Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ , сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдати-милли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст, боварӣ ва эҳтироми хоса доранд ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи имрӯза гуруҳҳои экстремизм ва тероризм дар ҷаҳони муосир мебошад, ки мисли вабои аср паҳн шудааст. Мутаасифона ба ин гурӯҳҳо бештар наврасону ҷавонон шомил мешаванд, ки ин боиси нигаронист. Шомил шудан ба ин гурӯҳҳо аз ҷаҳонбинии танг ва маърифати пасти ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Имрӯзҳо сафи он касоне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд кам нестанд, барои ин гуна касон худхоҳиву манфиатҳояшон ба ҳар қиммате, ки набошад ниҳоят зарур аст.

         Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд? Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб мувофиқи қарори раиси ноҳия аз 26.04.2018 сол, №148  рӯзи 18.05.2018 сол соати 1000  аз рӯи мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

- Сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии раёсати маорифи ноҳияи  Варзоб,  музди меҳнат  811  сомонӣ;  

- Мутахассиси пешбари бахши  Хадамоти  назорат дар соҳаи  маорифи раёсати маорифи ноҳияи Варзоб, музди меҳнат 665 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари  Бахши  сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатӣ,  музди меҳнат  665 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва  оилаи ноҳия,   музди меҳнат  665 сомонӣ;