Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Бахусус, ҳаводиси хунини Ироқ, Сурия, Фаронса (Париж), суқути ҳавопаймои мусофирбари A 321-и Русия дар нимҷазираи Синайи Миср, ки соли 2015 аз ҷониби ин гурӯҳи харобкор анҷом ёфт, чеҳраи аслии терроризмро бори дигар нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебурранд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Президенти мамлакатамон изҳор доштанд, ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротии минтақа буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард. Вале дар давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бовар ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем».

Имрӯзҳо бошад Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Чуноне Раҳмон Юсуф, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз доштааст «Дар самти муқовимати иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа беш аз ду ҳазор сомонаи интернетиеро, ки ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамбастагӣ доранд, муайян ва фаъолияташонро қатъ кардааст», «Ҳамчунин дар асоси аризаи Прокурори генералӣ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилотҳои бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-нусра» ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон гардиданд», «Аз соли 1997 дар Тоҷикистон 14 гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистии ифротиву тундгаро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ гардид», «Шахсияти қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз номи гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом меҷанганд, муайян гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст».

Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амалҳои террористӣ гирифта шуда, аъзоёни ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир карда шаванд».

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем. Зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

 

      Омилҳои шомилшаҳои ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд? Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҷои бисёр доранд.

           Аммо ин маънии онро надорад, дар баробари шинохтани доираи иллатҳои  маърифатию иљтимоию иқтисодии зиёде, дунболи пайдо кардани иллати асосии заминасоз  барои зуҳури иллатҳо ва омилҳои дигар , он нахустиллате, ки ба таъсиргузории  дигар иллатҳо мусоидат мекунад, ба истилоҳи фалсафӣ ҳамон иллати илал набошем. Одатан, сабаби бемории шахс метавонад  сирояти микробу вирусҳои  гуногун  бошанд, вале агар ҷисми инсон  қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат  ба вирусҳоро дошта бошад, ин иллатҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш  хунсо ва безарар мекунад. Пас аз он иммунитет, он зиддизаҳр,  зиддимикробӣ  зотиро бояд пайдо кард,  иллату аворизи  хориҷиро беасар созад  ва нагузорад  он иллатҳои  зиёду  гуногун  ба  рафтори  мо  таъсиргузор бошад.

 Саволи дигар он аст, ки таълиму тарбияи солими динӣ ва диншиносӣ зарурат дорад ё надорад? Агар зарурат дорад онро кадом ниҳод: давлатӣ ё ғайридавлатӣ бо кадом барнома бояд амалӣ намояд?

          Мутаассифона, коре ки имрӯз муборизони зидди вабои  ҷомеаи муосир, ки ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хатарноктар аз бомбаи атомӣ аст, экстермизму терроризм фақат мубориза ба воситаи неруи ниҳодҳои қудратиро дар мадди назар доранд ва дар ин роҳ сармояи ҳангуфтеро талаф медиҳанд. Ман намегӯям, ин ниҳодҳо барои мубориза бо чунин зуҳурот зарурат надоранд, балки  зарурати онҳо беш аз ҳар вақта  эҳсос мешавад, вале онҳо танҳо пас аз шаклгирӣ ва фаъол шудани онҳо лозим меоянд. Аммо барои ҷилавгирӣ аз олоиши зеҳнҳо бо ин вирус ва таъмини иммунитет-истеҳкоми фикрӣ ва эътиқоду имони солими динӣ чандон муфид нестанд. Ниҳоде, ки чунин қобилиятро дошта метавонад ниҳоди маърифати ҷомеа- Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон ва таълиму тарбияи динии солим мебошад.

          Сабабҳои зиёде чун: омилҳои иҷтимоии камбизоатӣ, бекорӣ, набудани назорати лозимаи падару модарон, хости сайру сафар ва тафреҳу худозмоӣ дар задухӯрдҳо, тарғиби намояндагони ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва ғайра низ ҳастанд. Аммо ба андешаи мо муҳимтарин ва корсозтарин омил камсаводӣ, чи дар илмҳои дунявӣ ва чӣ дар донишҳои динї мебошад.

           Он фоқеаҳое, ки дар Аврупо ва ахиран дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел рух доданд, нишон медиҳад, ки омилони ин террорҳо ҷавонони аз геттоҳо (гузарҳои махсуси муҷоҳирон ва ҷинояткорон) баромада мебошанд, ки имконияти таълими кофию солим гирифтан дар чунин геттоҳо маҳол аст. Гузашта аз ин, аксари муҳоҷирони геттоҳо аз маълумоти мубаллиғони исломи сиёсӣ хотираи сиёҳе аз он бадбахтиҳоро, ки режими мустамликадорӣ ва неоколониализми ғарбӣ ба ватани модариашон оварда буд, дар хотир доранд. Метавон гуфт, ғарб оқибати он сиёсатҳое, ки дар кишварҳои шарқӣ дошта, ба таври равшан мебинад.

           Аммо барои пешгирӣ кардан аз терроризму экстермизми динӣ дар кишвари алоҳидаи исломӣ чӣ метавон гуфт. Пеш аз ҳама ҷой доштани заминаҳои диндории таассубию хурофотӣ дар ҷомеа вобаста аз сатҳи пасти таълиму тарбия,  ва набудани маълумоти солим дар бораи дин ва диншиносӣ, хосатан мебошад. Мо мехоҳем ё намехоҳем дин яке аз бонуфузтарин  шакли ҷаҳонбинӣ ва мафкураи ҷамъиятӣ мебошад. Агар ҷавонони мо дар бораи ин падидаи решадору пуртаъсири ҷамъиятӣ маълумоти саҳеҳи илмӣ нагиранд ва давлат дар ин маврид чораҷӯйӣ накунаду кори тарбияи шуури солими диниро ба дасти худ нагирад ва онро ба маҷрои худноогоӣ (стихиявӣ) ҳавола кунад, муассисаҳои таълими динӣ солим набошанд, кор ба сӯйи таассубу хурофотгароӣ мекашад, ки аз он то ифротгароӣ, фузунхоҳӣ, ирҳоб (радикализм,экстремизм ва терроризм) як қадам аст ва барои пайвастан ба аҳзобу ҳаракатҳои чунин руҳияву хусусият дошта садде вуҷуд нахоҳад дошт.

 Аз ин рӯ, бузургтарин хатар таассубу ифротгароӣ ва хурофот аст, ки дар заминаи набудани шуури солими динӣ мерӯяд.

      Муҳтарам Пешвои миллат дар ин маврид дар мулоқотҳояшон борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла зикр карда буданд, ки «Бузургтарин хатарҳое, ки ҷомеаи муосирро таҳдид дорад, таассубу ифротгарои…аст. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл, ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад».

       Ифротгароӣ ва таассуб чист? Ифрот он аст, ки аз ҳадди эътидол гузаштааст. Ифротгароӣ ба ҷонибдорӣ кардан ба орову афкор ва рафтору амали аз муросову таҳаммулу мудоро дур ва аз эътидол берун ҳидоят мекунад ва сабаби сар задани ангезаҳои фузунхоҳ,зиёдаравӣ ва ҷамин ҳоло бо таассуб хостани чизе аст.

      Аммо дар мавриди  таълими  динӣ дар кишварҳои исломӣ  метавон эрод гирифт, аммо гуфтан мумкин аст, ки  дар кишвари мо оид ба ин масъала эроде  нест. Дар аксари кишварҳои исломӣ таълими динӣ-исломӣ таърихан ҳамеша озод буда, дар сатҳи лозима ҳамеша буд ва ҳаст. Ва хушбахтона мо низ баъди ба даст овардани истиқлолият имкони чунин таълиму тарбия гирифтанро пайдо кардем. Вале қайд кардан ба маврид аст, ки  дар кишварҳои суннатии исломӣ,  таълими динӣ бо назардошти замону макон ба як бознигарии ҷиддӣ ва ислоҳ ниёз дорад. Аввалан, аз нигоҳи барномаҳои таълимӣ, баъдан  аз нигоҳи муҳтавои таълиму тарбия. Сеюм, аз нигоҳи ҷавобгӯии он ба ҳифзи итиқлолияти миллӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ва ҳифзи меросияти таърихии фарҳангӣ.

   

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замон  муосир ба шумор рафта дар  ҷомеа тобишҳои  моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоиро  қавӣ менамояд. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.


   Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. 
Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Аз ин рӯ,дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Варзоб ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус масҷидҳо, ки нафарони зиёде гирдиҳам меоянд зарари ин падидаро ба таври возеҳ шарҳ додан зарур аст.

Шарипов С.-эмомхатиби масҷиди деҳаи Калони ҷамоати деҳоти Зидеҳ.