ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

       Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ватанамон Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
       Бахшида ба ин санаи муборак 23-юми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар ва муовини Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Раҷабализода Қандил Раҷабалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
       Дар чорабинии мазкур муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Сипарони Ватан" дар ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.
       Сараввал дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳия муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи хушманзараи Варзоб ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон мувафаққияту комёбиҳои шоиста орзу намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам ҳамчун рамзи озодию Истиқлол ва саодати миллӣ буд. Дирафши Ковиён нахуст Парчами ориёнтаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медод. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери Парчам бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.
       Баъдан иброз доштанд, ки инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзу ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.
       Ҳамзамон бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 19-уми ноябри соли 2020, № 623 дар бораи сарфароз гардонидан бо "Диплом", "Сипоснома" ва "Ифтихорнома"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади иҷрои банди 34-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2019, № АП-1176 "Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба тавсиб расида, як қатор кормандони касбу кори гуногун сарфароз гардонида шуданд. 
 
       Ҳаминтавр Ҷамоати деҳоти беҳтарин:
       Ҷойи аввал-Ҷамоати деҳоти Лучоб, ҷойи дуюм-Ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ ва Деҳмалик, ҷойи сеюм-Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.
 
       Деҳаи беҳтарин:
       Ҷойи аввал-мавзеи Девдараи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, ҷойи дуюм-деҳаи Ҷангалаки Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ҷойи сеюм-деҳаи Такоби Ҷамоати деҳоти Деҳмалик.
 
       Кӯчаи беҳтарин:
       Кӯчаи Лоиқ Шералии Ҷамоати шаҳраки Такоб
 
       Оилаи беҳтарин:
       Ҷойи аввал-оилаи Оев Суҳроб аз Ҷамоати деҳоти Лучоб, ҷойи дуюм-оилаи Ашӯров Абдураҳим аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ҷойи сеюм-оилаи Зоиров Изатулло аз Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа.
       Боиси ифтихори сокинони ноҳияи Варзоб аст, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар жанри академии "Номинатсияи сароянда" сокини деҳаи Кондараи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа Икром Шарипов бо сазовор гардидани ҷои 3-юм бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ноил гардид, ки ин туҳфаи арзандаест дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
       Ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба Икром Шарипов мукофоти ҳавасмангардонии пулӣ, сипоснома ва туфаи хотиравӣ тақдим гардид.
       Инчунин, иштирокчиёни фаъол дар давраи дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" Раҳимзода Меҳроҷиддин, Раҳимзода Бузургмеҳр, Мансурова Меҳрона, Расулов Қурбоналӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд.
       Бо мақсади дастгирию қадршиносӣ барои ҳамкориҳои судманд баҳри амалӣ намудани нақшаҳои муштарак доир ба тарбияи афсарону сарбозони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва содиқ будан ба савганди ҳарбӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо "Ифтихорнома"-и Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Рауфзода Суҳроб ба якқатор сокинони ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд.
       Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо "Сипоснома"-и мақомоти иҷроия аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Сипарони Ватан" дар ноҳияи Варзоб мукофотонида шуданд.
       Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз ҷониби сокинони ноҳия иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ чорабинии рангини фарҳангӣ доир гардид.
 
Бо эҳтиром,
Олимзода Орифҷон Олим
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон
"Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб