- Диданд: 53
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад». Бояд зикр намуд, ки тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ доданд ва медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ касб намуд. Ба сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистон сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, сарвари Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кратов зимни як баромадаш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тӯли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ, пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин зуҳурот дастгирӣ намоянд. Зеро агар пеши роҳи ин хатар дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то доманаҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.
- Диданд: 99
- Диданд: 101
Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм
Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳуввияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунанд. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.
Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.
Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан нерӯҳои имониро дар ҳамин самт сӯйистифода мекунанд. Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд. Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.
Имрӯз мушкилӣ дар он аст, ки бинобар бехабарӣ ва заъфи иттилооти динӣ-мазҳабӣ баъзе аз ҷавонон андешаҳои заҳрогин ва хатарзои ифротгароёнро ҳамчун ормонҳои исломӣ ва роҳи наҷоту саодати худ пазируфтаанд. Бисёре аз ҷавонони камтаҷриба ва бехабар аз дин барои дарёфти ормонҳои исломӣ ва имонии худ ба равияҳои “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва “Рофизия” ворид гаштаанд.
Ба хотири ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдат, Ватани азизамон ва муқаддасоту арзишҳои инсонмеҳварии фарҳанги миллию мазҳабӣ имконият дорем, ки сирру асрори ҳаракатҳои тахрибкор ва ҳадафҳои ботил ва афкори номашрӯъашонро дар ҷомеа ошкор созем, то шаҳрвандони азизамон аз оқибатҳои хатарноки онҳо дар амон бошанд.
- Диданд: 93
Саҳифаи 3 аз 195