Печать
Диданд: 347

 

Таърих инсониятро на як бору ду бор ба бархӯрдҳои ақидавию фикрӣ рӯ ба рӯ гузоштааст, ки ҳар кадоми онҳо аз талоши кишварҳои абарқудрат барои даст ёфтан ба манфиатҳои бештари геополитикӣ маншаъ мегиранд. Ғолибан аксари чунин баҳсҳои тӯлонии ақидатӣ оқибат бо ноамниҳо дар ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ва ҳалокати ҳазорҳо шаҳрванди одии ин кишварҳо анҷом мепазиранд, ки аз ноогоҳии худ думболи ин ё он гурӯҳи манфиатҷӯ мераванд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки одатан аз гирдоби чунин муқовиматҳо танҳо афроди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст берун шуда, аз манфиатҳои миллии хеш ҳимоя карда тавонистаанд. Вале, халқу миллатҳоеро медонем, ки дар ин бархӯрдҳо иттиҳоду ҳамбастагиро аз даст дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро авлотар донистаанд. Онҳо бо ин амалашон ба парокандагиву нобудӣ расида, на танҳо урфу одат ва расму ойини аҷдодӣ, балки миллату забони хешро ба ҳадди нестӣ расондаанд. Мутаассифона, мо тоҷикон низ сарфи назар аз гузаштаи бойи фарҳангӣ чунин зарбаҳои талхи таърихро борҳо дар ҷисму ҷони хеш санҷидаву дар танӯри гарми ин бозиҳои геополитикӣ пухта расида бошем ҳам, вале то ҳол аз онҳо сабақи зарурӣ набардоштаем. Инак, баъди ҳазор сол боз бо талошу ҷонбозиҳои садҳо нафар фарзандони сарсупурда дубора соҳиби давлати соҳибихтиёр гаштем ва дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мебояд ҳар кадом аз худ бипурсем, ки мо кӣ будем, кӣ шудем ва ба куҷо равонаем. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ мардуми оламро ба як имтиҳони нави боз ҳам ҷиддитар ворид сохта, кишварҳои гуногунро барои ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ба баҳсҳои ақидатӣ кашидааст. Дар чунин шароит мо ба кӣ ва чӣ бояд такя кунем? Аз таърихи бой, вале пурфоҷиаи хеш чӣ сабақ бардорем? Зери кадом ғоя мардуми кишварро ба ояндаи нек роҳбаладӣ намоем? Ин ва дигар саволҳо аз мо - соҳибони ин марзу буми аҷдодӣ ҷавобҳои мушаххас мехоҳанд. Киҳо Синоро кофир хонданд? Ҷои баҳс нест, ки тоҷикон чун миллати бумӣ дар Осиёи Марказӣ таърихи бесобиқае доранд. Ҳам давлатдориро дидаанду ҳам шикасту рехти онро. Садҳо фарзандони диловар барои дар арсаи сиёсӣ боқӣ мондани ному нишони ин миллати куҳанбунёд умри худро сарфи ҷонбозиҳо намуда, зумрае ҳатто ҳаёти худро нисори ин роҳи пуршараф сохтаанд. Бо вуҷуди ин, таърихи гузашта ба мо боз ҳақиқати дигари талхеро бозгӯӣ мекунад, ки то ҳол аз он сабақи дурусте набардоштаем. Тибқи таҳлили воқеаҳои таърихӣ дар тамоми давраҳои ҳассоси тақдирсоз гузаштагони мо манфиатҳои миллии худро бо ақидаҳои диниашон омезиш дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда худро ба муқовиматҳои шадиди мазҳабӣ, ки ҳеҷ асосу бунёди миллӣ ва зарурат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ надоштанд, ворид сохтаанд. Оқибати ин кашмакашҳо бошад, давра ба давра танг гаштани таъсиру нуфузи давлатҳои собиқи тоҷикнишин ва сар даровардани мардуми бегона ба ин сарзамин боис гаштаанд. Ҷои таассуф аст, ки қариб дар ҳамаи марҳалаҳои тақдирсоз мардумони одӣ бо таъсири хурофотпарастон сухани равшани аҳли хирадро нодида гирифта, баръакс бар зидди онҳо қиём намудаанд. Ҳатто дар айни авҷу камоли салтанати Сомониён ин тамоюли манфӣ рӯи кор буд. Аз ҷумла, мутаассибони дин танҳо ба хотири он ки Абуалӣ ибни Сино илмро аз равишҳои абстрактӣ (мавҳумӣ) берун оварда, қариб дар тамоми навъи улум кашфиёти оламшумулеро анҷом дода буд, кофир эълон намуда, борҳо мавриди шиканҷаву озор қарор додаанд. Худи аллома ин нуктаро хеле возеҳ тасвир намуда, мегӯяд: Куфри чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир, Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад. Ҳол он ки дар ҳафтсад соли баъдӣ машҳуртарин мактабҳои олии тибби ғарб «Алқонун»-и Синоро ҳамчун ягона маводи илмию таълимӣ истифода намуда, тавассути он тибби тараққикардаи муосири худро ба майдон баровардаанд. Аз таассубҳои мазҳабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав, Ҳилолӣ барин бузургони илму хирадамон низ кам озор надидаанд ва, мутаассифона, садои дардолуди онҳо вобаста ба пешгирӣ аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва заҳри хурофоту гурӯҳбозиҳо шунида намешуд. Аҳмади Дониш чӣ тавр «душмани дину диёнат» шуд Нимаи дуюми асри 19 донишманди маорифпарвар Аҳмади Дониш се маротиба ба пойтахти имперотурии Русия - шаҳри Санкт - Петербург сафар намудааст. Ӯ пешрафти илму фарҳангро дар ин кишвар бо чашми худ дида, аз қафомонии асримиёнагии Аморати Бухоро дар шигифт меафтад. Баъди бозгашт аз Русия хост, ки дар номае аз амир тағйири усули давлатдорӣ ва роҳҳои баромадан аз бунбасти сиёсиро пешниҳод намояд, вале мутаассибони мазҳабӣ садди ҷиддии ин иқдоми аллома гардида, тавонистанд, ки дар назди давлатдорон ӯро сиёҳ ва «душмани дину диёнат» эълон доранд. Бо ғалабаи инқилоби октябрии рус дар соли 1917 агар миллатҳои дигар барои ташкили давлатҳои миллии худ талош варзида бошанд, тоҷикон ба равшанфикрони худ тамғаи «ҷадидӣ» - ро часпонда, онҳоро аз имконияти иштирок дар ҳалли масъалаҳои миллӣ маҳрум сохтанд. Ва ниҳоят дар охири садаи гузашта, ки баъди пошхӯрии империяи шӯравӣ имконияти ташкили давлати навини тоҷикон рӯи даст буд, боз ҳам зиддиятҳои мазҳабӣ ин миллати куҳанбунёдро ба ду сангар ҷудо намуд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Хайрият, талошу ҷонбозиҳои ҷавонмардони асил ин миллати куҳанбунёдро боз ба ҳам оварду хавфи ҷиддии аз байн рафтани давлати тозабунёд пешгирӣ карда шуд. Муқовиматҳои динӣ танҳо хоси мусулмонҳо нест Зимнан, зиддиятҳои мазҳабӣ танҳо хоси давлатҳои мусулмонӣ нест. Аз таърих маълум аст, ки муқовиматҳои мазҳабӣ дар асрҳои 12-14 сокинони давлатҳои имрӯз неруманди - Фаронса, Англия, Олмон, Испания, Италия ва ғайраро низ ба даҳшатҳои гӯшношунид рӯбарӯ сохта буданд. Ҳарчанд қисме аз муаррихон то ҳол «ҷангҳои салибӣ» - ро бар зидди шарқи мусулмонӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ислом нишон доданӣ мешаванд, вале аз ин набардҳои мазҳабӣ мардумони одии русу кишварҳои назди Балтика, Фину Испания, Фаронса ва империяи Византияи собиқ низ камтар азият надидаанд. Зеро ҷамъбасти ин юришҳо ба муборизаи беамони мазҳабии байни равияҳои гуногуни дини насронӣ табдил ёфта, миллионҳо нафари бегуноҳ қурбони дасисаю фиреби хурофотпарастони насронӣ гашта буданд. Ҳатто дар юриши салибии соли 1212 «падарони рӯҳонӣ» беш аз 30 ҳазор кӯдаки фаронсавию олмониро ба «ҷанги муқаддас» равон карданд, ки аксари онҳо ё ба ҳалокат расиданд, ё ҳамчун ғулом дар бозорҳои дигар давлатҳо ба савдо рафтанд. Баъди чунин юришҳои бемаънӣ, ки даҳсолаҳо идома доштанду кишварҳои ғарбӣ манфиате надиданд, аз пайи омӯзиши илму маориф шуданд. Ғарбиҳо аз шарқ бо худ илм оварданд ва омӯзиши онро вазифаи асосии минбаъдаи худ шумурданд. Эътиқодашон ба осори илмии бузургони форсу тоҷик то дараҷае баланд буд, ки девони фалсафӣ ва тиббии Закариёи Розӣ қариб 300 сол дар Фаронса, дар китобхонаи имперотурӣ алоҳида нигоҳ дошта мешуд. Барои мутолиаи он на танҳо одамони одӣ, балки шоҳи Фаронса пешакӣ як миқдор пули тилло ба гарав мегузошт. Ҳамин тариқ, илму ҳикмати шарқӣ мардуми ҷангзада ва мазҳабии ғарбро аз асри 14 сар карда ба оромӣ ва саодати дунё рӯбарӯ гардонд ва дар тӯли 3 - 4 асри минбаъда онҳо тавонистанд, ки дар тамоми навъи улум ба нуқтаи баланди рушд бирасанд. Вале худи мо - соҳибони аслии илму фарҳанги ҳазорсола чӣ? Ноогоҳии сиёсии ҷавонон онҳоро ба сангарҳо мекашад Имрӯз аз сомонаҳои гуногун хабарҳои ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ гаравидани ҷавонони тоҷикро хонда ва ё аз хусуси ҳамчун «муборизи роҳи ҳақ» ба кишварҳои хориҷӣ рафтанашонро шунида, саволе ба майнаи кас меояд: Оё ин «муборизон» заррае аз таърихи халқи худ, аз марому мақсади дину ойини худ ва ё гуфтаҳои Худованди бузург дар Қуръони карим огаҳӣ дошта бошанд? Оё онҳо дарк мекунанд, ки давлатҳои мутараққии ғарб имрӯз манфиатҳои худро на дар ҷангҳои ишғолгарона, балки аз рӯи назарияи сиёсатмадори машҳури амрикоӣ Збигнев Бзежинский дар ҷангандозии миллатҳои гумроҳу ноогоҳ ва ба ин васила даст ёфтан ба бойигариҳои табиии ин кишварҳо мебинанд? Наход надонанд, ки ба ҷангҳои минтақавии байнихудӣ кашидани мусулмонони кишварҳои гуногун як иқдоми тарҳрезишудаест барои бадном сохтани исломи ноб, ки он дар асл ҳама гуна кушторро маҳкум менамояд. Имрӯз дар муборизаҳои сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде, аз қабили «Ихвон-ул-муслимин», «ал - Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», Ҳизби исломии Ӯзбекистон ба майдон омадаанд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби ҷавонони минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла тоҷикон низ сафҳои худро пурра менамоянд. Зимнан, қариб ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷараёни салафия (Ас - салаф ассолиҳин) маншаъ мегиранд, ки аз рӯи таҳқиқоти олимони исломшинос дар асри 18 барои аз байн бурдани нуфузи сиёсии Туркияи Усмонӣ аз тарафи манфиатҷӯёни ғарб таъсис дода шуда буд. Зеро баъди шикаст додани Хилофати араб туркони исломӣ дар тӯли беш аз панҷсад сол тамоми мамолики арабро таҳти таъсири худ нигоҳ медоштанд. Билохира, кишварҳои пешрафтаи ғарб Туркияро аз майдон берун бароварда, ба давлатҳои нафтхези араб роҳ ёфтанд. Имрӯз мебинем, ки маҳз ҳамин давлатҳо зери шиорҳои моҷароҷӯёнаи озодиву демократия боз мақсаду ҳадафҳои нави хешро пиёда месозанд. Аз рӯи хулосаи таҳлилгарони масоили сиёсӣ ҳам ташкили Давлати исломии Ироқу Шом, ҳам нооромиҳои сиёсии Сурияву Ироқ ва ҳам амалҳои террористии вақтҳои охир дар Покистон ва Фаронса рухдода, кори дасти ҳамон манфиатҷӯёни ғарбист, ки бо чунин нақшаҳои моҷароҷӯёна ҷавонони ояндасози шарқи мусулмониро ҳарчи бештар ба гирдоби ҷангҳои хунин кашиданӣ мешаванд. Пас, биёед биандешем, ки «муҷоҳидон»-и тангназари мо аз иштирокашон дар ин кашмакашҳои минтақавӣ ва геополитикӣ чӣ манфиат гирифтан мехоҳанд? Наход зумрае аз ҷавонони тоҷик, ки зери ниқоби «ҷиҳод» худро ба ин нуқтаҳои гарму ноором расондаанд, ягона роҳи дарёфти дарвозаҳои биҳиштро дар ҷангҳои бемаъние бинанд, ки онҳоро давлатҳои ғарб бо мақсади пиёда намудани манфиатҳои стратегии хеш роҳандозӣ менамоянд. Ё онҳо аз ин ҷангҳо суди иқтисодӣ бардоштанианд? Магар воқеаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта, ки ҳамагӣ бист сол моро аз онҳо дур нигоҳ медорад, аллакай фаромӯш гаштаанд? Не! Ба андешаи мо, маҳз ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинӣ имрӯз дар давраи бархӯрди манфиатҳо як гурӯҳ ҷавонони моро ба сангарҳои гуногуне кашидааст, ки суду зиёни он то ҳол на ба худашон маълум асту на ба дигарон. Шароит ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз бошад, махсус аз наврасону ҷавонон тақозо дорад, ки худро ба хотири ояндаи фирӯзашон ҳарчи бештар бо донишҳои баланди диниву дунявӣ мусаллаҳ созанд. Охир Худованди бузург ҳам аввалин каломеро, ки тавассути Паёмбари замон (с) ба бандагони худ ирсол намуд, бо «иқраъ» («бихон») оғоз намудааст, ки зери он ҳақиқати зиёде ниҳон аст. Яъне, ҳама саодату накуӣ ва донистани асрори неку бад тавассути омӯзиш ба даст меояд. Ва дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки «Илмро талаб кун, агарчи дар Чин бошад». Магар барои инсони соҳибақл аз ин дида роҳнамои беҳтаре ҳаст? Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз мо дар асри иттилоот ва рушди бесобиқаи технологияи иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Дар набардҳои иттилоотии имрӯза танҳо касоне ғолиб меоянд, ки аз донишҳои замонавӣ ҳарчи бештар бархӯрдор бошанд. Ба ақидаи дигар, имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони мо ба хотири дифоъ аз арзишҳои волои миллию динии хеш рӯ ба китоб биёранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба душманони ғоявиашон на бо зӯри силоҳ, балки бо сеҳри сухани асосноки илмӣ ҷавоби қотеъ гардонда тавонанд. Бояд иқрор шуд, ки дар фазои сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз барои илм- омӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Вале як зумра ҷавонони ноогоҳи мо ба ҷойи китоб хондану соҳибихтисос гаштан, умри азизи худро сарфи амалҳои ғаразноки манфиатҷӯён намуда, ҳам худу ҳам пайвандонашонро ба ташвиш меоранду ҷомеаи тинҷу осудаамонро ба сӯи нооромиҳо кашиданӣ мешаванд? Наход то ҳол надонанд, ки дӯст кисту душман кӣ? Биёед дар ин хусус боз як бори дигар якҷо биандешем.