Ҷавонону наврасони имрузаи мо воқеан як насли хушбахту комроне хастанд, ки барояшон баҳри расидан ба қуллаҳои баланди орзуҳо ягон монае вуҷуд надорад. Ҳар он касе, ки аз чунин Ватани осудаву обод ва ру ба тараққиёт заррае норозиги баён мекунад, чунин шахсро носипос ва намакношинос гуфтан ҷоиз аст. Зеро тақдири ҷавонону наврасони мамлакатҳои ҷангзада ва рузгори талхи мардуми он сарзаминҳое, ки амалҳои террористию экстремистӣ дар он ҷойҳо кариб ҳар руз рух медиҳанд, пеши назар оварда, бояд шукронаи ин мулки биҳиштосои худро намуд.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонии бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани карорҳо мебошад.

Рисолати омузгорон аст, ки дар қалби ҷавонону наврасон эҳсоси гарми ватандустӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, муҳаббат ба арзишҳои муқаддаси милливу умумибашарӣ тарбия намуда, қалби онҳоро аз андешаҳои неку созанда пур намоем, то онҳо ягон зарра холигие барои андешаву афкори ғаразнок боқӣ намонад. Тавассути дарсҳои тарбиявӣ ва ташкили ҳар гуна чорабиниву маҳфилҳо, вохуриву шабнишиниҳо бо шахсони рузгордида ва чеҳраҳои шинохта мо омузгорон метавонем, шогирдони худро аз оқибатҳои фоҷиабори амалҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намоем ва дар ин замина дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Барномаи давлатии «Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм» ҳиссагузор бошем. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандустӣ, инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси милливу умумибашарӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон буда, ба ин васила огоҳонидани онҳо аз окибатҳои фалокатбори падидаҳое чун экстремизм ва терроризм мебошад. Таъкид намоем, ки шогирдон айёми наврасиву ҷавонии худро бояд сарфи илму донишомузӣ намуда, кушиш кунанд, ки аз амалҳои ношоиста, ки сарчашмаи амалҳои экстремистиву террористӣ, дар фазои холӣ, дар майнаи сари аз саводу ақлу дониш холӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин ру бояд онҳо пайваста дониш омузанд ва беҳтарин лаҳзаҳои умри хешро сарфи корҳои беҳуда накунанд.

 

Тағоев Саидмумин

директории МТМУ №5 ш.Такоб