Чашму гӯши фарзандон бошед!

 

      20-сол муқаддам рӯзҳое буданд, ки мардуми соҳибватани мо дар ватани худ, дар хонаҳои хеш ҳатто амну осуда намезистанд. Ҳама беќарор ва дар воҳима будем. Ташаккур мегӯем ба сарвару роҳбару раҳнамои ин миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки замоне аз даҳҳо минбарҳои хурду бузург, аз сари чандин мизу гуфтушунидҳо бо чунин дилсӯзиву қотеъият масъалаи зарурияти ҳифзи ягонаи Тоҷикистон ва аз парешонӣ нигаҳ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандашавӣ наҷот дод.

         Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна мушкилиҳои муҳими иxтимолӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иќтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст боварӣ ва эҳтироми хоса дорад ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

         Дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу созмонҳои ифротӣ реша давонда мехоҳанд амнияту суботи кишвари азизамонро, ки бо хунрезӣ ва ҷоннисориҳои  ҳазорон нафар фарзандони содиқи ватан насиби мо гаштааст аз нав бо ҳар роҳе, ки набошад халалдор созанд. 

  Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи насли калонсоли ҷомеаи ҷањонӣ гардидааст. Воқеан яке аз падида ва ҳаракатҳои номатлубу ифротие, ки дар заминаи эътиқодҳои диниву мазҳабӣ амал мекунад, экстремизм маҳсуб мегардад, ки он имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳо пеш аз ҳама мусоидати аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти дилхоҳ кишварро дар пай дорад.  Дар ҳамин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолае, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид бори дигар мардуми кишварро огоҳ ва таъкид сохт, ки ба тероризм бозӣ кардан нашояд. 

            Омилҳое, ки ҷавононро, ба хусус ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои  ифротгароӣ гирифтор месозанд зиёд ва бешуморанд, ки дар ин хусус рӯзнома ва маҷалаҳои даврӣ пайваста менависанд ва дастурҳои муфид пешниҳод менамоянд. Барои он, ки фарзандони дониши мукамал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаи мо ба доми ҳиллаву найранги ин гуна ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ гирифтор нагарданд мо бояд ҳар лаҳза чашму гӯш ва ақлу ҳуши фарзандони худ бошем. Зеро «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мебояд» гуфтаанд. Чунин ҷавононе тарбия намоем, ки тақдири худ ва тақдири ояндаи ҷомеаро ба даст гирифта, фаъолияташонро дар соҳаҳои муайяни ҷамъиятӣ пеш баранд ва ҳамзамон бурда тавонанд. Тарғиби ваҳдат ва таҳкими сулҳу амонӣ имрӯз яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад. Ҷавононро чунон тарбия бояд кард, ки онҳо дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, аз тафаккури дастнигар дурӣ ҷуста, ба тафаккури созанда рӯ оваранд. Ба қувва ва неруи худ боварӣ ҳосил намоянд.

 

         Корманди МДРИ-ҳои назди раёсати маориф               Ойев Т