Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки парвозҳои мустақим ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия тавассути ду ширкати ҳавоӣ: “Сомон - эйр” ва “ЮтЭйр” ҳафтае якмаротибаӣ ба самти Душанбе – Москва – Душанбе парвоз менамоянд. 

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи сафар аз ду ҷониб 500 доллари амрикоиро ташкил дода, мутаассифона дар ин миён нафароне низ ҳастанд, ки дар фурӯши чиптаҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе – Москва даст ба қаллобӣ мезананд.

Бо мақсадӣ бозгашти шаҳрвандони Федератсияи Россия баъд аз пандемия ва дар давоми пандемия Ҳукумати Федератсияи Россия парвозҳои чартериро барои ширкати "Уральские авиалинии" барои кашонидани шаҳрвандони Федератсияи Россия ба 7 шаҳру вилояти Федератсияи Россия иҷозат додааст, ки арзиши чиптаҳои ҳавоӣ ду баробар нисбат ба чиптаҳои ҳавоии мустақим зиёд мебошад. 

Вобаста ба ин маълум менамоем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Амри Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2021, № 635-р  барои ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия асос доранд метавонанд аз хатсайри ҳавоии мазкур истифода намоянд.

Дар ин замина, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакт даъват ба амал меорад, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худдорӣ намуда, зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии "Уральские авиалинии" ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро ки баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Федератсияи Россия барои онҳо мушкилӣ пеш меояд. 

Шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши кор кардан дар Федератсияи Россияро доранд метавонанда ба Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд. 

 

Телефонҳо барои тамос:

Телефон: 2362245, 2368929;

 

Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа 

Телефон: 2213983, 2213985, 90 - 688 93 -13, 555551080;

 

Хадамоти муҳоҷират

Телефон:225-07-33, 225-08-33, 225-05-75, почтаи электоронӣ:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Манбаъ: сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Омодасоз,

ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА