодир бошад.

Тероризм дар ҷаҳони муосир зуҳуроти сиёсӣ ва онро аз номи динҳое истифода мекунанд, ки вижагии сиёсӣ доранд, махсусан дини ислом, яъне яке аз ин омилҳо исломи сиёсист. Хилофатҳои исломӣ, барои ба даст овардани ҳукумат тамоми роҳҳо, аз ҷумла «Ҷиҳод» ва тарсафканиро истифода карда, кудрати сиёсиро ба даст оварда, исломро дар ҷаҳон густариш доданд, ки ин саҳифаҳои гузаштаи таърихии моро ташкил медиҳад ва ҳамчун намуна аз тарафи гуруҳҳои мусулмонони ҷиноятпеша имрӯз низ истифода мешавад. Минтақаҳои мусулмоннишини имрузаи ҷаҳон, ки дар баробари ҳувиятҳои динии худ аз ҳувиятҳои миллию қавмӣ бархурдоранд ва давлатҳои демократии хусусияти дунявӣ доштаро пайрави мекунад, ба ҳуввияти ҷаҳон ватании исломӣ мухолифат доранд.

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони Ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26 июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буданд «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан –Модар хиёнат кардаанд».

Мардуми тоҷик тӯли ҳазор соли охир пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, тамоми ибодату амалҳои динии он дар чорчӯбаи ин мазҳаби бузургтарини исломӣ анҷом дода шудааст. Пас, табиист, ки дар Тоҷикистон низ инкор кардани амалҳои динии гузаштаву имрӯзи ҷомеа фитнаи бузургеро ба бор меоварад, ки тасаввури он осон нест. Ҳатто он фарқиятҳои хурд ва зоҳирие, ки миёни фаҳмиши ифротгароён ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар ибодот ва расму оинҳо дида мешаванд, дар байни оммаи мардум таъсири бисёр сахт ва ҷиддӣ мегузоранд.