Мафҳумҳои ваҳдат ва ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби соҳибистиқлолӣ ва, махсусан, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти вижа пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде  зарур ва пурарзиш аст, ки бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба пешрафт ва саодат бирасад. Бо дарки ин воқеият, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июнро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд ва барои ба ҳам овардани миллат ва таъмини ваҳдати сартосарӣ қаҳрамонию шуҷоати бемисл нишон доданд.
Ҳарчанд мо аз рӯзи барои миллат сайиди 27 июни соли 1997 дур мешавем, ҳамон қадар бештар эҳсос мегардад, ки чи нақше Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ барои ҳифзи миллат аз парокандагӣ ва наҷоти давлат аз нобудӣ доштааст.
Зеро имрӯз ҳам хатари ҷиддие, ки ба миллату давлатҳои алоҳида таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамоянд ва худ бори ин масъулияти азимро бар дӯш гирифтаанд. Мутолиаи бештари давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон, ки дар ниҳоят ба сулҳи сартосарӣ оварда расонд, моро ба ин натиҷа меорад, ки барои ба ин рӯзи нек расидан, пеш аз ҳама ва беш аз дигарон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош кардаанд. Аз оғоз то анҷоми  музокирот, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳо ва душмани зиёд доштани ин сулҳ, аз роҳи интихобкардаашон бар нагаштанд, баръакс бо азму иродаи қавӣ барои ба ин неъмати бебаҳо мушарраф шудан ҷаҳду талош намуданд. 
Аз ин рӯ, мо - тоҷику тоҷикистониҳо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои вижаи ваҳдатофариро дар тамоми зинаҳо ба роҳ андохта, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ  барои шинохти ҳар чи бештари он мусоидат менамояд.