Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад. Бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Муборизаи экстримизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун, мубориза барои дин муаррифӣ набояд кард.

 

     Имрӯзҳо  дар як қатор давлатҳо аз ҷумла Сурия, Ироқ, Украина ҷангҳо боиси гурўснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳазорҳо нафар кушта мешаванд, хуни ноҳақ мерезад. Мардум даҳштзада шудаанд. Ҷойи таассуф аст, ки ба ин даргириҳо аз ҷониби созмони ифротӣ ба номи “Давлати ислом” шаҳрвандони кишварҳои дигар аз Аврупо, Африқо, инчунин Осиёи Марказӣ ҷалб мешаванд. Ҳамагон бояд донанд, ки Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ покизагӣ ва фарогири тамоми мусалмонон аст. Президенти кишварамон ҳамеша аз ислом дифоъ мекунанд ва дар ҳар суҳбат мегўянд, ки илмомўзӣ афзал аст. Илм нур бар ҷаҳл ва зулмот аст. Бе илм одам гумроҳ аст. Пас аз ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мутаассифона, ҷавонони бисёре ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Аксаран ҷавонони мо аз ин ҷо бо андешаҳои солим ба хориҷа барои дарёфти қути лоямут мераванд. Аммо мисолҳое ҳам ҳастанд, ки бархе аз ҷавонон фирефтаи гурўҳҳои ифротгаро шуда, ба онҳо мепайвандад. Аз Русия ба Туркия аз он ҷо ба Сурияву Ироқ ва Покистон роҳ меёбанд. Бечора падару модар аз куҷо донад, ки фарзандонашон куҷост? Бархе аз ҷавононро чунон маҷбур мекунанд, ки дигар волидайнро фаромўш мекунанд. Ин гурўҳҳои террористӣ экстримистӣ худро мусалмон шумурда, кўдакон ва шахсони бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Мақсади аслии онҳо бадном сохтани дини мубини Ислом дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

       Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон қайд мекунанд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд, ояндаи Тоҷикистон низ дар дасти ҷавонон аст. Мо бояд сараввал ватани худро  дўст дорем, бомасъулият бошем, то ки ҳар гуна гурўҳҳои ифротгаро ба тафаккури мо ва ҳамватанони мо  таъсир расонида натавонанд.