Бо туфайли соибистиқлол гаштани Ҷуҳмурии Точикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо то рафт ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Истиқлолият барои ҳар як кишвар падидаи ниҳоят муқаддас ба шумор меравад. Барои ба даст овардани он ҳеҷ мушкилот сарфи назар набояд кард. Таърих собит менамояд, ки барои ноил гаштан ба Истиқлолият пойдорӣ ва рушду нумуъи он одамон чи қадар ҷоннисориҳо намудаанд. Муборизаи истиқлолиятталабон-гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар аст. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки истиқлолияти давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд. Зеро ҳар як давлате, ки нисбатан нерӯманд мегардид, талош бар он менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудуди кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддию маънавӣ он инкишофи хешро таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки муборизаи истиқлол талабона бо баробари пайдоиши давлатҳои аввалин ба вуҷуд омадаанд. Ин раванд дар шароити гуногун вобаста ба инкишофи давлату давлатдорӣ то ба замони муосир боқӣ мондааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ таъкид намуданд, ки «Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматияшон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ѓайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо қотеона мубориза баранд».
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ёддошти тафоҳум
байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази
Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО
 

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Хадамот» номида мешавад, дар шахси Сардори Хадамот Каримзода Т. А., ки дар асоси Низомнома фаъолият мекунад, аз як тараф ва Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, минбаъд «Марказ» номида мешавад, дар шахси Директори марказ Каримов С., ки асоси Низомнома фаъолият менамояд, аз дигар тараф дар сурати якҷоя номбар кардан «Тарафҳо» номида мешаванд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ноҳияи Варзоб расонида мешавад, ки Ёдошти тафоҳум байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории (ВНМО) аз 14 майи соли 2018 ба имзо расонида шуд.   

Бинобар ин, ба шаҳрвандони ноҳияи Варзоб тавсия дода мешавад, ки мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масунияти одам (ВНМО) кишварҳои оламро ба ташвиш оварда, яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст.

Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд. Омили асосии он беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии он мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва шири модари сироятёфта ба кӯдак мегузарад.