Он фоҷеаҳое, ки дар Аврупо ва ахиран дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел рух доданд, нишон медиҳад, ки омилони ин террорҳо ҷавонони аз геттоҳо (гузарҳои махсуси муҳоҷирон ва ҷинояткорон) баромада мебошанд, ки имконияти таълими кофию солим гирифтан дар чунин геттоҳо маҳол аст. Гузашта аз ин, аксари муҳоҷирони геттоҳо аз маълумоти мубаллиғони исломи сиёсӣ хотираи сиёҳе аз он бадбахтиҳоро, ки режими мустамликадорӣ ва неоколониализми ғарбӣ ба ватани модариашон оварда буд, дар хотир доранд. Метавон гуфт, Ғарб оқибати он сиёсатҳое, ки дар кишварҳои шарќӣ дошта, ба таври равшан мебинад.

Аммо барои пешгирӣ кардан аз терроризму экстермизми динӣ дар кишвари алоҳидаи исломӣ чӣ метавон гуфт. Пеш аз ҳама ҷой доштани заминаҳои диндории таассубию хурофотӣ дар ҷомеа вобаста аз сатҳи пасти таълиму тарбия  ва набудани маълумоти солим мебошад. Агар ҷавонони мо дар бораи ин падидаи номатлуб ва зараровари  ҷамъиятӣ маълумоти саҳеҳи илмӣ нагиранд ва давлат дар ин маврид чораҷӯйӣ накунаду кори тарбияи шуури солим дуруст ба роҳ монда, кор ба сӯйи таассубу хурофотгароӣ мекашад, ки аз он то ифротгароӣ, фузунхоҳӣ, ирҳоб (радикализм,экстремизм ва терроризм) як қадам аст ва барои пайвастан ба аҳзобу ҳаракатҳои чунин руҳияву хусусият дошта садде вуҷуд нахоҳад дошт.

 Аз ин рӯ, бузургтарин хатар таассубу ифротгароӣ ва хурофот аст, ки дар заминаи набудани шуури солими  мерӯяд.

      Муҳтарам Пешвои миллат дар ин маврид дар мулоқотҳояшон борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла зикр карда буданд, ки «Бузургтарин хатарҳое, ки ҷомеаи муосирро таҳдид дорад, таассубу ифротгарои…аст. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл, ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад».

       Ифротгароӣ ва таассуб чист? Ифрот он аст, ки аз ҳадди эътидол гузаштааст. Ифротгароӣ ба ҷонибдорӣ кардан ба орову афкор ва рафтору амали аз муросову таҳаммулу мудоро дур ва аз эътидол берун ҳидоят мекунад ва сабаби сар задани ангезаҳои фузунхоњӣ, зиёдаравӣ ва ҳамин ҳоло бо таассуб хостани чизе аст.

      Аммо дар мавриди  таълими  динӣ дар кишварҳои исломӣ  метавон эрод гирифт, аммо гуфтан мумкин аст, ки  дар кишвари мо оид ба ин масъала эроде  нест. Дар аксари кишварҳои исломӣ таълими динӣ-исломӣ таърихан ҳамеша озод буда, дар сатҳи лозима ҳамеша буд ва ҳаст. Ва хушбахтона мо низ баъди ба даст овардани истиқлолият имкони чунин таълиму тарбия гирифтанро пайдо кардем. Вале қайд кардан ба маврид аст, ки  дар кишварҳои суннатии исломӣ,  таълими динӣ бо назардошти замону макон ба як бознигарии ҷиддӣ ва ислоҳ ниёз дорад. Аввалан, аз нигоҳи барномаҳои таълимӣ, баъдан  аз нигоҳи муҳтавои таълиму тарбия. Сеюм, аз нигоҳи ҷавобгӯии он ба ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ва ҳифзи меросияти таърихии фарҳангӣ.

   Гулов Муродалӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи  Ҷамоати деҳоти Чорбоғ