Печать
Диданд: 91

Дар арафаи ҷашну маъракаҳои давлатию миллӣ аёдати беморон ва шахсони куҳансолу барҷомонда, инчунин хабар гирифтан аз вазъи ҳоли ятимону бепарасторон ва қишри осебпазири ҷомеа  ба ҳукми анъана даромадааст. Фаъолият дар ин раванд дастгирӣ ва пуштибонӣ аз ташаббусҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,он давоми сол аз тарафи мақомоти дахлдор вобаста ба баргузории чорабиниҳо роҳандозӣ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб дар ҳамин асос дар арафаи Соли нави мелодӣ  аз вазъи буду боши табақаҳои осебпазир ва куҳансолон, беморон ва ятимону бепарасторон дидан намуда, ба онҳо кумаки яквақтаина ва туҳфаҳои солинавӣ супурд.

Рӯзи 30-юми декабр Шерализода Муҳамадулло Умар-раиси ноҳияи Варзоб аз хона-интернати ҷамоати Лучоб дидан намуда, бо бошандагони ин муассиса суҳбати самимӣ орост. Бояд зикр кард , ки дар ин хона-интернат 46 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 16 нафарашон ятими кулл, 30 нафарашон нимятим аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Ба онҳо аз тарафи М.У. Шерализода зиёфати солинавӣ ва аз номи Президенти мамлакат сару либоси зимистона ва попӯшиҳои гармгир туҳфа карда шуд.

Ҳамчунин, ба иштирокчиён дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии дилнишин намоиш дода шуд.

 

                 Туҳфа ба маркази тавонбахшии “Чорбоғ”

Рузи 31-уми декабр Қосимзода Моҳтоб – муовини раиси ноҳияи Варзоб ба Муассисаи давлатии Маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” рафта,истиқоматкунандагони ин муассисаро ба Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои аз ҷониби мақомот омоданамударо аз номи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурд. Дар ин ҷо низ аз тарафи кормандони муассиса ва бахши фарҳанги ноҳия барномаи бадеӣ  намоиш дода шуд.