«Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Оре, об манбаъи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтмони манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо ва ғайраҳо истифода мебарад.

Дар ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз, теъдоди чашмаҳои оби маъданӣ хело зиёд буда, барои аҳолӣ оби ошомиданӣ ва табобатиро таъмин менамоянд, ки дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст.

Тӯли даҳсолаҳои охир ҷараёнҳое пайдо шудаанд, ки ба равияҳои динӣ алоқаманданд, рӯз аз рӯз беш  дар  рӯи  олам паҳн гардиданд.  Ҳамаи ин гурӯҳ радикалӣ ҳисобида шуда, ҷонибдорӣ аз дин дар асоси ақидаҳо ва амалҳои қатъӣ мебошанд.

      Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки  дар марҳилаи ҳозира хавфи бештареро на терорист на экстремисти  оддӣ балки диндорони махфӣ ба сар меоранд. Фарқияти онҳо аз дигар шаклҳои ифротгаро фарқ мекунад.

      Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ  ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан  чапгаро  инъикос  ёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ  тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они  худ кардани  ваколатҳои он барангехтани низоъи нажодӣ,  миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

     (Модаи 3.Қонун «Дар бораи мубориза бо экстремизм»)

     Қайд кардан ҷоиз аст, ифротгароӣ  асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон  намуда,  ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, он бояд объекти таваҷҷӯҳ ва омӯзиши ҳамешагӣ қарор гирад.

Имрӯзҳо терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.