Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» -ро варақ задам, чашмам ба мақолаи «То табадулот се рӯз монда буд» афтод. Дар он Мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ намуд, нашр гардида буд. Ин мақоларо пурра хонда баромадам.
Дар мақола судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо факту рақамҳояш ба саволҳои Шариф Ҳамдампур ҷавоб гарадонидааст. Ӯ дар бораи ҳалномаи судӣ оид ба ташкилоти терористиӣ - экстримистӣ шинохтани ҲНИТ-ро ба саволҳои тарроҳи «Тоҷикистон» посух додааст. Пас аз мутолиаи мақола ман ба хулосае омадам, ки мансабпарастони маҳаллӣ (ба монанди роҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ) дар зери ҳимояи давлатҳои хориҷие, ки онҳо намехостанд номи Тоҷикистон дар рӯи замин монад, миллати тоҷикро нест карданӣ буданд, туҳмату буҳтонҳо бофта давлати Тоҷикистонро сиёҳ, карданианд.

Чанде пеш дар тамоми рӯзномаҳои даврӣ бедодие, ки дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ масъулони ҲНИТ ба сари мардуми бегуноҳ чун балои марговар рехтанд ва такроран рехтанӣ будаанд мақолаҳо чоп гардид, ки саривақтӣ ва хеле бамаврид буд.
Мо аз гуфтаҳои як нафар собиқ корманди КГБ-и СССР ва баъдан шаҳрванди фирории Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди зинда Сайҷалол огоҳ гардидем, ки барои барҳамдодани Тоҷикистони зебои мо ҳамзабонҳои мо, бо истифода аз тоҷикони ҳамфирориву ҳаммуқимиион чӣ корҳое, ки накардаанд. Ин ҳақиқати ҳол, ки аз ҷониби як нафар шоҳиди зинда бо факту далелҳояш гуфташудааст моро ва ҳар як шаҳрванди содиқи кишварро бетараф намегузорад. Маълум гардид, ки ҲНИТ бо роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ, ки худ фурухташудаи хоҷагони хориҷӣ мебошад, аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт ва надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи сиёсӣ ва идеологӣ набуду нест. Вақт нишон дод, ки собиқ ҲНИТ бо роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ бо вуҷуди ба даст овардани фаъолияти расмӣ дар асл натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд. Мутаасифона, бо истифода аз номи ислом ва сӯистифода аз эътиқоди мардум то имрӯз корсозиҳо кард ва тоҳанӯз саъю талош барои ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад, чун ки фурухташудаи хоҷагони шиамазҳаби хориҷӣ мебошад. Аксар маврид гурӯҳҳо ва нафарҳое, ки васила ва олоти иҷрои ҳадафҳои барномасозони мазкур мешаванд, кулан аз ҳадафҳои хоҷагонашон ба монанди раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирии шиамазҳаб, бехабаранд ва аз рӯи гумроҳӣ ба тасаввури он ки арзишҳои исломӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз мекарда бошанд, бехабар аз пешомади кори худ теша ба решаи худ мезананд. Ба монанди амали ноҷое, ки чанде пеш аз ҷониби созмони ҲНИТ ошкор гардид ва тавассути рӯзномаҳои даврӣ, инчунин шабакаҳои ахбори умум пахш гардид.

Муборизаи беамон алайҳи ифротгароӣ ва терроризм вазифаи ҳар як фарди солимақлу солимфикри ҷомеаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Пӯшида нест, ки паҳн гардидани тафаккури ифротгароӣ, созмон додани гурӯҳҳои ифротиву динӣ ва террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба кишварҳои дунё хатари ҷиддиро пеш меоранд.
Ифротгароён, ки бо амалҳои зишту зиёнкоронаи худ ба инсонҳои оддӣ, махсусан нисбат ба занону кӯдакон тундравӣ ва амалҳои ҷоҳилонаро амалӣ менамоянд, мақсадҳои хушунатомез, сиёсӣ ва мазҳабии худро роҳандозӣ мекунанд. Ҳеҷ модаре фарзанди ҷинояткорро таваллуд намекунад, сари гавҳора бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек шабзиндадорӣ менамояд. Вале мутаассифона дар бисёри мавридҳо тарбияи нодуруст ва надоштани фарҳанги динии комил ҷавонони моро ба доми фиреби гурӯҳҳои дорои хусусияти ифротиву террористидошта гирифтор мекунад. Ифротгароён аз камсаводӣ ва надоштани маърифати динии ҷавонон истифода менамоянд ва онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои ба худ хос тобеъ мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 таъкид намуданд, ки пешгирии як қатффор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Вируси норасогии масъунияти одам дар қарни гузашта ба унвони «вабои асрри XX» ёд мешуд ва он бо ҳамон мушкилоти ҳалнашудаи хеш ба асри XXI ворид шуд. Имрӯз дар қатори амалҳои номатлубе,ки инсоният барои рафъи онҳо заҳмат кашида,боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд,чун терроризму экстримизм ВНМО низ муаммои кашфнашуда дар раванди зиндагӣ боқӣ мондааст.