Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ноҳияи Варзоб расонида мешавад, ки бинобар баргузор гардидани  Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Федератсияи  Россия аз 25 май то 25 июли соли 2018, шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби дон, Самара, Саранск ва Сочӣ барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё ин ки барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.

Бинобар ин, ба шаҳрвандони ноҳияи Варзоб тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба ин шаҳрҳои  Федератсияи  Россия то саршавии чорабинии мазкур, яъне то 25 майи соли ҷорӣ бақайдгузорӣ дар ҷойи зистро анљом диҳанд. Бе зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои  Федератсияи  Россия дар давраи аз 25 май то 25 июли соли равон худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори  Федератсияи Россия дар ин давра пурзӯр гашта, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд, боиси  татбиқи  чораҳои  ќатъӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати онҳо гарданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур ва шарҳи муфассали он шаҳрвандони ноҳияи Варзоб метавонанд ба бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоянд.

Суроға: Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа, мавзеи Зоғар ё метавонед бо телефонҳои зерин тамос гиред:

Муминов О. Ш.                Тел: 931-89-19-93

Олимзода О. О.               Тел: 935-34-83-34

 Идора                              Тел: (83153) 52-12-80

         Омодасоз

Олимзода Орифҷон Олим

мутахассиси пешбари бахши

Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Варзоб