Дар сомонаи нањзатї матлаби яке аз фаъолони љинояткори ТТЭ ЊНИ М.Садриддин тањти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор ёфт. Аз номгузории матлаби мазкур њувайдост, ки нависанда ба њамоишњои сиёсие, ки ба Тољикистон марбутанд ва ба хотири тањкими равобити сиёсию байнидавлатї созмон меёбанд, аслан њассосият дорад.  Оид ба чанд нуќтаи ба ќавли Мавлоно, «магасандеша»-њои М. Садриддин ба таври иљмолї акидаи худро баён менамоем: 

   Чанд соли охир таъбири “экстремизми динӣ” дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Яъне, бо истифода аз номи дин содир гардидани ҷиноятҳои махсусан хатарнок ва даҳшатафкан боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дарвоқеъ, ҷои таассуф аст, ки аз ин навъи ҷиноят дар баъзе ҳолат на ҳамчун экстремизми динӣ, балки ҳамчун “экстремизми исломӣ” ном мебаранд. Дар ҳоле ки борҳо аз ҷониби уламои дини мубини Ислом, донишмандон ва пажӯҳишгарон собит шуда, ки Ислом ҳар гуна ифроту тафритро шадидан маҳкум намуда, ҷонибдори раҳму шафқат, дӯстиву мурувват, некиву накукорӣ, ҳамзистии мусолиматомез, ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббату таҳаммулпазирист. Гузашта аз ин, бояд таъкид намуд, ки ҳодисаҳои қатлу куштор ва экстремизму терроризм аз ҷониби ашхос ва ҷомеаи мухталиф содир мешавад. Яъне, миёни экстремистон метавон ҳам намояндагони дини масеҳият, ҳам яҳудӣ, ҳам ислом ва амсоли онро дарёфт. Аз ин лиҳоз, тавъам донистани экстремизм фақат бо дини мубини ислом андешаи ботиле беш нест. Ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Аммо таҷриба собит месозад, ки танҳо бо гуфтани он, ки “Ислом ҷонибдори даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ нест” наметавон ин мушкили ҷиддӣ ва фаромиллиро аз байн бурд. Зеро дар ҷаҳони муосир гурӯҳ ва равияҳои алоҳидаи манфиатҷӯ бо доғдор намудани номи Ислом ҳар гуна нақшаву амалиёти хунину нангини худро аз номи ин оини муқаддас пиёда месозанд ва Исломро ҳамчун “дини ифротӣ” муаррифӣ менамоянд. Бояд иқрор шуд, ки таърихи Ислом ҳодисаҳои зиёди хушунату ифротгароӣ дар динро, ки аз ҷониби афроди алоҳида анҷом пазируфтаанд, дар ёд дорад. Аммо дар ҳар сурат, ҳеҷ яке аз чунин ҳодисаҳо ба таълимоти Ислом бастагӣ надоранд. Дини Ислом ҷонибдори он аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ аз усули эътидол ё миёнагароӣ кор гирем. Ин эътидол ё миёнҷигарӣ бояд дар асоси оёти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ, аҳкоми шаръи шариф ва ҳамоҳангии мазоҳиб сурат гирад, то ин ки оромишу осоиш ва сулҳу суботро дар ҷаҳони ислом таъмин намояд. Дар ин сурат мо метавонем бо тарғиби ғояҳо ва арзишҳои олии ислом, хусусан, бо роҳи гуфтушунид ва музокироти сулҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифати исломӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба мақсади гузоштаи худ ноил гардем. Яке аз сабабҳои асосии шиддат ёфтани муноқишаҳо байни мусулмонон ин таассуби мазҳабӣ мебошад. Мусулмонон бештар барои пешбурди кишварҳои худ, ҷаҳони ислом ва дар маҷмӯъ, вазъи умумии сайёра таҳаммулпазирӣ ва мубодила миёни динҳои дигари ҷаҳонӣ ба масъалаҳои усулӣ бояд аҳамият диҳанд ва масоили ҷузъиро дар ҳолати зарурӣ фурӯгузор намоянд. Ба ин хотир, бояд таассуби мазҳабӣ, ки асоси тафриқаандозӣ ва мухолифатҳо миёни мусулмонон аст, коҳиш дода шавад. Дар ҳоли ҳозир, бино ба ақидаи мутахассисони сиёсатшинос ва улуми иҷтимоӣ ифротгароӣ ранги хушунат ба худ гирифтааст ва қассосу интиқомро ифода менамояд. Сабаби ин ҳолат дигар шудани назари одамон ба дин ва даромехтани ибодоту эътиқодот бо сиёсатҳои замон мебошад. Омили дигаре, ки дар бештари кишварҳои мусулмонӣ ба назар мерасад ва ба ифротгароӣ нисбат дорад, ин кам таъмин шудани мардум ба шуғли доимӣ мебошад. Ин омилҳо барои шиддат ёфтани ифротгароӣ дар кишварҳои мусулмонӣ мусоидат намуда, хушунатро бармеангезанд. Агар хушунатро ҳамчун як категория тафсир намоем, он ба ду навъ тақсим мешавад: фикрӣ ва амалӣ. Аз ин дидгоҳ, муҳаққиқон хушунатро як фарҳанги мадҳуш номидаанд, зеро агар рафтор буд, имкони дармони он вуҷуд дошт. Хушунати нофармон ва бадфарҷомро танҳо метавон бо масъалаи такфир муқоиса ва муқобала кард, ки имрӯз ҷаҳони исломро фаро гирифтааст. Такфир фақат як гароиш нест, балки асоси маърифатӣ дошта, маҳз барои барангехтани низоу тафриқа роҳандозӣ шудааст. Ба хотири муайян кардани омилҳои хушунат дар мисоли Тоҷикистон бояд ба нуктаҳои зерин аҳамият дод: - собиқаи таърихии ифротгароии динӣ; - баррасии паёмадҳои ифротгароии динӣ дар ҷомеаи исломӣ ва ҷаҳон; - ифротгароӣ аз назари Ислом ва “Қуръон” ва зиндагии мусолиматомези ақаллиятҳои динӣ дар ҳавзаи исломӣ; - роҳҳои мубориза бо хушунати ақлӣ, амалӣ ва коҳиш додани таассуби мазҳабӣ; - пешгирии ҷалби ҷавонону занон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ; - баррасии паёмадҳои ифротгароӣ дар масъалаи муҳоҷират. Дар сурати омӯзиши амиқ ва баррасии масъалаҳое, ки дар боло гуфта шуд, дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон метавон густариши ҳама гуна ифротгароӣ ва даҳшатфиканиро маҳдуд кард. Зеро асли фарҳанги исломӣ сулҳ ва фарҳанги меҳрубониву мадоро аст, ки онро дар ҷомеаи исломӣ бояд тарғибу ташвиқ кард. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини Ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надоранд”.

 

Таърих инсониятро на як бору ду бор ба бархӯрдҳои ақидавию фикрӣ рӯ ба рӯ гузоштааст, ки ҳар кадоми онҳо аз талоши кишварҳои абарқудрат барои даст ёфтан ба манфиатҳои бештари геополитикӣ маншаъ мегиранд. Ғолибан аксари чунин баҳсҳои тӯлонии ақидатӣ оқибат бо ноамниҳо дар ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ва ҳалокати ҳазорҳо шаҳрванди одии ин кишварҳо анҷом мепазиранд, ки аз ноогоҳии худ думболи ин ё он гурӯҳи манфиатҷӯ мераванд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки одатан аз гирдоби чунин муқовиматҳо танҳо афроди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст берун шуда, аз манфиатҳои миллии хеш ҳимоя карда тавонистаанд. Вале, халқу миллатҳоеро медонем, ки дар ин бархӯрдҳо иттиҳоду ҳамбастагиро аз даст дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро авлотар донистаанд. Онҳо бо ин амалашон ба парокандагиву нобудӣ расида, на танҳо урфу одат ва расму ойини аҷдодӣ, балки миллату забони хешро ба ҳадди нестӣ расондаанд. Мутаассифона, мо тоҷикон низ сарфи назар аз гузаштаи бойи фарҳангӣ чунин зарбаҳои талхи таърихро борҳо дар ҷисму ҷони хеш санҷидаву дар танӯри гарми ин бозиҳои геополитикӣ пухта расида бошем ҳам, вале то ҳол аз онҳо сабақи зарурӣ набардоштаем. Инак, баъди ҳазор сол боз бо талошу ҷонбозиҳои садҳо нафар фарзандони сарсупурда дубора соҳиби давлати соҳибихтиёр гаштем ва дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мебояд ҳар кадом аз худ бипурсем, ки мо кӣ будем, кӣ шудем ва ба куҷо равонаем. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ мардуми оламро ба як имтиҳони нави боз ҳам ҷиддитар ворид сохта, кишварҳои гуногунро барои ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ба баҳсҳои ақидатӣ кашидааст. Дар чунин шароит мо ба кӣ ва чӣ бояд такя кунем? Аз таърихи бой, вале пурфоҷиаи хеш чӣ сабақ бардорем? Зери кадом ғоя мардуми кишварро ба ояндаи нек роҳбаладӣ намоем? Ин ва дигар саволҳо аз мо - соҳибони ин марзу буми аҷдодӣ ҷавобҳои мушаххас мехоҳанд. Киҳо Синоро кофир хонданд? Ҷои баҳс нест, ки тоҷикон чун миллати бумӣ дар Осиёи Марказӣ таърихи бесобиқае доранд. Ҳам давлатдориро дидаанду ҳам шикасту рехти онро. Садҳо фарзандони диловар барои дар арсаи сиёсӣ боқӣ мондани ному нишони ин миллати куҳанбунёд умри худро сарфи ҷонбозиҳо намуда, зумрае ҳатто ҳаёти худро нисори ин роҳи пуршараф сохтаанд. Бо вуҷуди ин, таърихи гузашта ба мо боз ҳақиқати дигари талхеро бозгӯӣ мекунад, ки то ҳол аз он сабақи дурусте набардоштаем. Тибқи таҳлили воқеаҳои таърихӣ дар тамоми давраҳои ҳассоси тақдирсоз гузаштагони мо манфиатҳои миллии худро бо ақидаҳои диниашон омезиш дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда худро ба муқовиматҳои шадиди мазҳабӣ, ки ҳеҷ асосу бунёди миллӣ ва зарурат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ надоштанд, ворид сохтаанд. Оқибати ин кашмакашҳо бошад, давра ба давра танг гаштани таъсиру нуфузи давлатҳои собиқи тоҷикнишин ва сар даровардани мардуми бегона ба ин сарзамин боис гаштаанд. Ҷои таассуф аст, ки қариб дар ҳамаи марҳалаҳои тақдирсоз мардумони одӣ бо таъсири хурофотпарастон сухани равшани аҳли хирадро нодида гирифта, баръакс бар зидди онҳо қиём намудаанд. Ҳатто дар айни авҷу камоли салтанати Сомониён ин тамоюли манфӣ рӯи кор буд. Аз ҷумла, мутаассибони дин танҳо ба хотири он ки Абуалӣ ибни Сино илмро аз равишҳои абстрактӣ (мавҳумӣ) берун оварда, қариб дар тамоми навъи улум кашфиёти оламшумулеро анҷом дода буд, кофир эълон намуда, борҳо мавриди шиканҷаву озор қарор додаанд. Худи аллома ин нуктаро хеле возеҳ тасвир намуда, мегӯяд: Куфри чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир, Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад. Ҳол он ки дар ҳафтсад соли баъдӣ машҳуртарин мактабҳои олии тибби ғарб «Алқонун»-и Синоро ҳамчун ягона маводи илмию таълимӣ истифода намуда, тавассути он тибби тараққикардаи муосири худро ба майдон баровардаанд. Аз таассубҳои мазҳабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав, Ҳилолӣ барин бузургони илму хирадамон низ кам озор надидаанд ва, мутаассифона, садои дардолуди онҳо вобаста ба пешгирӣ аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва заҳри хурофоту гурӯҳбозиҳо шунида намешуд. Аҳмади Дониш чӣ тавр «душмани дину диёнат» шуд Нимаи дуюми асри 19 донишманди маорифпарвар Аҳмади Дониш се маротиба ба пойтахти имперотурии Русия - шаҳри Санкт - Петербург сафар намудааст. Ӯ пешрафти илму фарҳангро дар ин кишвар бо чашми худ дида, аз қафомонии асримиёнагии Аморати Бухоро дар шигифт меафтад. Баъди бозгашт аз Русия хост, ки дар номае аз амир тағйири усули давлатдорӣ ва роҳҳои баромадан аз бунбасти сиёсиро пешниҳод намояд, вале мутаассибони мазҳабӣ садди ҷиддии ин иқдоми аллома гардида, тавонистанд, ки дар назди давлатдорон ӯро сиёҳ ва «душмани дину диёнат» эълон доранд. Бо ғалабаи инқилоби октябрии рус дар соли 1917 агар миллатҳои дигар барои ташкили давлатҳои миллии худ талош варзида бошанд, тоҷикон ба равшанфикрони худ тамғаи «ҷадидӣ» - ро часпонда, онҳоро аз имконияти иштирок дар ҳалли масъалаҳои миллӣ маҳрум сохтанд. Ва ниҳоят дар охири садаи гузашта, ки баъди пошхӯрии империяи шӯравӣ имконияти ташкили давлати навини тоҷикон рӯи даст буд, боз ҳам зиддиятҳои мазҳабӣ ин миллати куҳанбунёдро ба ду сангар ҷудо намуд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Хайрият, талошу ҷонбозиҳои ҷавонмардони асил ин миллати куҳанбунёдро боз ба ҳам оварду хавфи ҷиддии аз байн рафтани давлати тозабунёд пешгирӣ карда шуд. Муқовиматҳои динӣ танҳо хоси мусулмонҳо нест Зимнан, зиддиятҳои мазҳабӣ танҳо хоси давлатҳои мусулмонӣ нест. Аз таърих маълум аст, ки муқовиматҳои мазҳабӣ дар асрҳои 12-14 сокинони давлатҳои имрӯз неруманди - Фаронса, Англия, Олмон, Испания, Италия ва ғайраро низ ба даҳшатҳои гӯшношунид рӯбарӯ сохта буданд. Ҳарчанд қисме аз муаррихон то ҳол «ҷангҳои салибӣ» - ро бар зидди шарқи мусулмонӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ислом нишон доданӣ мешаванд, вале аз ин набардҳои мазҳабӣ мардумони одии русу кишварҳои назди Балтика, Фину Испания, Фаронса ва империяи Византияи собиқ низ камтар азият надидаанд. Зеро ҷамъбасти ин юришҳо ба муборизаи беамони мазҳабии байни равияҳои гуногуни дини насронӣ табдил ёфта, миллионҳо нафари бегуноҳ қурбони дасисаю фиреби хурофотпарастони насронӣ гашта буданд. Ҳатто дар юриши салибии соли 1212 «падарони рӯҳонӣ» беш аз 30 ҳазор кӯдаки фаронсавию олмониро ба «ҷанги муқаддас» равон карданд, ки аксари онҳо ё ба ҳалокат расиданд, ё ҳамчун ғулом дар бозорҳои дигар давлатҳо ба савдо рафтанд. Баъди чунин юришҳои бемаънӣ, ки даҳсолаҳо идома доштанду кишварҳои ғарбӣ манфиате надиданд, аз пайи омӯзиши илму маориф шуданд. Ғарбиҳо аз шарқ бо худ илм оварданд ва омӯзиши онро вазифаи асосии минбаъдаи худ шумурданд. Эътиқодашон ба осори илмии бузургони форсу тоҷик то дараҷае баланд буд, ки девони фалсафӣ ва тиббии Закариёи Розӣ қариб 300 сол дар Фаронса, дар китобхонаи имперотурӣ алоҳида нигоҳ дошта мешуд. Барои мутолиаи он на танҳо одамони одӣ, балки шоҳи Фаронса пешакӣ як миқдор пули тилло ба гарав мегузошт. Ҳамин тариқ, илму ҳикмати шарқӣ мардуми ҷангзада ва мазҳабии ғарбро аз асри 14 сар карда ба оромӣ ва саодати дунё рӯбарӯ гардонд ва дар тӯли 3 - 4 асри минбаъда онҳо тавонистанд, ки дар тамоми навъи улум ба нуқтаи баланди рушд бирасанд. Вале худи мо - соҳибони аслии илму фарҳанги ҳазорсола чӣ? Ноогоҳии сиёсии ҷавонон онҳоро ба сангарҳо мекашад Имрӯз аз сомонаҳои гуногун хабарҳои ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ гаравидани ҷавонони тоҷикро хонда ва ё аз хусуси ҳамчун «муборизи роҳи ҳақ» ба кишварҳои хориҷӣ рафтанашонро шунида, саволе ба майнаи кас меояд: Оё ин «муборизон» заррае аз таърихи халқи худ, аз марому мақсади дину ойини худ ва ё гуфтаҳои Худованди бузург дар Қуръони карим огаҳӣ дошта бошанд? Оё онҳо дарк мекунанд, ки давлатҳои мутараққии ғарб имрӯз манфиатҳои худро на дар ҷангҳои ишғолгарона, балки аз рӯи назарияи сиёсатмадори машҳури амрикоӣ Збигнев Бзежинский дар ҷангандозии миллатҳои гумроҳу ноогоҳ ва ба ин васила даст ёфтан ба бойигариҳои табиии ин кишварҳо мебинанд? Наход надонанд, ки ба ҷангҳои минтақавии байнихудӣ кашидани мусулмонони кишварҳои гуногун як иқдоми тарҳрезишудаест барои бадном сохтани исломи ноб, ки он дар асл ҳама гуна кушторро маҳкум менамояд. Имрӯз дар муборизаҳои сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде, аз қабили «Ихвон-ул-муслимин», «ал - Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», Ҳизби исломии Ӯзбекистон ба майдон омадаанд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби ҷавонони минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла тоҷикон низ сафҳои худро пурра менамоянд. Зимнан, қариб ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷараёни салафия (Ас - салаф ассолиҳин) маншаъ мегиранд, ки аз рӯи таҳқиқоти олимони исломшинос дар асри 18 барои аз байн бурдани нуфузи сиёсии Туркияи Усмонӣ аз тарафи манфиатҷӯёни ғарб таъсис дода шуда буд. Зеро баъди шикаст додани Хилофати араб туркони исломӣ дар тӯли беш аз панҷсад сол тамоми мамолики арабро таҳти таъсири худ нигоҳ медоштанд. Билохира, кишварҳои пешрафтаи ғарб Туркияро аз майдон берун бароварда, ба давлатҳои нафтхези араб роҳ ёфтанд. Имрӯз мебинем, ки маҳз ҳамин давлатҳо зери шиорҳои моҷароҷӯёнаи озодиву демократия боз мақсаду ҳадафҳои нави хешро пиёда месозанд. Аз рӯи хулосаи таҳлилгарони масоили сиёсӣ ҳам ташкили Давлати исломии Ироқу Шом, ҳам нооромиҳои сиёсии Сурияву Ироқ ва ҳам амалҳои террористии вақтҳои охир дар Покистон ва Фаронса рухдода, кори дасти ҳамон манфиатҷӯёни ғарбист, ки бо чунин нақшаҳои моҷароҷӯёна ҷавонони ояндасози шарқи мусулмониро ҳарчи бештар ба гирдоби ҷангҳои хунин кашиданӣ мешаванд. Пас, биёед биандешем, ки «муҷоҳидон»-и тангназари мо аз иштирокашон дар ин кашмакашҳои минтақавӣ ва геополитикӣ чӣ манфиат гирифтан мехоҳанд? Наход зумрае аз ҷавонони тоҷик, ки зери ниқоби «ҷиҳод» худро ба ин нуқтаҳои гарму ноором расондаанд, ягона роҳи дарёфти дарвозаҳои биҳиштро дар ҷангҳои бемаъние бинанд, ки онҳоро давлатҳои ғарб бо мақсади пиёда намудани манфиатҳои стратегии хеш роҳандозӣ менамоянд. Ё онҳо аз ин ҷангҳо суди иқтисодӣ бардоштанианд? Магар воқеаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта, ки ҳамагӣ бист сол моро аз онҳо дур нигоҳ медорад, аллакай фаромӯш гаштаанд? Не! Ба андешаи мо, маҳз ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинӣ имрӯз дар давраи бархӯрди манфиатҳо як гурӯҳ ҷавонони моро ба сангарҳои гуногуне кашидааст, ки суду зиёни он то ҳол на ба худашон маълум асту на ба дигарон. Шароит ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз бошад, махсус аз наврасону ҷавонон тақозо дорад, ки худро ба хотири ояндаи фирӯзашон ҳарчи бештар бо донишҳои баланди диниву дунявӣ мусаллаҳ созанд. Охир Худованди бузург ҳам аввалин каломеро, ки тавассути Паёмбари замон (с) ба бандагони худ ирсол намуд, бо «иқраъ» («бихон») оғоз намудааст, ки зери он ҳақиқати зиёде ниҳон аст. Яъне, ҳама саодату накуӣ ва донистани асрори неку бад тавассути омӯзиш ба даст меояд. Ва дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки «Илмро талаб кун, агарчи дар Чин бошад». Магар барои инсони соҳибақл аз ин дида роҳнамои беҳтаре ҳаст? Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз мо дар асри иттилоот ва рушди бесобиқаи технологияи иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Дар набардҳои иттилоотии имрӯза танҳо касоне ғолиб меоянд, ки аз донишҳои замонавӣ ҳарчи бештар бархӯрдор бошанд. Ба ақидаи дигар, имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони мо ба хотири дифоъ аз арзишҳои волои миллию динии хеш рӯ ба китоб биёранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба душманони ғоявиашон на бо зӯри силоҳ, балки бо сеҳри сухани асосноки илмӣ ҷавоби қотеъ гардонда тавонанд. Бояд иқрор шуд, ки дар фазои сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз барои илм- омӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Вале як зумра ҷавонони ноогоҳи мо ба ҷойи китоб хондану соҳибихтисос гаштан, умри азизи худро сарфи амалҳои ғаразноки манфиатҷӯён намуда, ҳам худу ҳам пайвандонашонро ба ташвиш меоранду ҷомеаи тинҷу осудаамонро ба сӯи нооромиҳо кашиданӣ мешаванд? Наход то ҳол надонанд, ки дӯст кисту душман кӣ? Биёед дар ин хусус боз як бори дигар якҷо биандешем.