Терроризм мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Таассуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми мазҳабӣ асоси терроризми  бунёдгароист

Имрӯз терроризм тобиши мазҳабӣ дорад. Дар асоси паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм, терроризми мазҳабӣ аст.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ,  минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи «уммат»-и исломӣ аҳамият дорад. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти Қуръон ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.

«Рамзҳои давлати ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошад. Бигузор, парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолияти дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад. Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон бар обари мо».

Эмомалӣ Раҳмон

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмононии мост.

Бале, дини мӯбини ислом дини покиза ва беолоиш буда, тамоми мардумро ба ростӣ, нексириштӣ ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Мутаасифона баъзе аз ашхосони нотавонбинони миллат аз ин истифода карда, хиёнат ба сарзамини муқаддас ба падару модар ба занону кӯдакон мекунанд.
Чунончӣ зархарид, ки пулро аз манфиатҳои миллат боло медонад ин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ мебошад.
Таҳти сарпарастии ӯ, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паноҳ мебарад, дар Тоҷикистон чӣ мушкилиҳо ба бор оварда, чӣ қадар ҷони ходимони давлатӣ ва зиёиён барои пешрафти кишварамаон нафъ меоварданд, бо маблағи ночизи Эрон рабуданд ва хостанд, ки бо ин фарҳангу тамаддуни тоҷикро аз байн бубаранд Ҳазорон ҳазор сокинони мамлакатро гумроҳ карда, ба доми худ кашиданд. Аз ин сабабҳо мо ба ва пайравони ӯ дар симои Эрон нафрат мехонем.
Кушиш накунед! Хиёнаткорони миллат!
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон решакан шуда мурд, дигар ҳеҷ гоҳ барнамехезад. Тоҷикистонро бо сарвари хирадпешааш, пешбинаш ва ояндасозаш фардои дурахшон дар пеш аст.

Мувофиқи ақидаи аҳли суннат итоати роҳбарият воҷибу ҳатмист.
Худованд (а.ҷ) дар Қуръони карим дар сураи Нисо мефармояд:
«Атиъуллоҳа ва атиъуррасула ва улиламри минку», яъне худову расул ва он роҳбароне, ки аз байни шумо мусулмонҳо интихоб мешаванд итоат кунед.
Расул (с) фармуданд: «Саллу ҳамсакум ва суму шаҳракум ва адду закота амволику ва атиъу зо амрикум тадхулу ҷанната раббикум», яъне: намозҳои панҷвақтаро дар сари вақташ хонед, дар моҳи мубораки рамазон рӯза бигиред, агар молатон ба нисоб расида бошад закоташро адо кунед, роҳбариятро итоат кунед, дохили ҷаннат мешавед.
Ҳатто дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст, ки мусулмонеро кофир гуфтан куфр аст. Ҳамаи ин далелҳо фақат барои оромию осудагӣ ва хотирҷамъии мусулмонон аст.
Ба ҳамин хотир давлати исломии Эрон, ки Шиамазҳабанд намехоҳанд, ки Тоҷикистони азизи мо пешрафтаву соҳибмазҳаб бошад.