Дар  бораи  зиёратгоҳи деҳаи  Зимчуруди  ноҳияи  Варзоб

        Зиёратгоҳи деҳаи Зимчуруд дар байни амирзодагони аҳли дарбори Бухорои  Шариф чашмаи муқаддаси «Оби раҳмат»-и ин ҷо мақом ва маъруфияти волотаре  дорад. Зиёратгоҳ дар деҳаи Зимчуруд, Ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи, ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад.

        Мувофиқи ривояти пирони солори деҳа, дар садсолаҳои гузашта  ананане будааст, ки ҳанӯз аз фасли баҳор сар карда, ба деҳаи кӯчаки  Зимчуруд аз пойтахти кишвар – шаҳри Бухоро ва аз Самарқанди бостонӣ  шахсони махсуси масъуле зарфҳои обгирии нуқрагин оварда ба масъулони  зиёратгоҳи чашмаи муқаддаси «Оби раҳмат», ки аслан аз шаҷараи Бобои  Халифаи Валӣ будаанд, ки эшон бо фарорасии фасли баҳор ва зуҳури  чашмаи муқаддаси «Оби раҳмат» он зарфҳои дар наздашон амонатбударо аз  оби муқаддаси ин чашмаи биҳиштӣ пур карда, даҳони зарфҳоро мӯҳру  сурғуч бизананд ва ба корвон таҳвил бидиҳанд. То корвон он неъмати  биҳиштиро ба асилзодагони дарбор бибарад, ва шоҳзодагон ин оби  муқаддасро нӯши ҷон кунанд ва то баҳори дигар дар паноҳи офият ва раҳмати илоҳӣ қарор бигиранд.

         Чашмаи муқаддаси «Оби  Раҳмат», ки аз мӯҷизаи гузаштагон ва обою ниёгони Бобои Халифаӣ Валӣ маҳсуб мегардад, ҳар баҳор дар наздикиҳои  иди  «Наврӯз»  зуҳур  карда, базан  солҳо  як  ҳафта  ва  базан  солҳои  дигар  ба  мӯҳлати  ду  ҳафта  ҷорӣ  шуда,  баъдан  дубора  хушк  мегардад. Оби ин чашмаро  мардуми деҳа муқаддас  медонанд. Онро  аввал  зиёрат  карда,  баъд  менӯшанд. Бо  ин  об  барои  саодатманд  гардиданд  ва  аз  маризиҳо шифои  комил  ёфтан,  дасту рӯйро шустан ананаи аҷибе ҳаст, аммо бо ин об шустани пой, таҳорат кардан, ғусл кардан, онро ҷушонида чой кардан  ва  ҳамчунин  изофаи  он  обро  аз  косае,  ки нӯшидаанд  ба  зери  пой  андохтан  мамнуст!

         Дар бораи  мӯҷизаҳои ба ин зиёратгоҳ нисбат дошта ривоёти зиёде мавҷуд ҳастанд, ки яке аз онҳо чунин аст…  дар аҳди қадим як марди чӯпони  танҳое рамаи гӯсфандонашро барои  шабгузаронӣ  ба назди чашмаи «Оби  Раҳмат» меорад.  Фасли  баҳор  буд,  вале  ҳанӯз  оби  чашма  дар мавсими  он  сола  зуҳур  накарда  буд.  Чӯпон, ки таҳҷоӣ  набуд  ва  марди  ғарибе  буд, дар бораи он, ки дар ҳамин наздикиҳо ҳамчунин як зиёратгоҳе вуҷуд дорад, хабар надошт.

        Шабона борони сахт  ва  жола борида сели ниҳоят  сахте  меояд.  Рӯди Зимчуруд,  ки  аз  наздики  он  маҳал  ҷорӣ  шуда  мегузашт,  дар  як  лаҳза  аз  лоиқаву селу санг лабрез шуда, як фазои ваҳшатовареро ба миён меорад.   

        Баногоҳ  дар як лаҳзаи мӯҷизаофарине якбора борон ва раъду барқ қатъ гардида, абрҳои осмон пароканда шуда, моҳтоб бо нурҳои нуқрагинаш ҳама ҷоро  рӯшан месозад. Вале ҳанӯз рудхона сангҳоро ба санг мезад ва ҳамчунон сели бадҳайбате ҷорӣ буд.

        Ҳамзамон бо  нахустин  лаҳзаҳои  даридани  пардаи  субҳ,  аз   дохили  сӯрохие,  ки  сарчашмаи  «Оби  Раҳмат»  буд,  як  хурӯси  сап-сафеде  аз  зери  замин  берун  ҷаста,  се  дафъа  фарёд  зада,  дубора  ба  ҳамон  сӯрохии  замин  даромада  нопадид  мегардад.  Баъди  чанд  лаҳза  аз  ҳамон  сӯрохи  як  мори  хеле  азими сап-сафед  хазида  берун  омада,  якчанд  қадам  роҳро  тай  мекунад  ва  ин  ҳам  дубора  баргашта  ба  ҳамон  сӯрохи  ворид  мегардад.  Чӯпон  аз  ғояти  тарс  беҳаракат  гашта  бо  тамоми  таваҷҷӯҳ  ба  ҳамон  нуқта  назар  медӯзад.  Ногоҳ  боз  аз  ҳамон  ҷо  як  садое  шабеҳ  ба  садои  ҷӯйбор  ба  гӯш  мерасад  ва  фаввораи  об  намоён  мегардад.

      Дар ин лаҳза аллакай субҳ дамида буд ва мавҷи селоби руд низ ором гашта буд. Ин лаҳза зуҳури чашмаи муқаддаси «Оби Раҳмат» буд, ки тибқи ривоёти  гузаштагон  танҳо  шахсони  баргузида   метавонанд  он  манзарро  бо  чашми  инсонӣ  бубинанд.

Бояд қайд намуд, ки то ба имрӯз бо макони муқаддасро аз нигоҳи илмӣ таҳқиқот набурдаанд ва то ҳол танҳо ривоятҳо вирди забони мардум боқи мондааст.

Бо гузашти солҳо дар назди он чашма дарахти тут шинонда нигоҳубин мекунанд, ва он манзара то ҳол зебои худро гум накардааст.