Печать
Диданд: 301

 

      Омилҳои шомилшаҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд? Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҷои бисёр доранд.

           Аммо ин маънии онро надорад, дар баробари шинохтани доираи иллатҳои  маърифатию иљтимоию иқтисодии зиёде, дунболи пайдо кардани иллати асосии заминасоз  барои зуҳури иллатҳо ва омилҳои дигар , он нахустиллате, ки ба таъсиргузории  дигар иллатҳо мусоидат мекунад, ба истилоҳи фалсафӣ ҳамон иллати илал набошем. Одатан, сабаби бемории шахс метавонад  сирояти микробу вирусҳои  гуногун  бошанд, вале агар ҷисми инсон  қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат  ба вирусҳоро дошта бошад, ин иллатҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш  хунсо ва безарар мекунад. Пас аз он иммунитет, он зиддизаҳр,  зиддимикробӣ  зотиро бояд пайдо кард,  иллату аворизи  хориҷиро беасар созад  ва нагузорад  он иллатҳои  зиёду  гуногун  ба  рафтори  мо  таъсиргузор бошад.

 Саволи дигар он аст, ки таълиму тарбияи солими динӣ ва диншиносӣ зарурат дорад ё надорад? Агар зарурат дорад онро кадом ниҳод: давлатӣ ё ғайридавлатӣ бо кадом барнома бояд амалӣ намояд?

          Мутаассифона, коре ки имрӯз муборизони зидди вабои  ҷомеаи муосир, ки ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хатарноктар аз бомбаи атомӣ аст, экстермизму терроризм фақат мубориза ба воситаи неруи ниҳодҳои қудратиро дар мадди назар доранд ва дар ин роҳ сармояи ҳангуфтеро талаф медиҳанд. Ман намегӯям, ин ниҳодҳо барои мубориза бо чунин зуҳурот зарурат надоранд, балки  зарурати онҳо беш аз ҳар вақта  эҳсос мешавад, вале онҳо танҳо пас аз шаклгирӣ ва фаъол шудани онҳо лозим меоянд. Аммо барои ҷилавгирӣ аз олоиши зеҳнҳо бо ин вирус ва таъмини иммунитет-истеҳкоми фикрӣ ва эътиқоду имони солими динӣ чандон муфид нестанд. Ниҳоде, ки чунин қобилиятро дошта метавонад ниҳоди маърифати ҷомеа- Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон ва таълиму тарбияи динии солим мебошад.

          Сабабҳои зиёде чун: омилҳои иҷтимоии камбизоатӣ, бекорӣ, набудани назорати лозимаи падару модарон, хости сайру сафар ва тафреҳу худозмоӣ дар задухӯрдҳо, тарғиби намояндагони ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва ғайра низ ҳастанд. Аммо ба андешаи мо муҳимтарин ва корсозтарин омил камсаводӣ, чи дар илмҳои дунявӣ ва чӣ дар донишҳои динї мебошад.

           Он фоқеаҳое, ки дар Аврупо ва ахиран дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел рух доданд, нишон медиҳад, ки омилони ин террорҳо ҷавонони аз геттоҳо (гузарҳои махсуси муҷоҳирон ва ҷинояткорон) баромада мебошанд, ки имконияти таълими кофию солим гирифтан дар чунин геттоҳо маҳол аст. Гузашта аз ин, аксари муҳоҷирони геттоҳо аз маълумоти мубаллиғони исломи сиёсӣ хотираи сиёҳе аз он бадбахтиҳоро, ки режими мустамликадорӣ ва неоколониализми ғарбӣ ба ватани модариашон оварда буд, дар хотир доранд. Метавон гуфт, ғарб оқибати он сиёсатҳое, ки дар кишварҳои шарқӣ дошта, ба таври равшан мебинад.

           Аммо барои пешгирӣ кардан аз терроризму экстермизми динӣ дар кишвари алоҳидаи исломӣ чӣ метавон гуфт. Пеш аз ҳама ҷой доштани заминаҳои диндории таассубию хурофотӣ дар ҷомеа вобаста аз сатҳи пасти таълиму тарбия,  ва набудани маълумоти солим дар бораи дин ва диншиносӣ, хосатан мебошад. Мо мехоҳем ё намехоҳем дин яке аз бонуфузтарин  шакли ҷаҳонбинӣ ва мафкураи ҷамъиятӣ мебошад. Агар ҷавонони мо дар бораи ин падидаи решадору пуртаъсири ҷамъиятӣ маълумоти саҳеҳи илмӣ нагиранд ва давлат дар ин маврид чораҷӯйӣ накунаду кори тарбияи шуури солими диниро ба дасти худ нагирад ва онро ба маҷрои худноогоӣ (стихиявӣ) ҳавола кунад, муассисаҳои таълими динӣ солим набошанд, кор ба сӯйи таассубу хурофотгароӣ мекашад, ки аз он то ифротгароӣ, фузунхоҳӣ, ирҳоб (радикализм,экстремизм ва терроризм) як қадам аст ва барои пайвастан ба аҳзобу ҳаракатҳои чунин руҳияву хусусият дошта садде вуҷуд нахоҳад дошт.

 Аз ин рӯ, бузургтарин хатар таассубу ифротгароӣ ва хурофот аст, ки дар заминаи набудани шуури солими динӣ мерӯяд.

      Муҳтарам Пешвои миллат дар ин маврид дар мулоқотҳояшон борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла зикр карда буданд, ки «Бузургтарин хатарҳое, ки ҷомеаи муосирро таҳдид дорад, таассубу ифротгарои…аст. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл, ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад».

       Ифротгароӣ ва таассуб чист? Ифрот он аст, ки аз ҳадди эътидол гузаштааст. Ифротгароӣ ба ҷонибдорӣ кардан ба орову афкор ва рафтору амали аз муросову таҳаммулу мудоро дур ва аз эътидол берун ҳидоят мекунад ва сабаби сар задани ангезаҳои фузунхоҳ,зиёдаравӣ ва ҷамин ҳоло бо таассуб хостани чизе аст.

      Аммо дар мавриди  таълими  динӣ дар кишварҳои исломӣ  метавон эрод гирифт, аммо гуфтан мумкин аст, ки  дар кишвари мо оид ба ин масъала эроде  нест. Дар аксари кишварҳои исломӣ таълими динӣ-исломӣ таърихан ҳамеша озод буда, дар сатҳи лозима ҳамеша буд ва ҳаст. Ва хушбахтона мо низ баъди ба даст овардани истиқлолият имкони чунин таълиму тарбия гирифтанро пайдо кардем. Вале қайд кардан ба маврид аст, ки  дар кишварҳои суннатии исломӣ,  таълими динӣ бо назардошти замону макон ба як бознигарии ҷиддӣ ва ислоҳ ниёз дорад. Аввалан, аз нигоҳи барномаҳои таълимӣ, баъдан  аз нигоҳи муҳтавои таълиму тарбия. Сеюм, аз нигоҳи ҷавобгӯии он ба ҳифзи итиқлолияти миллӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ва ҳифзи меросияти таърихии фарҳангӣ.