«Рамзҳои давлати ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошад. Бигузор, парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолияти дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад. Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон бар обари мо».

Эмомалӣ Раҳмон

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмононии мост.

Бале, дини мӯбини ислом дини покиза ва беолоиш буда, тамоми мардумро ба ростӣ, нексириштӣ ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Мутаасифона баъзе аз ашхосони нотавонбинони миллат аз ин истифода карда, хиёнат ба сарзамини муқаддас ба падару модар ба занону кӯдакон мекунанд.
Чунончӣ зархарид, ки пулро аз манфиатҳои миллат боло медонад ин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ мебошад.
Таҳти сарпарастии ӯ, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ мебарад, дар Тоҷикистон чӣ мушкилиҳо ба бор оварда, чӣ қадар ҷони ходимони давлатӣ ва зиёиён барои пешрафти кишварамаон нафъ меоварданд, бо маблағи ночизи Эрон рабуданд ва хостанд, ки бо ин фарҳангу тамаддуни тоҷикро аз байн бубаранд Ҳазорон ҳазор сокинони мамлакатро гумроҳ карда, ба доми худ кашиданд. Аз ин сабабҳо мо ба ва пайравони ӯ дар симои Эрон нафрат мехонем.
Кушиш накунед! Хиёнаткорони миллат!
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон решакан шуда мурд, дигар ҳеҷ гоҳ барнамехезад. Тоҷикистонро бо сарвари хирадпешааш, пешбинаш ва ояндасозаш фардои дурахшон дар пеш аст.

Мувофиқи ақидаи аҳли суннат итоати роҳбарият воҷибу ҳатмист.
Худованд (а.ҷ) дар Қуръони карим дар сураи Нисо мефармояд:
«Атиъуллоҳа ва атиъуррасула ва улиламри минку», яъне худову расул ва он роҳбароне, ки аз байни шумо мусулмонҳо интихоб мешаванд итоат кунед.
Расул (с) фармуданд: «Саллу ҳамсакум ва суму шаҳракум ва адду закота амволику ва атиъу зо амрикум тадхулу ҷанната раббикум», яъне: намозҳои панҷвақтаро дар сари вақташ хонед, дар моҳи мубораки рамазон рӯза бигиред, агар молатон ба нисоб расида бошад закоташро адо кунед, роҳбариятро итоат кунед, дохили ҷаннат мешавед.
Ҳатто дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст, ки мусулмонеро кофир гуфтан куфр аст. Ҳамаи ин далелҳо фақат барои оромию осудагӣ ва хотирҷамъии мусулмонон аст.
Ба ҳамин хотир давлати исломии Эрон, ки Шиамазҳабанд намехоҳанд, ки Тоҷикистони азизи мо пешрафтаву соҳибмазҳаб бошад.

Он мардону занони Ватан, ки рӯзи 21-май дар назди сафоратхонаи Эрон ҷамъ омаданду мазҳаби шиъаро маҳкум карданд. Ин ҳамоиш саривақтӣ буда, баёнгари он аст, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамеша сулҳхоҳ буд ва сулҳхоҳ боқӣ мемонад.
Имрӯз Кабирӣ, ки дар Эрон паноҳ мебарад ва мазҳаби шиъаро қабул кардаасту мехоҳад мардуми моро ба шиъагароӣ даъват кунад, ки ин амал хиёнат дар ҳаққи мардуми тоҷик набахшиданист.
Ба ҳар як тоҷик воҷиб аст, ки пайрави аз мазҳаби ҳанафӣ намояд. Асли сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, пайравӣ аз ин мазҳаби суннатист.
Худованд дар сураи муборакаи Бақара мефармояд: «Валфитнату акбару миналқатл» яъне гуноҳи фитнагарию тафриқаандозӣ аз хунрезӣ дида бузургтар аст.
Пайғамбари худо (с) фитнагариро мазаммат карда, фармуданд: «Алфитнату ноиматун лаъаналлоҳу ман айқазаҳо» яъне фитна дар зери замин хоб аст Худо лаънат кунад он шахсеро, ки фитнаро бедор мекунад.
Мардуми заҳматкаши тоҷик воқеаҳои солҳои 1992-1997 ва соли 2015-ро, ки сабабгори асосии он наҳзатиҳо буданд, ҳеҷ вақт фаромуш нахоҳанд кард ва аз паси ягон фитнагар намераванд.