"Гапи озод" дар байни Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабириро тамошо кардам.

ДУШАНБЕ, 07.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

    Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.

    Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногун ва давлатҳо  корбарӣ намуда, андешаҳои ҷавононро тавассути таблиғҳои бардурӯғ тағйир дода ба сӯи худ мекашанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани боийгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд. Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои  динӣ бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алоқамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин  нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.

     Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои Шарқи Наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

    Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

    Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

      Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Африқо ба мисоли Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.

     Дар Тоҷикистон ҳизби террористии исломӣ бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекард ва нафарони зиёдеро низ дар оғоз тавонист ба узвияти худ шомил намояд. Аз аввал  чеҳраи сиёсӣ ва манфӯри ин ҷоҳталабон барои ҳамагон равшан набуд . Вале бо мурури замон  мақсаду мароми  онҳо  миёни мардум ошкор гардид. Сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва қурбони беадолатӣ гардидани 150 ҳазор нафар шаҳрвандон  ҳамин ҳизби бо ном исломӣ буд. Тайи чанд соли охир хушбахтона бо амри Прокрори генералӣ фаъолияти ин ҳизб боздошт гардида  ва саркардагони он қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда гурӯҳи дигарашон дар хориҷи мамлакат ба тӯҳмату дасисабозӣ машғуланд.

    Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз зери қаноти хоҷагонаш ба сӯи роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он санги ғаразнок партофта мехоҳад, ки мамлакати амну оромро боз аз нав бо дасисаҳои худ ба коми оташ кашад. Вале дигар халқи тоҷик кайҳост, ки ҷои худро шинохтааст ва он дигар ҳаргиз гумроҳ нахоҳад шуд.  Ту Кабирии бадаъмол дигар наметавони ақлҳои ин мардуми тамаддунофар ва фарҳангиро бо пардаи сиёҳи ғаразҳои шахсият тира гардонӣ. Мо ҳаргиз ба ту дигар бовар намекунем ва Тоҷикистонамонро ба дасти ту ва ту баринҳо нахоҳем дод.

    Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Ш.Бобоев, М.Ғаниев, М.Шарипов, сокинони н. Варзоб.

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБУ ТАШВИҚОТ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС.

      Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб чунин иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби гуруҳҳои корӣ тавассути ба роҳ мондани суҳбатҳои инфиродӣ ва «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ то замони пурра аз байн рафтани хатари бемории коронавирус роҳандозӣ гардида, аъзои Ситоди ноҳиявӣ вобаста шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши «Хона ба хона»-ро ҷиҳати паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус то моҳи ноябри соли 2020 идома диҳанд.
       Инчунин, баргузории тӯйу маъракаҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, таҳти назорати масъулини мақомоти иҷроия ва Ситоди ноҳиявӣ қарор дорад. 
       Дар айёми паҳншавии бемории коронавирус байни аҳолӣ ҷиҳати бо шумораи кам гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд.
     Ҳамзамон санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ кормандони бахш дар ҳамкорӣ бо коршинос оид ба масъалаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- мушовири Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Холназар Абубакров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб Шамсиддин Маҳкамов ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар
Ҷамоати деҳоти Деҳмалик деҳаҳои Такоб, Вармоник, Сафедорк бо сокинон ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оиди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва бо кор таъминкунии шаҳрвандон дар дохили кишвар, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, вохӯриҳо доир намуд.     
     Инчунин, гуруҳи таблиғотӣ бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар деҳаҳои мазкур бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории «Коронавирус», худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани
манзили истиқоматӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.        
       Ҳамчунин гуруҳи таблиғотӣ тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои маҳбубу муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаҳои болозикр муаррифӣ гардида, ба таври васеъ тавзеҳ дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби гуруҳи таблиғотӣ дарҷ гардид, ки дар маҷмуъ, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам устувор мегардад ва барои рушди босуръати иқтисодии миллӣ имкони бештар фароҳам оварда мешавад. Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем.
       Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва барои ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саннаи 11-уми октябри соли 2020 таъин гардидааст иштирок намуда, ба номзадии арзандаи хеш овоз диҳанд ва дар охир аз ҷониби сокинони деҳаҳои мазкур якдилона аз номзадии арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда шуд.
      Баҳри иҷрои банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои бахш оид ба паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии коронавирус ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб: аз тарафи бахш ба сокинони деҳаҳои зикргардида, ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ба миқдори 200 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда шуд.
       Инчунин, аз ҷониби бахш муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони деҳаҳои мазкур ба миқдори 60 нусха дастрас гардонида шуд.
     Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.
 
 
      Олимзода Орифҷон Олим
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират-раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Варзоб.

Подкатегории