Печать
Диданд: 853

«Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат доимо омода бошанд».

                           Эмомалӣ  Раҳмон

        Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо ҷавонон озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонанд кор ва фаъолият намоянд. Зеро, имрӯзҳо ҷавонони бошарафу сарбаланди кишвар бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаашон мебошад.

Бале, наврасону ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯшашон гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бахусус наврасону ҷавонон ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад. Пас ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ ва густариш додани ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Инчунин, барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем. Имрӯзҳо ҳар як фарди солим, аҳли ҷомеа бояд дар пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб саҳмгузор бошанд. Қаблан ҳар як шаҳрванди инсондӯсту ватандӯстро зарур аст, ки бо андӯхтани дониши амиқу ҳаматарафа ва дар худ парваридани хислатҳои ҳамидаи одамӣ ба наврасону ҷавонон намуна бошанд. Зеро ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати маҳбубамон Тоҷикистони азиз мебошанд, дар ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ қодир ҳастанд.

 Тавре, ки аз мушоҳидаҳо бар меояд, мактабу маориф низ яке аз соҳаҳои пешбарандаи ҷомеаи солими имрӯз буда, барои таҳсили насли ҷавону навраси кишвар, имрӯзҳо мактабҳои наву замонавӣ бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳазонида шудаанд, ки барои гирифтани донишҳои зарурӣ басо мувофиқ  мебошанд.

Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад.

Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор насли наврасу ҷавон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки насли наврасу ҷавон ба воя мерасанд. Мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб, то андозаи дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст.

Пас ҷавонони баору номуси тоҷикро зарур аст, ки ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошанд. Маҳз наврасону ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷавонон ояндаи миллату давлат ҳастанд, бояд кӯшиш кунанд, ки  ҷомеъаи худро ободу зебо гардонанд ва барои пешравии ҷомеъа илмҳои замонавиро, махсусан забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, то ки ба миллатҳои дигар озодона ҳарф зада тавонанд.

Дар баробари ин, боиси ифтихор ва сарафрозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии бисёре аз ҷавонону наврасони бонангу номуси мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванди созандаву бунёдкорона, ҷавонони дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи накӯ метавонад, пайванди наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд.

Мо ҷавонони баору номуси миллати тоҷик, бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нисбат ба ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии дохилу хориҷӣ мамлакат озодона таҳсили илм намоянд.

Мо ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки давлати соҳибистиқлолу Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем. Дар тӯли бисту шаш соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардида истодаем. Ҷавонону наврасони имрӯзаи мо, бояд хушбахт аз он бошанд, ки дар давраи Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушоданд. Мо шукргузорӣ мекунем Худовандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри ободу арҷманд дорем.

Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон Тоҷикистон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Мо ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, барои ободии диёри азизу номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори ин  Ватан кору пайкор хоҳем кард.

Мо ҷавонон, Ватани азизи худ-Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст. Чунончӣ гуфтаанд: «Ҷавонон ояндасози ин миллати куҳанбунёданд».

Олимзода Орифҷон Олим

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб