Дар сомонаи АМИТ мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров тааллуқ дорад, хонда ба сомонаҳое, ки муаллифон зикр кардаанд, (аз қабили Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет ва амсоли инҳо) муроҷиат карда, то хеле ба худ наомадам.


   Ман бори аввал вориди ин сомонаҳо шудам ва то бадин андоза беномусиву бераҳмӣ, беҳаёиву беимонӣ, манқуртию худобехабарии онҳое, ки худро мухолифин (оппозиция) мехонанд,намедонистам. Ман ин тоифаро дар радифи мухолифин қарор намедиҳам, зеро мухолифони сиёсӣ дар тамоми давлатҳои демократии олам мавҷуданд ва онҳо дар муқобили ҳукумати мавҷуда бо далелу бурҳонҳои дақиқи мантиқӣ қудратнамоӣ мекунанд, қӯшиш мекунанд норасоию камбудиҳои воқеии давлату ҳукуматро ошкор созанд. Ин тоифаро ман як гурӯҳи чалласаводони аз сиёсат дур, ки ҳадафашон танҳо дар миёни ҷомеа барангехтани иғвою дасиса ва дигар нобасомониҳо аст медонам. Дар рӯзгоре, ки мардум бар асари вабои аср мубталои мусибату ғаму андӯҳ шудаасту муҳтоҷи як сухани хубу маслиҳати беғаразона аст, тӯдае аз ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар истода, ба қавли Мирзо Бедил чун «саги ақрабгазида аф-афталошу тапишталош» аз ин мусибат ҳангома барпо кардаанд ва гӯё дер боз ин рӯзро мунтазир буданду ба ин васила мехоҳанд аз худ сиёсатмадору ҳомии миллат тарошанд. Посух додан ба чунин даъвоҳои муғризона аслан маъное надорад, зеро ба қавли Шайх Саъдӣ:

 

Ба сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз,

Наравад мехи оҳанин дар санг.

   Шояд ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муаллифон мақолаи мазкур бештар шеваи накӯҳишу дашномро ба кор гирифтаанд.

  Шеваи даъво ва баёни зархаридони тоҷики дар хориҷа буда дар саҳнаи хотироти ман манзараҳои солҳои навадумро ҷилвагар кард.

   Ҳизби касиф ва ҳизбиёни беномус

  Агар некӯ назар андозем, ҳамаи нобасомонӣ ва фоҷиаҳоро барои мардуми тоҷик дар солҳои навадуми садаи гузашта Ҳизби наҳзати исломӣ оварда буд. Агар ин ҳизб намебуд ҳеч иттифоқи баде намеафтод. Ҳизбе, ки на танҳо аксарияти мардуми кишвар, балки дар дунё ягон давлати абарқудрат барои ба сари қудрат омаданаш имконият намедод, мехост зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ҷумҳуриро исломӣ эълон намояд.. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ ин ҳизб тавонист як зумра зиёиёнеро, ки худро демократ мегуфтанду аслан аз сиёсат бӯе ҳам намебурданд, бо худ ҳамроҳ созад. Ин демократҳо намедонистанд, ки агар худое накарда ҳизби наҳзат ба сари қудрат ояд, пеш аз ҳама худи онҳоро аз миён мебардорад, чунонки дар баъзе кишварҳои исломӣ ин таҷриба амалӣ шуда буд. Ҳозир ба ёд меорам дар он гирдиҳамоиҳо ин шиорро замзама мекарданд: «Амрико, Амрико, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!» дар сурате, ки ҳоло хунрезӣ сар нашуда буд. Яъне як пода ҷоҳили боришу сала, бо чашмони хунгирифта давлати абарқудрати дунёро ба ҷанг даъват мекард. Ин ҳикмати Шайх Саъдӣ, ки «Панҷа бо шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест»-ро фаромӯш карда буданд. Ва аз оқибати амали худ андеша намекарданд, ки чи фоҷиаҳое ба сари мардум меоранд, зеро пулҳои ҳангуфти  хоҷагони хориҷиашон чашму ақли онҳоро кӯр карда буд.

   Хулоса, аз наҳсиву касофатии ин ҳизб Тоҷикистон ба хоку хун кашида шуд. Садҳо ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд, миллионҳои дигар ба ғурбат рӯ оварданд. Агар мо ин ҳодисаро тафсил бидиҳем садҳо саҳифа пур мешавад. Аммо хиради азалии мардуми шариф ва кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ боиси хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва сулҳу салоҳ барқарор гардид.

   Ин ки сабабгори асосии хунрезию нобасомониҳои солҳои навадум Ҳизби наҳзати исломӣ буд, гуфтем. Акнун хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки ин ҳизб оё ҳуқуқи дуюмбора сар боло кардан дошт? Албатта, не! Онҳо агар як зарра номусу виҷдон медоштанд, бояд майдони сиёсатро тарк мекарданд, аз мардуми шарифи Тоҷикистон бахшиш мепурсиданд, ки муртакиби чунин як ҷинояти нобахшиданӣ гаштаанд. Агар ба ман мемонданд, саркардагони ин ҳизбро сангсор мекардам. Даъвои курсию ҷоҳу мансаб карданд ва онро ҳам соҳиб гаштанд. Бо ин ҳам қаноат накарда, он ҳадафҳои ғаразноки худро бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷиашон идома доданд. Чун мардуми хушбовар ҳамеша шунидани ояту ҳадис, мавъизаву амри маъруфро дӯст медорад, инҳо тавонистанд шеваи кори худро ба ин усул устувор намоянд ва агар ёд дошта бошем, дар ҳама ҷо фиттаҳои амри маъруфу мавъизаҳо садо медоданд. Кор то ҷое расида буд, ки баъзе муллоҳо мардумро гап задан намемонданд, тӯдаеро кофир эълон мекарданд, мисли ин ки аз назди Худо омада бошанд. Ва бадбахтии аксари мардум ҳам дар ин аст, ки мехоҳанд Худоро ба воситаи мулло шиносанд. Онҳо намедонанд, ки аксарияти ин муллоҳо онҳоро ба Худо не, балки ба худашон наздик мекунанд. Дертар ҳам шуда бошад, ин масъала то ҷое ислоҳ шуд. Аммо дар шигифтам, ки бо кадом рӯ имрӯз М.Кабирӣ боз сар боло карда, овоз равшан мекунад? Бок адом рӯ? Фаромӯш кардааст, ки ӯ роҳбари ҳизбест, ки ба сари мардум балоҳои зиёде оварда буд ва шармандавор шикаст хурда маҳкум гардидааст? Ҳизбе, ки мағлуб гаштааст оё ҳуқуқи маслиҳат доданро дорад? Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки дар Олмон агар аз Гитлеру ҳизби фашистии ӯ сухан ба миён орӣ, шунидан намехоҳанд, мамнӯъ аст. Зеро Олмонро барои ҳамаи ҷаҳониён шарманда кард. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар ҳамин радиф қарор дорад. Бояд номашро дигар ба забон нагирем, зеро моро дар олам шарманда кард.

   Акнун мегузарем ба масъалае, ки онҳо асоси даъвои худ қарор дода, дастак мезананд.

 

   Коронавирус ва ҳангомаи душманони миллат

  Сару садоҳои зархаридони дар хориҷа будаи бештар дар атрофи вабои ба сари миллати мо омада баланд гардидааст. Ба қавли онҳо гунаҳгори асосии ба вабо мубтало шудани мардум дар Тоҷикистон танҳо як нафар аст.

  Биёед, ҳоло ба ин масъала – муносибати онҳое, ки худро “мухолифин”  мехонанд ва ҳукумат,  назари фарохтаре меандозем ва мебинем, ки он дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст, зеро ҳар ҳукумате дар замони муосир мухолифин дорад, ки  як амри табиист. Масалан, дар кишвари ба мо наздиктар – Россия, ҳукумат мухолифини шадиде дорад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин марҳалаи бемории кишвар мардумро ба муборизаи зидди ҳукумат даъват накарда, балки баръакс ба ҳамкориву мадад хондааст, то бо ҳамдастӣ аз ин фоҷиа зудтар раҳо шаванд.. Дар ин ҳолат на танҳо мухолифини ҳукуматҳо дар ҳар кишвар, балки ҳатто давлатҳои ба ҳамдигар мухолиф ва дар лагерҳои гуногуни ҳарбӣ қарордошта, ҳамчун Россия ва Итолиё, ба ҳамдигар дасти мадад дароз карда, ҳамкорӣ мекунанд. Оё зархаридони ҳукумати тоҷик чашму ақлу гӯшу ҳуш надоранд, ин ҳамаро намебинанду намедонанд?! На, мебинанду медонанд, вале нафси оромнагирандаи ҳукуматталабиашон намегузорад, ки аз рӯйи адлу инсоф, адолату инсонигарӣ амал кунанд. Рафтори ба ин монанди ин гуна махлуқонро, ки ёрии башардӯстонаи Россияро ба Итолиё ҳамчун амали ғаразнок маънидод карданӣ шуданд, ҳатто Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ки мухолифи Россия мебошад, маҳкум карда чунин гуфт: “Кишварҳо дар шароити ин буҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба ҳамдигар бояд кӯмак кунанд”. Вақте ки кишварҳо ва инсонҳои дар лагерҳои мухолиф қарордошта чунин рафтор мекунанду чунин мегӯянд, оё як лаҳза дар бораи ҳифзи ҷони мардум ва манфиати кишвари худ, агар шумо худро зодаи ин марзу бум медонед, андешидан зарур нест?! Оё қарзи виҷдонии ҳар касе ки худро тоҷик ва аҳли Тоҷикистон медонад, дар айни ҳол бо нишон додани вазъи кишвар дар ин буҳрони сироятӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостани мадад нест, ки мардум бар ин бало ҳарчи зудтар ғолиб оянд? Ё монанди шумо ҳукуматро корношоям вонамуд карда, дар зинаи аввал байни мардум тарсу воҳима афканем ва баъдан ҷомеаи ҷаҳониро ҳам аз мадад кардан монеъ шавем? Оё ин амали инсонӣ ва пуштибонии мардум аст? Оё шумо ва пайравони зархаридатон, ки аз номи дини мубини ислом ва демократияву инсондӯстӣ сухан гуфта, ҳам динро бадном  мекунеду ҳам халқро фирефтан мехоҳед, тарс аз Худову шарм аз мардум надоред?!

   Ин ҳама ботин ва ғаразҳои нопоки шуморо беҳтар аз ҳама ошкор менамояд, ки танаффурбарангез аст.

   Касе намегӯяд, ки  кори ҳукумат дар ин соҳа камбудӣ надорад, аммо ҳоло вақти байрақ кардани он нест, балки ҳангоми он аст, ки бо сарҷамъӣ роҳҳои ҳарчи зудтар аз ин беморӣ халосӣ ёфтанро пайдо кардан аст, вақти бовару эътимодро дар дилҳову рӯҳияҳо қавитар карда, ин марҳалаи хатарнокро камталафоттар тай кардан аст.  Ин ҳоло равиши ҷаҳонии аз ин буҳрон раҳидан аст. Беҳуда нест, ки ҳатто созмони Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала аз ИМА ва Президенти он Доналд Трамп, ки ба Чин даъвои гунаҳкорӣ дар буҳрони КОВИД – 19 мекард,  худро канор гирифта, зиддият изҳор кард. Роҳи пешгирифтаи ҳукумати мо, ки ба воситаи карантини нарм раҳо ёфтан буд, дурустии худро нишон дода истодааст, зеро бо вазъияти иқтисодие, ки кишвари мо дорад, ин ягона роҳест, ки иқтисодиёт бо осеби камтар аз он берун барояд, зеро зиндагӣ давом дорад ва он иқтисодиёти солим мехоҳад. Бинобар ин дар ҳар кор ба оқибати он бояд андешид, ки маҳсули нек бидиҳад.

      Дар кишвари мо паҳншавии КОВИД-19 дертар оғоз шуд, ки натиҷаи чораҳои саривақтии ҳукумати мамлакат аз пешгирии он буд: сарҳади мамлакат ба зудӣ баста шуд, мусофироне, ки аз кишварҳои дигар бармегаштанд, ҳама ҳатман аз карантини чаҳордаҳрӯза гузаронида шуданд, аз аввалин рӯзҳо таблиғу ташвиқи чораҳои беҳдоштӣ ба мардум оғоз гашт, вале бо вуҷуди ин, вируси фарогир дар кишвар доман паҳн кард ва ҷонҳои азизони моро рабуд, ки аз ин ҷойи гурез ҳам набуд. Тоҷикистон кишвари дарбастае нест, кишвари озоду демократӣ ва дарҳояш ҳамеша боз аст, ки ба он рӯзе даҳҳову садҳо рафту омад доранд ва аз ин рӯ, аз ин вирус барканор намондани он як амри табиӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон аз мо хеле пештар ба он мубтало шуданд. Ин барои кишвари мо фурсат дод, ки хасоиси вирусро хубтар шиносем, таҷрибаи муборизаи дигаронро зери даст дошта бошем, бе тарсу ҳарос ва бо имони комили пирӯзӣ бар вирус ба арсаи шифо бахшидани мубталоён ворид шавем. Дар ин ҷабҳа мо ҳоло хуб медонем, ки аз ҳама василаи муассир ва осон барои ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – аз ҷумла, дар пайи ҳар амал бо собун ва оби гарм шустани даст, дар ҳолатҳои зарурӣ пӯшидани ниқоб, эҳтироз аз саломи дастиву оғӯшгирӣ, нигоҳ доштани фосила ҳангоми гуфтугӯ ва барои солхӯрдагон бе зарурат аз хона берун нарафтан мебошад. Кишварҳое, ки ин қоидаҳоро иҷро карданд, ба монанди Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон бо талафоти нисбатан кам ва зудтар аз буҳрони беморӣ халосӣ ёфтанд. Ин таҷрибаро ҳамаҷониба истифода кардани мо зарур аст. Вақте ки мо бо ин силоҳи муассир ва дар айни ҳол, ба ҳама дастрас мусаллаҳ мешавем, эҳсоси тарс камтар мешавад.

  Тарспароканӣ ва дасисаҳои дигари мухолифин

  Тавре зикр шуд, зархаридонва пайравони онҳо такрор ба такрор дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо он айбдор карда истодаанд, ки мавҷудияти коронавирусро пинҳон доштанд ва ин боиси авҷ гирифтани вабо гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки то охирҳои моҳи апрел мардум аз ягон чиз бим надоштанд, дар мактабҳои оливу миёна дарсҳо доир мешуданд, тӯю маъракаҳо, ҷаласаву ҳамоишҳо озод барпо мегардиданд ва касе бемор намешуд. Дар авохири моҳи апрел вақте эълон шуд, ки дар кишвари мо ҳам мавҷудияти вирус ба қайд гирифта шудааст, якбора ҳамаро ваҳм зер кард. Кӯчаву растаҳо бидуни ин ки карантин эълон шавад, холӣ шуданд, бештари мардум узлатро интихоб карданд. Рӯхияи мардум ба якборагӣ тағир ёфт.

  Воҳима ҳолати равониест, ки дар асари шидати баланди эҳсосоти тарс аз чизе, ҳодисае ё рӯйдоде ба вуҷуд меояд ва қобилияти дарки воқеият ва мантиқан фикр карданро аз инсон мегирад ва боиси ошуфтагии равонӣ мегардад. Воҳима хусусияти инфиродӣ ва иҷтимоӣ дорад ва зуҳури он дар ҳар сурат барои фард ва ҷомеа хатарнок мебошад.    

   Маълум аст, ки эҳсоси тарс аз ҳаёти худ ва наздикони худ барои инсон як амри табиист, аммо вақте ки силоҳи амният дар даст аст, он кам мешавад ва инсон қудрати рӯҳонии худро барои зафар омода месозад. Чунин бемориҳои фарогир дар таърихи мо кам набуданд, ҳанӯз Абӯалӣ ибни Сино аз он хабар дода, таъкид карда буд, ки дар ин ҳол аввалин ва муассиртарин васила бартараф кардани эҳсоси тарс ва баъдан маҳдуд кардани муносибат бо ашхоси гирифтор ва маҳалли пайдоиши беморист. Тафсилоти ба ҳамин монанд беморӣ – ваборо, дар асарҳои устод Айнӣ дидан мумкин аст, чӣ гуна бачаи ҷавон онҳоро аз сар гузаронида, зинда монд. Бинобар, ин навъи беморӣ тамоман нав нест, ки мо илоҷи онро надонем, илоҷи он маълум аст, аммо мутаассифона, душманони миллати мо онро ба воситаи тарспароканӣ ноилоҷ кардан мехоҳанд. Ин худобехебарон ба ҳамин амал даст зада истодаанд, ки худро ҳомии мардум нишон диҳанд, ҳол он ки ин амал – тарспароканӣ, дар байни мардум сад дар сад барои аз байн бурдани ҷони онҳо мерасонад, ки дар ин ҳолат онҳо на мухолифини ҳукумат, балки душмани ҷони мардуми кишвар мешаванд. Дар асл бигиред, барои ин тоифа, ки роҳнамои онҳо Ҳизби наҳзати ислому роҳбарони он мебошанд ва имрӯзҳо фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро барои ба манзури ҳукуматталабии худ расидан бо маводи фитнабарангез пур мекунанд, ҷони мардум пашизе қадр надорад. Мардум инро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дида буд, акнун ба ин дасисаҳои онҳо бовар нахоҳад кард. Онҳо бо роҳи фиреб, ки ҳукумат гӯё барои пешгирӣ ва раҳо ёфтан аз ин беморӣ коре намекарда, ё аз уҳдааш намебаромада бошад, дар байни мардум тарс меафкананд ва агар мардум ба он бовар кунанду тарс хӯранд, дар натиҷа дар вуҷудашон нирӯи муқовимат ва мубориза бо вирус кам шуда, ба ҳалокат дучор мешаванд, аммо ин ҳукуматталабонро заррае ба ташвиш намеорад. Бинобар ин, ҳадафи мо аз ин суханон ҷавоб ба онҳо нест, онҳо бо ин амали ғайриинсонии худ арзиши ҷавобро надоранд, рӯйи сухани мо ба баъзе аз мардум, махсусан ҷавонони ғофил аз мақсади нопоки ин наҳзатиҳову ҳамроҳони онҳо мебошад,  ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ  истифода мекунанду ин дасисаҳоро хонда, фирефта шуданашон мумкин аст. Насли калонсол кӣ будани онҳоро нағз медонад, онҳо ботин ва мақсадҳои ғаразноки худро дар солҳои навадуми асри гузашта нишон дода буданд.

   Вақте ки инсон ба тарс дода мешавад, ончунон ки мухолифини ҳукуматталаб мехоҳанд, табобати ӯ ба маротиб душвортар мегардад, зеро тарс аз дардҳои доираи рӯҳист, ки илоҷи он бештар ба дасти худи бемор аст, то табиб ва то он замоне ки беморро аз он халос карда нашавад, табобати ҷисмонии ӯ бенатиҷа хоҳад буд. Давои дарди ҷисмонӣ нисбат ба бемории рӯҳӣ, дар айни ҳол тарсхӯрдагӣ, ба табибон осонтар аст, аммо мухолифин бар зидди амали шифокории табибони фидокор, ки дар ин шабу рӯз ҷон ба каф гирифта, барои наҷоти беморон ҷонфидоӣ доранд, фаъолияту мубориза мебаранд. Шумо- зархаридони беимон, дар айни ҳол бо онҳое мубориза доред, ки барои наҷоти инсон ҷоннисорӣ карда истодаанд. Куҷост инсонигариву адлу инсоф?! Шумо хуб медонед, ки тарси шахсӣ ба устувории рӯҳияи солими иҷтимоӣ латма мезанад, ки пойдории давлат бар он асос мегирад, аз ин рӯ, ин роҳро пеш гирифтаед ва аз қурбоние, мардум дар ин роҳ доданаш мумкин аст, заррае парво надоред. Аммо хушбахтона, дар натиҷаи ташвиқу тарғиб ва фаҳмонидани роҳи наҷот аз ин беморӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ҳукумат ва сохторҳои он ба роҳ андохтаанд, мардум дарёфтанд, ки аз он бо риояи қоидаҳои содаи беҳдошт ва фосилагирии шахсиву иҷтимоӣ раҳо ёфтан мумкин аст. Албатта, ҳоло ҳам ин навъи фаъолиятро густариш додан зарур аст, ки мардум ҳар чи бештару хубтар аҳаммияти наҷотбахши онро фаҳмида иҷро кунанд, бинобар ин ба тамоми аҳли зиёи кишвар, махсусан ба олимону адибон, донишмандони улуми ҷомеа ва инсоншиносӣ зарур аст, ки барои пурқувват кардани рӯҳияи тавоноии мардум ба ҳар гуна мушкилот, аз ҷумла ба ин беморӣ ва ҳамчунин муқовимат бар ҳар гуна ихтилофангези байни ҷомеа ва ҳукумат фаъолияти хешро муассир намоянд. Дар ин ҳол танҳо бо ҳамкорӣ ва якдилӣ бо тамоми сохторҳои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва боварии комил ба қудрати ҳамкории худ аз ин офат бо талафоти кам раҳо шудан мумкин аст ва ҳар касе ки бар муқобили ин, ҳамчун мухолифину наҳзатиҳо амал мекунад, душмани миллат аст. Хушбахтона, мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи кишвар ин навъи фаъолият рӯз ба рӯз густариш меёбад, дар баробари сохторҳои ҳукумат, ки дар тамоми маҳалҳо барои пешгирии беморӣ фаъолият доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар паҳлуи онҳо амал мекунанд. Онҳо на танҳо барои устувории муҳити бовариву ҳамкорӣ, подории рӯҳияи солими иҷтимоӣ, балки бевосита барои таъмини бемористонҳо, табибон, беморон бо маводи зарурӣ саҳм мегузоранд ва бо ин амали худ сарҷамъии ҷомеа ва ҳамкории онро бо ҳукумати кишвар тақвият мебахшанд. Ин навъи фаъолият дар тамоми қишрҳои ҷамъият – шаҳрвандони одӣ, соҳибкорон, ҷавонон рӯз ба рӯз бештар доман паҳн мекунад, ки далели қотеъи ҳамкорӣ ва ҳамрайъии ҷомеаву ҳукумати кишвар мебошад.

   Ҳар дида, ки ибрате нагирад кӯр аст...

  Одамиро дидаи ибратбин мебояд то аз гузашта сабақ гирад. Ин нуктаро ҳамаи бузургони олам таъкид кардаанд. Ба қавли Шайх Саъдӣ “Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Дар тӯли таърих миллати тоҷик фоҷиаву мусибатҳои зиёдеро паси сар кардааст ва ҳар ки аз роҳи худшиносӣ ба гузашта муроҷиат карда бошад, дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба ҳодисаю воқеаҳои хунин мувоҷеҳ гардидани миллати моро мебинад. Яке аз саҳифаҳои хунини зиндагии мардуми мо ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум буд, ки бо айби Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт ва шоҳидони воқеа манзараҳои хунини онро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд. Он падида барои мардуми мо дарси ибрат буд. Зеро боварӣ ба ояндаи нек намонда буд. Ҳеч кас бовар надошт, ки зиндагӣ аз нав эҳё мешавад. Шоири маъруф Ашӯр Сафар бо як лаҳни навмедона ва хеле пурдарду муассир изҳори нигаронӣ карда буд:

  Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

  Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

   Шукри Худо ва талошу кӯшишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат, ки кишвари азизи мо дар радифи беҳтарин давлатҳои аз нигоҳи амният таъмини сайёра қарор гирифт. Миллионҳо бор базму тараб, ҷашну тантанаҳо доир шуд, мардум ғаму дардро фаромӯш кард ва зиндагӣ аз нав ҷӯш зад.

   Вабоеро, ки инак сайёра ва кишвари моро ҳам фаро гирифтааст, метавон мусибати дигар номид. Ин мусибат дар қиёс бо фоҷеаҳои солҳои навадум ночиз аст, зеро қаҳтиву гуруснагиро дар канор надорад. Зиндагӣ ҷараён дорад, одамон машғули коранд (албатта, бо баъзе маҳудидятҳои эҳтиётӣ), барои табобати ройгони беморон тамоми шароит фароҳам омадааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин хотири мардум ҷамъ нест, аз ҳамаи чиз истиҳола мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳатто дар ҷанозаи ҳамсояи худ намераванд, зеро ҷон ширин аст. Пас хулоса мешавад, ки ба қадру манзалати Инсон (хоҳ мурда, хоҳ зинда) пеш аз ҳама дар амнияту тинҷӣ мерасанд.

   Он ҷоҳилони қалтабони ёвагӯ, ки шабакаҳои иҷтимоиро пур аз туҳмату гапҳои подарҳаво кардаанд, як зарра андеша намекунанд, ки лоақал даъвоҳояшон мантиқ дошта бошад. Таҷлили ҷашни Наврӯзро дар Хуҷанд сабаби асосии авҷгирии беморӣ донистаанд. Шумо- хонандагони муҳтарам, худ аз рӯи мантиқ қазоват кунед, ки Пешвои муаззами миллати мо он ҷашну тантанаҳоро тариқи онлайн тамошо накардааст, балки худ иштирокчии бевосита будааст. Яъне чун ҳамеша бо мардуму дар байни мардум. Агар дар он замону макон вирус мавҷуд мебуд, пеш аз ҳама ба ҷони Президенти муҳтарами мо хатар эҷод мекард, зеро ниқобу дигар воситаҳои эҳтиётӣ надошт.

   Ё як оқипадари дигараш (маъзарат, ки номи онҳоро намедонам) тӯли барномаи яксоатаи худ дар бораи ҳавопаймое нақл мекунад, ки гӯё аз Олмон ба Душанбе парвоз карда омадаасту намояндагони давлату ҳукумат онро пинҳон медоранд. Бигузор як ҳавопаймо не, балки сад ҳавопаймо омада рафта бошад, барои шумо чӣ аҳамият дорад? Шумо кӣ ҳастед, ки бароятон маълумот пешниҳод намоянд, ки кӣ омаду кӣ рафт?

   “Инсоф об мехӯрад аз чашмасори фаҳм”- мегӯяд Мирзо Бедил. Яъне инсофу имони фарди бомаърифат комилтар аз инсофу имони шахси ҷоҳилу бесавод аст. Дар чанд барномаҳои ибтидои моҳи май пахшкардаи ин харкурраҳо дар ҳаққи Президенти муҳтарами Тоҷикистон туҳматҳои зиёде шудааст. Агар онҳо як зарра тааммулу андеша мекарданд, чунин туҳмати бемантиқро намекарданд, зеро тамоми мармдуми шарифи Тоҷикистон ва ҷаҳон медонанд ва шоҳиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон президентест, ки синаи худро дар байни оташу тир сипар карда, солҳои ҷанг гоҳ ба Афғонистон, гоҳ ба Бадахшону Рашт рафта оташи ҷангро хомӯш кард. Ӯ аз тиру тӯпи шумо натарсид, акнун аз вирус метарсад? Пас аз он ки Пешвои миллат аз муассисаҳои барои бемориҳои сироятӣ омодашуда дидан кард, рӯзи дигар навиштанд, ки Президент пайдо шуд, аммо нохост воқеиятро дар бораи шумораи гирифторони вирус ошкор кард. Аҷиб он аст, ки муддаиёни ватанфурӯши мо, аз ҷумла М.Кабирӣ даъво доранд, ки шумораи гирифторони вирус дар кишвари мо аз сад ҳазор ҳам гузаштааст, аммо масъулин онро пинҳон медоранд, шумораи фавтидагонро ҳам. Биёед андеша кунем, Худо кунад, ки шумораи гирифторону фавтидагон зиёд набошанд, агар бошанд ҳам ошкор кардани онҳо ба фоидаи кор аст? Оё ин таъсири равонӣ надорад?

   Хонандаи азиз, биёед одилона қазоват кунем. Онҳое, ки худро “мухолифин” мехонанду як эроди мантиқӣ аз фаъолияти ҳукумат гирифта наметавонанд, оё ҳуқуқи роҳнамоию маслиҳатчигӣ ва даъвои ҳукумат кардан доранд?Эроду айбҷӯиҳои онҳо ба он мақол мемонад, ки касе мегӯяд, думи саги ту каҷ аст. Солҳои навадум он муллову диндороне, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ кунанд, саводи сиёсӣ як тараф истад, саводи кофии динӣ ҳам надоштанд. Аммо Кабириву дигар пайравонаш хатмкардагони макотиби олӣ бошанд ҳам аз сиёсату давлатдорӣ фарсахҳо дуранд.

   Кирдору рафтор ва даъвову дасисаҳои мухолифинро ин ҷо мехоҳам ба таъбири Шайх Саъдӣ тавзеҳ диҳам. Дар “Гулистон”-и Саъдӣ ҳикояе омадааст, ки он ҷо аз тинати ҳасудону тирадилон ҳикоят мекунад ва порае шеър овардааст, ки чунин байт дорад:

   Гар набинад ба рӯз шабпара чашм

   Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?

   Шабпара, шабпарак, шаббоза, шабёза, шабкӯр, хаффош ҷонварест сиёҳранги шабеҳи муш: дасту пояш бо пардаи нозуке бо ҳам муттасилу ба шакли бол мебошад, ки бо он метавонад мисли парандагон парвоз кунад. Пӯзаи борик ва ду гӯши барҷаставу дандонҳои бисёр тез дорад; чашмҳояш заиф аст ва бо ин иллат дар офтоб наметавонад берун ояд. Рӯзҳоро дар торикӣ ба сар мебарад ва ҳангоми ғуруб берун меояду дар ҳаво парвоз мекунад ва ҳини парвоз ҳашаротро шикор мекунад. Ҳангоми хобидан чанголҳои худро ба ҷое банд мекунаду овезон мешавад. Дар фасли зимистон дар ҷойи торике ба хоб мераваду аввали баҳор бедор мешавад.

   Онҳое ки худро мухолифони ҳукумат меноманду аз хориҷи кишвар истода дасисаву иғво ва туҳмату дашномоҳоро ҷониби мо мефиристанд, шабеҳи ҳамин кӯршабпараконанд. Инон нуру рӯшноиро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд. Зеро тинати зулмонӣ доранд.

    Аслан мафҳуми танқид аз вожаи “нақд” аст, яъне сараро аз носара ҷудо кардан. Мушаххас кардани ҳусн (зебоӣ) ва қубҳ (зиштӣ). Агар аҳамият дода бошед, онҳое ки худро “мухолифин” муаррифӣ мекунанд, аслан дар бораи комёбию музаффариятҳои мо дар замони истиқлолият ишорае ҳам намекунанд. Гӯё тӯли ин сӣ сол мо ҳеч коре накардаем, ягон гӯшае обод нашудааст.

    Ҳоло бар вазъияти имрӯза дақиқан биандешем, ба он хулоса мерасем, ки ҷомеаи тоҷик ва махсусан ҷавонон бояд ба хубӣ дарк кунанд, ки ҳеҷ ҳукумате бар зидди мардуми худ амал намекунад, зеро бар зидди мардум амал кардан теша ба решаи худ задан аст, ки ҳеҷ солимақле ба он машғул намешавад, бинобар ин ҳамаи иғвову дасисаҳое, ки ба ном мухолифини сиёсӣ барпо мекунанд, танҳо барои ба даст овардани ғаразҳои нопокашон буда, заррае бар манфиати мардуми тоҷик нест. Аз ин рӯ, мо бояд ҳоло аз пештара ҳам зичтар гирди ҳукумати худ ҷамъ оем ва барои ҳар чи зудтар аз чанги ин офати фарогир раҳо шудан чораҳо биандешем, ки аз ҳама заруртаринашон инҳо мебошанд.

   Фардро рабти ҷамоъат раҳмат аст,

   Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.

   То тавонӣ, бо ҷамоъат ёр бош,

   Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.

    Пешвои миллат- рукне аз муқаддасоти миллӣ

   Ҳар як инсон муқаддассоте дорад ва онро гиромӣ дошта аз он ҳимоят мекунад. Аз қабили Ватан, модар, забон ва амсоли ин. Масалан, вақте як нафар модари моро ва ё зану фарзанди моро дашном медиҳад, мо омодаем, ки ӯро ҷазо диҳем, зеро ӯ пардаи номуси моро медарад.

    Як туда қалтабони аз имону номусу виҷдон  дур имрӯз даҳону ҳалқи худро дарида фақат густохӣ мекунанд.. Суханҳои носазо мегӯянд, таҳқир мекунанд. Аммо таҳқирҳои онҳо на танҳо барои сарвари кишвар, балки барои кулли мардуми мо равона шудаанд, зеро мо Пешвои миллатро арҷ мегузорем, ба ӯ бовар дорем ва ӯро роҳнамою ҳомии худ меҳисобем.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукне аз муқаддассоти миллати мо ба шумор мераванд. Дар бораи фазилатҳои ӯ ин ҷо маҷоли сухан рондан нест. Танҳо бояд зикр кард, ки ӯ маҳбуби дили ҳамагон гаштааст. Ба дили мардум роҳ ёфтан ва сазовори боварӣ гаштан кори осон нест. Ҳар як сиёсатмадор орзу мекунад, ки боварии мардумро сазовор шавад, вале наметавонад. Тӯли сад соли охир ягона сиёсатмадоре, ки ба дили мардум роҳ ёфта, мақбули онҳо гаштааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва ҳастии мо-тоҷикон, мебошад. Ҳар як тоҷики баномус омодааст, ки барои ҳифзи номусу ваҳдати миллӣ худро дар радифи сарсупурдагони Ватан қарор диҳад. Мо наметавонем муқобили армонҳои миллат қарор гирем.

   Биёед аз рӯи воқеият баҳо диҳем. Тӯли сад соли охир дар Тоҷикистон роҳбарони зиёде фаъолият кардаанд, ки ҳар кадом дар рушду нумӯи кишвари мо саҳме доштаанд Аммо ҳеч як роҳбари дигар чун Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо нагаштааст. Маҳбубияти Президенти моро бояд аз андешаву мулоҳизаҳои касоне мушаххас намоем, ки хоҳони амнияту ободии кишвари мо мебошанд. Биёед сайри кишвар кунем, бо пирону таҷрибадорон суҳбат намоем. Онҳо аз Пешвои миллати мо бо таъзиму такрим ёдоварӣ мекунанд. Масалан, модари солхурдаи ман дар ҳар як намозаш дар ҳаққи Пешвои миллат дуо мекунад, ӯро офтоби мамлакат мегӯяд. Дар чанд маъракаи дигар пирони рӯзгордида мегуфтанд, ки аз шунидани овози ҷаноби олӣ мо хурсанд мешавем, садои ӯ ба дилҳои мо фараҳ мебахшад.

    Табиист, ки як нафар роҳбар дар кадом самте, ки набошад, барои ҳамагон хуб буда наметавонад. Он роҳбаре, ки барои ҳамагон мусбию мақбул аст, аслан роҳбари хуб нест. Ин ҷо ривояте дар бораи Мавлоно Ҷомӣ ба ёдам меояд. Назди Мавлоно нафаре омада гуфт, ки фалон одам дар ҳаққи шумо суханҳои хуб гуфт, ситоишҳои зиёде кард. Аз шунидани ин хабар Мавлонои Ҷомӣ андӯҳгин шуда зор-зор гирист. Вақте сабаб пурсиданд Мавлоно гуфт, ки он одам, ки шумо мегӯед, дар бадию палидӣ шуҳрат дорад. Ӯ дар вуҷуди ман чӣ чизи баде дидааст, ки ситоиши маро мекунад?

    Аз паҳлуи дигар назар кунем дар олам ҳеч падидае бе хости Худованд зуҳур намекунад ва онҳое ки худро наҳзатию ҳомии ислом мехонанд, бояд эътироф кунанд, ки бе хости Худованд ҳатто як барг аз дарахт намеафтад. Худованди таборак ва таъоло ба ҳар кас аз рӯи дилу нияташ чизе медиҳад. Пешвои миллат ҳам бо ризоияти Худованд ба сари қудрат омадааст. Аз ин рӯ ба қавли шоир:

    Чароғеро, ки Эзад барфурӯзад,

    Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.

   Пешвои миллат ифтихори мо-тоҷикон, мебошад. Ӯ на танҳо бо сурату симои зебои худ, балки бо донишу таҷрибаи сиёсии солҳои зиёд андӯхтааш тоҷикону тоҷикистониёнро барои оламиён муаррифӣ менамояд. Аз минбарҳои баланди олам бо забони тоҷикӣ сухан мегӯяд, ҳомии забону фарҳанг ва ҳастии миллати мо мебошад. Ва ҷои ҳеч муболиға нест, ки мисли ӯ сиёсатмадори бузурги дигаре дар тамоми Тоҷикистон нест ва дар ин даҳсолаву бистсолаҳои наздик ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷики бонангу номус ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро пеши худ созад.

  Бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад- гуфтаанд бузургон. Ин рӯзҳои бад ҳам мегузаранд. Базму тарабу хурсандиҳо дар пешанд. Имрӯз моро лозим аст, ки  ҳамаи қоидаҳои беҳдошт ва фосилагирии иҷтимоиро, ки мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, бечуну чаро иҷро кунем. Махсусан қишри осебпазири ҷомеа – калонсолон, одамони касалиҳои роҳи нафас, дил, қанд  ин талаботро қотеъона риоя кунанд, зеро маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ танҳо ба хотири саломати онҳо ҷорӣ карда шудааст. Гурӯҳи дигари ҷомеа, ки фаъолияташон ба истеҳсол ва таъмини моддии мардум вобастааст, аз ҷумла кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ бо эҳтиёткории ҷиддӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошту фосилагирӣ фаъолияти худро давом медиҳанд, то ин ки ҷомеа аз роҳи рушди худ боз намонад. Аз ҷониби мо, аҳли зиё зарур аст, ки дар сангари пеш қарор дошта бошем ва ҳама дар якҷоягӣ – олимону адибон, ҷомеашиносону инсоншиносон, файласуфону ҳуқуқшиносон моҳияти тадбирҳои ҳукуматро, ки барои ғолиб баромадан ба ин офат ба кор андохта мешаванд, ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб намуда, барои афзудани қувваи муқовимати рӯҳии мардум ба ин беморӣ хидмат кунем. Мо дар ин чанд моҳе, ки инсоният бо ин вируси фарогир мубориза дорад, дидем, ки маҳз ҳамон кишварҳое, ки муттафиқона бо давлату ҳукуматашон якҷоя амал карданд, бо талафоти камтар аз он раҳо шуданд. Халқи шарифи тоҷик бо амри тақдир рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар карда, аз имтиҳонҳои сангини таърих ҳамроҳи давлату ҳукуматаш солиму сарбаланд бурун омада буд. Бинобар он, мо  бовари комил дорем, ки дар ин мубориза ҳам ақлу хирад, ҳамбастагиву ҳамрайъии мардуми шарифи тоҷик бо сиёсати давлату ҳукумат пирӯз хоҳад шуд ва мо бо талафоти камтар аз ин офат бурун хоҳем омад, зеро ҳамаи амалу нияти мо барои ҳифзи ҳаёт – ҳаёти инсон– гаронбаҳотарин арзиши ҳастӣ мебошад.

 

Боймурод ШАРИФЗОДА - директори Институти

забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ