«Баробари таълим, масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад» Эмомали Рањмон.

        Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳарду,

        Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳарду.

        Бале, барҳак гуфтааст, ин мисраҳоро шоири озодихоҳ, ватандӯст ва меҳанпараст Абулқосим Лоҳутӣ.

Муддатхои тулонист, ки ин андеша гулугирам мекунад. Хар гах, ки ба чашми беш аз чихил нафар тифлакони маъсуму дуструяке, ки дар ду баст ба онхо сабак мегуям, шукргузори аз давлату механи хеш месозам, зеро ин давлати сохибистиклоли мо дорои неъмати бузурги Худовандист, ки танхо онро Худованди кодиру тавоно бахри ин кишвари бихиштосо дар муддати начандон тулони ато фармудааст. Шукрона аз он мекунам, ки дар ин кишвари офтобруяи бихиштосо бо лутфу мархамаи Илохи боз як неъмати бузург, яъне фарзанди окилу доно, механпарасту Ватандуст Сарвару Пешво таъин гардидааст.

Суоле ба хамешап ва дар хама холат дар хаёлам матрах мемонад. Чаро баъзе сокинон, чавонон, шахрвандони ин пораи бихиштосо рох пеш мегиранд ба суи мамолики чангзадаву чангчуй ва шомил мегарданд ба гуруххои ифротгарои.

Харчанд, фурсати фарогат ва фарогатиям аз таълиму тарбияи насли наврас чандон зиёд нест, аммо бо кушишхо ва чустучухо пурсон мешавам аз падидаи номатлуб.

Сурия, каблан аз бобову биби калимаи «Сур»-ро хамчун як калима ё мафхуми касофат ё касрат арзёби мекарданд, шунида будам. Аз замони тинчу ороми ва осоиштагии Механ пайдо гардидани ин калима як хиссёти баде бар асабам таъсир мерасонад. Бо шунидани ин калима, ки танхо аз чангу харобиву ноороми башорат медихад, дили тамоми шахрвандон гаш гардида, боз хамон гуфтахои боло ёд меояд.

Чаро махз чавонони 17-18 сола шомил мегарданд ба груххои ифротгарои ва пас аз шомил шудан дере нагузашта пушаймон шуда, ёди ёру дустон ва Механу модару бародар ва фазои тинчу ором мекунанд. Аз ин танхо ба хулосае омадам, ки сабаби асосиаш тарбияи нодурусти фарзандон аз тарафи волидон мебошад.

Хонандаи азиз! Худ казоват кунед, ки агар ба кишти кардаат, калбу дилу чони худат насузад, пас киро парвои он аст. Хар киву хар чи ки хохад, хох одам аст хох хайвон метавонад бея гон монеаги поймолаш бисозад ва ё ба ягмояш бибарад ва ё истеъмолаш бикунад…

То замоне, ки хар як волидайн худ бахри чигарбандаш аз нахуструз дилсуз набошаду дар андешаи ба рохи дуруст тарбия намуданаш набошад, хеч гох нафари дигар дар ин кор сахм намегузорад ва низ гузошта хам наметавонад. Баръакс, бо одитарин роху усул метавонад уро дар кадом самте, ки хоханд, хох куштор бошад, хох горат, хох танфуруши бошад, хох ватанфуруши, хох чиход боша два хох худкуши, бея гон мамоният истифода намоянд.

Агар аз нуктаи назаи дини Ислом гирем, Пайгамбари охирузамон (С) фармудааст: Аз гахвора то ба гур илм омуз. Бале. Илм омухтан, ин омухтани адабиётхост ва бехуда нест, мафхуми адабиёт ин ада бомухтан аст, ё ба ибораи дигар гуем, ки фармудаанд:

Кардам аз акл суоле, ки: Бигу имон чист,

Акл бар гуши дилам гуфт, ки: Имон адаб аст.

 

Ва ё:

Адаб точест аз нуури Илохи,

Бинех бар сар бирав хар чо ки хохи.

 

Албатта, Пешвои миллат имрузхо дар хар як чаласаву вохурихо бо ахли чамотчиги ва фаъолони минтакахои Точикистон таъкид ба амал меоранд, ки бобати таълиму тарбияи чавонон ва насли наврас диккати авалиндарача дода, онхоро ба омузиши илму маърифат, Ватандустиву Механпарасти хидоят намоянд. Хатто падарвор ба чавонон насихат мекунанд, ки тамоми имкониятхои худро бахри аз худ намудани забонхои хоричи, таквият бахшидани ихтироъкори дар байни насли наврас диккати махсус зохир карда шавад. Ба чавонони «кундзехни мо» боз чи лозим аст. Чунин Сарвари бохирад дар кадом мамлакат аст. Барои пешбурди зиндаги албатта, илму хунар ва касбомузи дар мадди авал меистад. Читарве, ки дар байни мардум мегуянд: Хунар дори маблаг дори. Хунар надори ру ба мухочират нех.

Чи раве, ки дар боло кайд карда шуд, яке аз омилхои асосии шомилшавии чавонон ба гуруххои ифротгарои ин надоштани саводи кофи ва илму хунар мебошад. Махз мубаллигони гуруххои тундрав аз ин гуна донишу малакаи чавонон истифода карда, онхоро ба сафхои худ шомил месозанд ва онхоро хамчун сипаср дар набардхои бемаъниву бемантик истифода мебранд. Дар натича чунин чавонони гумрохгаштаи точик ба халокат расида, дар дилу дидаи волидайнашон дог меоранд, ки ин гуна дог хеч гох аз чигари модар тоза намегардад.

Хулоса ин гуфтахоро бахри оне иброз доштам, ки мо волидон бояд тарбияро аз хонаи худ ба рох монда, фарзандонро дар касбомузи, илму хунар равона карда, ба ояндаи онхо хамчун фарзандони некном хидоятгар бошем.

         Мафҳумҳои ваҳдат ва ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби соҳибистиқлолӣ ва, махсусан, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти вижа пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде  зарур ва пурарзиш аст, ки бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба пешрафт ва саодат бирасад. Бо дарки ин воқеият, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июнро Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд ва барои ба ҳам овардани миллат ва таъмини ваҳдати сартосарӣ қаҳрамонию шуҷоати бемисл нишон доданд.
Ҳарчанд мо аз рӯзи барои миллат сайиди 27 июни соли 1997 дур мешавем, ҳамон қадар бештар эҳсос мегардад, ки чи нақше Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ барои ҳифзи миллат аз парокандагӣ ва наҷоти давлат аз нобудӣ доштааст.
Зеро имрӯз ҳам хатари ҷиддие, ки ба миллату давлатҳои алоҳида таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамоянд ва худ бори ин масъулияти азимро бар дӯш гирифтаанд. Мутолиаи бештари давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон, ки дар ниҳоят ба сулҳи сартосарӣ оварда расонд, моро ба ин натиҷа меорад, ки барои ба ин рӯзи нек расидан, пеш аз ҳама ва беш аз дигарон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош кардаанд. Аз оғоз то анҷоми  музокирот, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳо ва душмани зиёд доштани ин сулҳ, аз роҳи интихобкардаашон бар нагаштанд, баръакс бо азму иродаи қавӣ барои ба ин неъмати бебаҳо мушарраф шудан ҷаҳду талош намуданд. 
Аз ин рӯ, мо - тоҷику тоҷикистониҳо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои вижаи ваҳдатофариро дар тамоми зинаҳо ба роҳ андохта, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ  барои шинохти ҳар чи бештари он мусоидат менамояд.

 

 

Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кору фаъолият кардаам. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: "Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем".
Ин ҳарфҳои самимиро, ки ба қалами Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, мансубанд, дар китоби рӯимизии «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» мехонем, ки шахсияти тобноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасвир месозанд.
Воқеан, зуҳури шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ иқболи баланди мардуми тоҷик буд, ки дар як даврони пурошӯб иттифоқ афтода, давлати миллиро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид. Ин шахсияти баркамолу тобноки таърих иттиҳоду ҳамбастагиро истеҳком бахшид, ҳувият ва ваҳдати миллиро эҳё кард, ифтихори миллиро дар замири мардум бедор намуд, халқро ба созандагӣ раҳнамун сохт, саодати зиндагии ҳар хонадонро таъмин ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳон муаррифӣ кард.
Ин буд, ки Президенти вақти Фаронса Жак Ширак мисли дигар сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бо фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».
Марҳум профессор Атахон Сайфуллоев бар ин назар буд: «Як вижагии муҳими даврони Истиқлолияти миллии Тоҷикистон аз ҳамин иборат аст, ки илму дониш, адабиёту фарҳанг ҷомеаи озодро беҳтару бештар фаро мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба созандагию ободонии мамлакат машғул аст, балки дар ҷодаи ғанӣ сохтани олами маънавӣ низ пайваста саъю талош мекунанд. Ҷаноби Олӣ, ки фарҳангро ҳастии миллат номидаанд, тамоми донишу таҷрибаи фаровони худро ба харҷ медиҳанд, ки кишвари азизамонро ба пояҳои баланди тараққиёти моддию маънавӣ расонанд, тоҷиконро ба яке аз пешқадамтарин миллатҳои ҷаҳони мутамаддин мубаддал намоянд».
Дар ҳақиқат, хидматҳои шоёну мондагори Сарвари давлат дар бедории тафаккури миллӣ, мактабу маориф басо арзанда ва чашмрасанд. Барои ташаккулу тарбияи тафаккури миллӣ дар ҷомеа омилҳои зиёд мавҷуд аст. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба мактабу маориф баробар шуда наметавонад. Буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, ки дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ кишвари моро фаро гирифт, дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ба низоми маориф ҳам зарба зад. Баробари ба коми оташ рафтани даҳҳо иншооту ҳазорҳо манзили зист бинои мактабҳо низ месӯхтанд, муаллимон тарки пешаи худ мекарданд. Ана, дар ҳамин давраи басо мушкил Сарвари давлат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон дошта, ба ислоҳоти соҳа таваҷҷуҳ карданд. Бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», консепсияҳои мактаби миллӣ, тарбия, таҳсилот, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии такмили таълими забони русӣ ва англисӣ рӯи кор омаданд. Дар асос ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳо ҳадафе гузошта шудааст, ки аз таъкиди зерини Сарвари давлатамон бармеояд: «Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияти шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ ва тарзи идораи демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор доранд».
Ҳоло барои вусъати соҳаи маориф дар мамлакат барномаҳои гуногун амал мекунанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сол ба сол вусъати нав касб менамоянд ва ҳамасола то 100 бинои нав сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.