БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ВА МАСЪАЛҲОИ МУБРАМИ РӮЗ
 
       Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки санаи 24-уми декабри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вохӯрӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар баргузор гардид.
       Дар вохӯрии мазкур кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Варзоб иштирок намуданд.
       Сараввал раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар тартиби гузаронидани вохӯриро ба меҳмонон ва ҳозирин шинос намуда, баъдан рӯзномаи маҷлисро оид ба омодагӣ ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ аз 15-уми декабри соли 2020 баён гардида, шинос намуданд.
       Баъдан дар вохӯрии мазкур роҳбари гуруҳи корӣ муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло суханронӣ намуда, оид ба ҳолати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ахборот дода, диққати ҳозиринро ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва сарфаю сариштакории он ҷалб намуд. Инчунин, қайд карданд, ки масъалаҳои мазкур ба пешрафти шароити арзандаи мардум ва зиндагонии осоишта равона гардида, бо ташаббусу ибтикороти бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд. Мавсуф ҳамзамон зикр намуданд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарият, кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони баору номуси ноҳияи Варзоб бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ баҳри боз ҳам ободу сарсабз намудани ватани азизамон, ба хусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саъю талош менамоем.
       Ҳамчунин Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло дар рафти суханрониҳои худ доир ба хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла экстремизм, терроризм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар табодули назар намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ноҳияро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ даъват намуда, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷиноятҳои фарромилӣ баргузории суҳбату мулоқотҳои судмандро дар байни аҳолӣ, бахусус диндорон, ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра зарур шумориданд.
     Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, инчунин мақсаднок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, оид ба пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
      Дар охир муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳое, ки аз тарафи роҳбари давлат, ки санаи 15-уми декабри соли равон дар машварати корӣ дарҷ гардидааст, масъалабардорӣ карда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
       Ҳамин аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа ва масъулони идораҳои замин, оққилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид мекунанд.
 
                                                                                                                                                                                                              Орифҷон Олимзода
                                                                                                                                                                                                              мудири бахши Хадамоти
                                                                                                                                                                                                              муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб