Фиқҳи Абӯҳанифа бо таълимоти ахлоқиаш пайванди бевосита дошта, аз арзишҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбари худо(с) сарчашма мегирад. Дар таълимоти худ Абӯҳанифа назарияи худро бо амалияи ахлоқӣ мепайвандад ва нишон медиҳад, ки меъёри муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа муносибати байни одамонро, рафтору гуфтори онҳоро фаро мегиранд.
Яъне муносибатҳои ахлоқ ба болоравии ҷинояткорӣ, заъфи фарҳангу тамаддуни ҷомеа сабаб мегардад.
Абӯҳанифа назарияи ахлоқии худро аз Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбари худо (с) бардошт карда, онҳоро ба таълимоти ахлоқии Аҷам (ғайриараб) ва илми замонаш такмил дода, назарияи томмми ахлоқиро ба вуҷуд овард.
Ҷавҳари ахлоқи нек он аст, ки агар ҳам дар дину, ҳам дар иҷтимоӣ ва шахсӣ хислатҳои зерин риоя карда шавад: росткорӣ, ростқавлӣ, амонатнигаҳдорӣ, муҳаббату эҳтиром, масъулиятшиносӣ, некӣ, вафодорӣ.
Фиқҳи Абӯҳанифа меъёрҳои ахлоқиро ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил дода, риояи онҳоро ба ҳукми шаръӣ дохил намуд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар сокини сайёра таҳдид карда истодааст ва ба башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Пӯшида нест, ки паҳнгардидани тафаккури ифротӣ, мавҷудияти гурӯҳҳои динӣ ва созмонҳои террористӣ, чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатари ҷидди эҷод менамоянд. Аммо барои як инсон оддӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад.
Ифротгароёни динӣ барои расидан ба хадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд ва дар саҳифаҳои таърихии инсоният ҳеҷгоҳ аз амалҳои зишти террористтон холӣ набудааст, ки террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Терроризм зуҳуроти муракаб аст. Терроризм ва эктремизм тули чандин солаҳои таърих вуҷуд дорад.

Ватан - ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд.
Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд, ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Ватан ин ҳамон қаламравест, ки мо баъди аз батнӣ модар берун омаданамон, дар қолини махмалинаш ғалтидаву хеста калон мешавем, аз меваҳои шаҳдбораш аз обҳои зулолаш нӯши ҷон мекунем, аз дастурхони пурнозу неъматаш сарфи ғизо менамоем, аз «тиллои сафедаш» ҷомаи домодӣ ва пероҳани арӯсӣ медӯзем.

Дар тамоми давлатҳои дунё ифроггарои барои инсоният як фоҷиаи мудҳишест, киин фоҷиа ҷомеаро ҳама вақт халалдор месозад.Дар ҷомеаи конунӣ дар дохили пайравони дини ислом ифротгаронии динӣ авҷ гирифта, пешгирии он мушкил гардида истодааст.
Дар асри VII дар нимҷазираи Араб Паёмбар Муҳаммад(с) мардумро ба дини ислом даъват карда буд. Ин дин оҳиста-оҳиста оламгир шуд, ки дорои низоми ягонаи эътиқод аст. Вале имрӯз ташкили падидаи сиёсиро тақозо менамояд. Омилҳои ифротгароии дини дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир таъсири тундгароии динӣ дар байни ҷавонон зиёд шуда, созмонҳои динии ифротӣ пинҳонӣ ва ғайриқонунӣбо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият карда истодаанд.Тоҷикистон, бо вуҷуди давлати дунявӣ буданаш,аз чунин хабарҳо эмин нест. Чунки тундгароӣ дар баъзе минтақаҳо густариш меёбад ва ин гуруҳҳо ба эҳсоси динии аҳолӣ таъсир расонда, бо паҳн намудани идеологияи тундгароии исломӣ, ба он ҷанбаи сиёсӣ медиҳанд.