Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи имрӯза гуруҳҳои экстремизм ва тероризм дар ҷаҳони муосир мебошад, ки мисли вабои аср паҳн шудааст. Мутаасифона ба ин гурӯҳҳо бештар наврасону ҷавонон шомил мешаванд, ки ин боиси нигаронист. Шомил шудан ба ин гурӯҳҳо аз ҷаҳонбинии танг ва маърифати пасти ҷавонони имрӯза дарак медиҳад. Имрӯзҳо сафи он касоне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд кам нестанд, барои ин гуна касон худхоҳиву манфиатҳояшон ба ҳар қиммате, ки набошад ниҳоят зарур аст.

Оқибати роҳи интихобкардаи худро намедонанд, ки чи гуна пушаймонӣ ба бор меорад.  Худро бехонумон гардонида зану, фарзандон ва волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа ҷамъият вайрону наздикон парешон ва омилҳо бесаробону саргардон мешаванд.

  Шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо метавонад дар оянда пояи зеҳнӣ‑ақлонӣ ва касбии ҷомеаро хароб созад. Бинобар ин ҳамаи мо ҷавононро месозад, ки шукронаи ана ҳамин давлати соҳибистиқлолу, фазои тозаву озоди ватанамон кунем. Коре накунем, ки  нооромиву бесомоние, ки ба сари мардуми Ироқу Сурия омадааст ба сари мо низ биёяд ва боиси пушаймонии мо гардад.

Қисми зиёди сокинони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҷавонон бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ба хусус босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъол. Чунки посдорандаи миллату давлат ин ҷавонон мебошанд. Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон шиори “Ҷавонон ояндаи миллат”‑ро дар маркази сухан қарор дода соли 2017‑ро соли ҷавонон эълон кардаанд, ки ин боз ҳам рӯҳияи мо ҷавононро баланд бардошта, барои пос доштани арзишҳои миллӣ ҳисси моро бедор мекунад.  

Дар тамоми ҷомеаи ҷаҳони имрӯза диққати махсусро бештар ба ҷавонон равона месозад. Аз ҳамин лиҳоз мо ҷавононро месазад, ки каме ҳам бошад барои миллату давлати худ саҳми худро гузошта, барои амнияти он бетараф набошем ва ватанамонро дӯст дошта ҳамеша дар роҳи шукуфоии он бошем.

 Олимова Хосият хонандаи МТМУ№41-и ноҳияи Варзоб.