АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ» ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

        Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки дар асоси дастуру супоришҳои сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободу зебо гардонидани Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои Иди байналмилалии «Наврўз», Рўзи Вањдати миллї ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашарҳои дастаҷамъона дар ободонию хурамгардонии Ватани биҳиштосоямон бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия  муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, хизматчиёни давлатї ва кормандони касбу кори гуногуни ноҳия баргузор мегардад. 

        Ба ин муносибат санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роњбари Дастгоњи раиси ноњия, сардорони Кумита, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, кумитаҳои маҳал, намояндагони иттиҳодияҳои диннӣ,  волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб дар маркази ноҳия ва боғҳои фарҳангиву фароғатии ноҳия маракаи ниҳолшинонӣ  бахусус ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Ҳаминтавр дар боғҳои фароғатии ноҳия  вусъат додани корҳои дигари созандагӣ бо маром идома дорад. 

       Инчунин, гирду атроф ва саҳни ҳавлии бинои мақомоти иҷроия аз ҷониби кормандони мақомот тозаву озода карда шуд. 

       Ҳамчунин дар ин доира, бо ташаббус ва иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Рудобаи Мукаррам, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ваҳдат» ва гуруҳи волонтёрони хайрхоҳ дар маркази ноҳияи Варзоб  дар маракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзиданд. 

       Дар доираи солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намудани чунин иқдомҳо ин тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавонон арзёбӣ мегардад ва мо ҳамагон барои хурамгардонии Ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем. 

       Ҳамин аст, ки имрӯз бо дастгириҳои марди дурандеш, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ макони саёҳӣ ва мавзеи биҳиштосо муаррифӣ гардида, дар дили меҳмонону саёҳони ватанию хориҷӣ ҷой гирифтааст. 

       Таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ин иқдом ҳар ҳафта бо ҷалби хизматчиёни давлатї ва кормандони касбу кори гуногуни ноҳия гузаронида мешавад. 

        Дар охир миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияро ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Рудобаи Мукаррам барои ташриф дар маракаи нињолшинонї ба ноҳияи зебоманзари Варзоб арзи сипос мерасонем. 

  Орифҷон Олимзода

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират-роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб