Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кору фаъолият кардаам. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: "Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем".
Ин ҳарфҳои самимиро, ки ба қалами Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, мансубанд, дар китоби рӯимизии «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» мехонем, ки шахсияти тобноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасвир месозанд.
Воқеан, зуҳури шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ иқболи баланди мардуми тоҷик буд, ки дар як даврони пурошӯб иттифоқ афтода, давлати миллиро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид. Ин шахсияти баркамолу тобноки таърих иттиҳоду ҳамбастагиро истеҳком бахшид, ҳувият ва ваҳдати миллиро эҳё кард, ифтихори миллиро дар замири мардум бедор намуд, халқро ба созандагӣ раҳнамун сохт, саодати зиндагии ҳар хонадонро таъмин ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳон муаррифӣ кард.
Ин буд, ки Президенти вақти Фаронса Жак Ширак мисли дигар сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бо фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».
Марҳум профессор Атахон Сайфуллоев бар ин назар буд: «Як вижагии муҳими даврони Истиқлолияти миллии Тоҷикистон аз ҳамин иборат аст, ки илму дониш, адабиёту фарҳанг ҷомеаи озодро беҳтару бештар фаро мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба созандагию ободонии мамлакат машғул аст, балки дар ҷодаи ғанӣ сохтани олами маънавӣ низ пайваста саъю талош мекунанд. Ҷаноби Олӣ, ки фарҳангро ҳастии миллат номидаанд, тамоми донишу таҷрибаи фаровони худро ба харҷ медиҳанд, ки кишвари азизамонро ба пояҳои баланди тараққиёти моддию маънавӣ расонанд, тоҷиконро ба яке аз пешқадамтарин миллатҳои ҷаҳони мутамаддин мубаддал намоянд».
Дар ҳақиқат, хидматҳои шоёну мондагори Сарвари давлат дар бедории тафаккури миллӣ, мактабу маориф басо арзанда ва чашмрасанд. Барои ташаккулу тарбияи тафаккури миллӣ дар ҷомеа омилҳои зиёд мавҷуд аст. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба мактабу маориф баробар шуда наметавонад. Буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, ки дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ кишвари моро фаро гирифт, дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ба низоми маориф ҳам зарба зад. Баробари ба коми оташ рафтани даҳҳо иншооту ҳазорҳо манзили зист бинои мактабҳо низ месӯхтанд, муаллимон тарки пешаи худ мекарданд. Ана, дар ҳамин давраи басо мушкил Сарвари давлат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон дошта, ба ислоҳоти соҳа таваҷҷуҳ карданд. Бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», консепсияҳои мактаби миллӣ, тарбия, таҳсилот, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии такмили таълими забони русӣ ва англисӣ рӯи кор омаданд. Дар асос ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳо ҳадафе гузошта шудааст, ки аз таъкиди зерини Сарвари давлатамон бармеояд: «Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияти шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ ва тарзи идораи демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор доранд».
Ҳоло барои вусъати соҳаи маориф дар мамлакат барномаҳои гуногун амал мекунанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сол ба сол вусъати нав касб менамоянд ва ҳамасола то 100 бинои нав сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти дигар ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.

Аз ин рӯ, ҳамасола зимни ироаи Паём, хоса дар панҷ соли охир дар мавриди ин падидаҳои номатлуби давр ва мубориза бо онҳо андешаҳояшонро равшану возеҳ иброз медоранду дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, соли 2013 таъкид доштанд, ки бо назардошти ин хатар ва дар соли оянда, яъне соли 2014 хориҷ гардидани неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ аз қаламрави Афғонистон барои «баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Ҳамчунин, ҳисси масъулиятшиносӣ ва омодабошии доимиро тақозо доштанд.
Бо истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, ҷавонони бисёр кишварҳо аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши сиёсӣ бо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷалб мегардиданд. Яъне, терроризму экстремизм роҳҳову усулҳои зиёди густаришро ҳатто қариб дар ҳар хонадон пайдо кард. Ваъдаҳои дурӯғин ва пешниҳоди маблағҳои зиёд майнаҳои ҷавононро заҳролуд сохт. Ба ҷуз ин, онҳоро тавонистанд бовар бикунонанд, ки тамоми фаъолияту амалиёташон барои иҷрои мақсаду ҳадафҳои бузург ва барқарории адолату ҳақиқат мебошад.
Соли 2014 зимни ироаи Паём ҷомеаи кишварро аз васеъ паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона дар байни ҷавонон аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша ҳушдор доданд. Ба ин хотир, дастур доданд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар Паёми соли 2015 аз мунтазам афзудани мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ ёдовар шуданд ва таъкид намуданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Чунин як таъкид дар сурате буд, ки зуҳуроти фалокатборро ба дин, хоса ба дини мубини ислом вобаста медонистанд ва ба ин васила, мақсадҳои нопоку сиёҳи худро амалӣ менамуданд. Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Сарвари давлат баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи  маҳз аст».
Дар Паёми соли 2016 ҳушдор доданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад. Мубориза ба ин зуҳурот «фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро» тақозо дорад. Воқеан, азбаски ин вабои аср ба амнияти тамоми сайёра ва ҳар сокинаш хавф дорад, зарур аст, ки ба он ҳамаи кишварҳо ва ҳар сокини дунё мубориза барад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат равшану возеҳ огоҳ сохтанд, ки ин зуҳурот чун аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд.
Дар ин Паём, ҳамчунин, барои ислоҳи вазъ пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар санадҳои байналмилалӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда муҷозот муқаррар гардад. Кишвари мо, бо таъкиди Сарвари давлат, дар мубориза бо ин зуҳурот дар сафи пеши он қарор дорад. Оре, дар ҳақиқат, асари бади онро мо на танҳо дар солҳои навадуми асри гузашта, балки солҳои баъдӣ низ дидему шоҳид шудем.
Зимни ироаи ин Паём супориш доданд, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва пешниҳод созанд. «Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои ба онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонда, дар баробари ин, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти  террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад».
Аз Паёми соли 2016 ироанамуда бармеояд, ки ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта афзудааст. Он ба таъкиди Президенти кишвар «ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Дар Паёми соли 2017 Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ менамоянд, ки қариб ҳар рӯз  сокинони гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ мегарданд. Аммо ба ин вазъи ногувор то ба ҳанӯз дар арсаи байналмилалӣ таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» - ро муайян накарданд. Ва ҳам иброз доштанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».
Дар Паёми навин таъкид намуданд, ки «вазъи сайёра дар ду – се соли оянда боз ҳам, мураккаб мешавад». 
Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон оқибати бади ин зуҳуроти номатлубро бозгӯ мекунанд. Мақсад аз ин ҳама шинохти дуруст ва муборизаву истодагарӣ ба муқобили ин вабои аср аст. Дар чунин маврид ва вазъи мураккаби ҷаҳон ҳар шаҳрванд бояд огоҳ бошаду зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, то истиқлолият ва миллату давлат пойдор ва пешрафта бошад.

 

 

 

             Маҳз ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намуда, дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифт.

Дар ҷаҳони имрӯза зуҳуроти бисёр хатарнок, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ торафт густариш ёфта истодаанд. Бар замми ин, вазъи ноороми кишвари ба мо ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба ҳаёти орому на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа низ таъсири худро мерасонад.

Ба ин нигоҳ накарда аъзоёну роҳбарони ташкилоти ифротии Ҳизби наҳзати исломӣ ақидаҳои ифротиву иртиҷоии худро тарғиб намуда истодаанд.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд. Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Мо аз ҷавонон хоҳиш менамоем, ки аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.

Дар иртибот ба ин, ба ҳамаи мардуми кишварамон Тоҷикистон зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту инсондӯст, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Мо омӯзгорон ва устодони донишгоҳ амалҳои ифротии ТТЭ ҲНИ-ро сахт маҳкум намуда, мардуми бонангу ори тоҷикро даъват менамоем, ки фирефтаи ақидаҳои ингуна ҳизби ифротгаро нагарданд.