Зуҳуроти даҳшатноку нафратоварӣ терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонии сайёра зарар мебинанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиаборӣ муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Чунин ном гирифтани ин падидаҳоихатарнок дар он мебошад, ки як идда гурӯҳҳои ҷинояткор худсоз ва аз асли ислом бегона ба мислиӣ араёнҳои ҷинояткор худхоҳ ба ном «Давлати исломи Ироқу Шом». «Ҳизбу-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «ал-Қоида», «Салафия», ва монанди инҳо истифода мебаранд. Онҳо даъвои пуштибонӣ аз ислом ва мусулмононро пеш оварда, асалн барои амалисохтан ҳадафҳо ба ғаразҳои сиёсии худ аз хоҷахои хориҷиашон талош менамоянд.

Қайд кардан ба мавридаст, ки чаҳор имоми аҳли суннат ваҶамоат, ки  дар сарманшаи исломӣ қарор гирифтаанд. Имом Абӯҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Молик   Имом Ҳанбал баҳеҷ ва ӯ худро салафӣ наномидаанд. Ва як дигарро барои надоштани гароиш ба салафӣ солеҳии муттаҳам накардаанд.  Ин  ҷараён дар нимҷазираҳои Арабистон аз тарафи Ибни Таймия ва муҳаммад Ибни Абдулваҳоб шуҳратёфта, дар ибтидо бо номи «Ваҳобия» ва баъдан пайравии он ин ном яъне «Салафия»-ро барои худ авлотар донистаанд, то ин ки зеро ин вожжа амалҳои тундгаро худро пинҳон созанд.

Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд.

Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Баъди шикасти «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тарақиёти давлати озоду демократии моро муайян менаояд.                                                                                         

Эмомалӣ Раҳмон.

6-ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тарики раъйпурсии умумихалқи бевосита аз ҷониби халқ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда.