Бехуда нагуфтаанд, ки:

 Аз шукр шакар зиёда гардад,

Ношукр зи хар пиёда гардад.

 Бале. Мусаллам аст, ки хар як фарди худогоху Ватандуст аз ходисахои солхои 90-уми асри гузашта ёд дорад. Албатта, мо шохиди онем, ки ношукрон чи гуна ба вартаи гумрохи дучор шуда истодаанд. Пушида нест, ки дар хаёт ва хатто дар сиёсату давлатдори борхо шахсони шукргузорро дидаем, ки ба мартабахои баланд расида, дар байни омма сохибэхтиром гардидаанд баръакси хол нафаронеро хам медонем, ки аз ношукри ба кадом азобу машаккатхо дучор омаданд.

Аз фикр дур нарафта мисоли оддиеро бароятон меорам, ки солхои 90-уми асри гузашта баъди ба даст овардани истиклолияти милли як гурух, ки такрибан 30-40 фоизи ахоли чамхуриро ташкил медод, ба фиребу найрангхои мансабталошон гирифтор шуда аз дастуру супоришхо ва тавсияхои рохбарони онвактаи чумхури сарпечи карда, хар як ба худ ва бо гуруххои худ хизбу харакатхои сиёси таъсис дода, накшаи таксимоти худуди чумхуриро тархрези намуда буданд.

Бехабар аз он ки гуш надодан ба суханхои пиронсолон ва бузургон окибати хуб надорад. Акнун бубинед, ки ношукрии ин гурух раъятро ба чи хол гирифтор карда буд.

Чумхуриро ба харобазор табдил дода, садхо чавонон чони худро аз даст дода, модари точикро дар бадар ва бузургони ин миллатро талбанрдаю хору зор, наврасони миллатро бедину дониш ва духтарони точикро….. кариб буд, ки ин миллати бузург ва мехрофару созанда, точбарсару Соми Наримонро ба халокат дучор намоянд.

Дар такдири ин миллат, ин халк ва ин чавонону наврасон, бахусус модарони гирёну нолон, олудаи хоку хун, ки дар дил ва калбаш барои эхёи ин миллат бовари дошт фарзанди фарзонаи миллат, ватанро, миллатро, халкро, бузургони ин диёрро модарони ба чону дил баробару захматкашу озордидаро аз ин азобу укубат чи гуна рахо кард хамаи мову шумо шохид хастем.

Ношукрии дигаре, ки мохи сентябри соли 2015 пеши чашми мо гузашт, бояд фаромуш накунем. Пеш аз хама мо бояд инро донем, ки хиёнат ба модар, Ватан, обу хоки кишвар, хизматхои Сарвар, хиёнат ба хохару бародарро дар ягон дину мазхаб ва хатто бединон харгиз намебахшанд. Ин гуна хиёнаткор ба бадтарин чазои руизамини ва бадтарин чазои охират гирифтор аст. Максад аз ин суханхо казияе, ки бо рохбарии Мухиддин Кабири ва Назарзода А.М.-собик генерали артиш дар тирамохи соли 2015 буд.

Хонандаи гироми!. Хар як фарди мусалмон пас аз хоб хестан, дар сари як дастурхон бо хамрохии ахлу байташ нишаста, пас аз ноништа шукргузори аз нозу неъмат ва тинчию амони мекунад. Аммо, ин генерали хиёнаткор, ки дар никоби генерали артиш дар макоми баланди харби гуё адои вазифа мекард, аз ин неъматхои бузурги Худованд ато карда, ношукри кард. Мехост боз хам барои худ ва рохбаронаш манфиати бештар пайдо кунад. Аммо….

Албатта мо аз достонхо медонем, ки дунё бо ду кувваи бузург, яъне кувваи Суруши некукор ва кувваи бади-ин кувваи ахримани то вакте, ки дунё хаст ин ду кувва бо хам мубориза мебаранд. Кадом халку миллате, ки ба кувваи неки такя карда, ба суханони Пешвои худ гуш диханд, бузургони миллаташро эътироф менамояд, хурдсолон ба гапи калонсолон гуш медиханд ва эътирофашон менамоянд, ояндаи ин халку миллат равшан аст. Нафаре, ки барои Чолу чалол, пулу мол, давлату сарват аз бузургон ва боаклони миллати хеш дури мечуянд ва калонсолонро гуш намедиханду такя ба кувваи ахримани мекунанд, насибашон ба Заххоки бадкирдор мерасад ва окибат нохушиеро дар пеш доранд ва на танхо худ ва ахли байти худро, балки он нафароне, ки ба онхо гуш медиханд ба нести ва цазаби халк гирифтор менамоянд.

Чуноне, ки мо дар болотар кайд кардем барои ин гуна шахсон миллат, модар, Ватан, Пешвоо миллат, бузургону номдорони миллат, хохару бародар ба фулусе арзанда нест.

Имруз, ки давраи гузариш ва «глоболизатсия» рафта истодааст, мо чавононро дар омузиши илму техника пешрафти технолгогия, нанотехнология, забондониву чахонбини хидоят намоем. Мо бояд хар як вачаб марзу буми Ватани худро хифз намоем. Нагузорем, ки Ватани мо ба дасти душман афтад.

Аз расонахои хабари ба тамоми халки точик маълум аст, ки бо хучумхои мусаллахонаи гуруххои эътилоф имрузхо гурухи террористии «Давлати исломї» мархила ба мархила тарики хоки Афцонистон ба марзи Точикистон наздик шуда истодаанд. Аммо, марзи моро ки химоя мекунад. Кани он чавонони бо нангу номуси точик, ки имрузхо аз сафи артиши милли сарпечи мекунанд. Рохи мухочиратро гирифта, аз химояи Ватани худ мегурезанд. Агар шахс аз химояи Ватани худ ру ба гурез нихад, пас ин гуна чавон модару хохари худро низ химоя карда наметавонад.

Имрузхо ташкилоти экстремистии ХНИ аз камбизоатии ахоли, ба мухочират сафар кардани чавонон гила карда, Рохбарияти Олии Точикистонро гунахгкор мехисбоад. Аммо худи ХНИ ва рохбарони хиёнаткору лагандбардори давлатхои хоричи як бор андеша намекунанд, ки холо Точикистони сохибистиколои мо чавон аст. Дар ин муддати кутох чи кадар ба пешравихо ноил гаштем ва гашта истодаем. Хамаи пешрави ва ба даст овардани натичахо аз мехнати халол ва софдилона вобастаги дорад. Агар имрузхо тамоми мардуми Точикистон ба мисли Шумо нахзатиён камбудиву норасогихои халкро чустучу кунад, пас ки ба мехнат машцул мегардад. Чи тарве, ки дар урфият мегуянд «Ту амир, ман амир, хари моро ки мебаста бошад»

Аз ин лихоз мо бояд хушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бахри химояи Ватан ва ободии кишвари худ кушиш намоем.