, 24.08.2019 /НИАТ «Ховар»/. После приобретения государственной независимости, несмотря на то, что между Правительствами Республики Таджикистан и Республики Кыргызстан были подписаны несколько протоколов по решению вопроса демаркации границы, однако кыргызская сторона, особенно отдельные ее агрессивно настроенные жители, в том числе должностные руководители Боткенской области, систематически умышленно нарушая договоренности создают искусственную проблему на линии государственной границы, провоцируют нестабильную обстановку, чем вызывают недовольство и самих жителей приграничных населенных пунктов кыргызской стороны, и в этом вопросе всякий раз негативную роль играют некоторые представители правоохранительных органов и в том числе пограничники Кыргызской Республики.

24-го августа сего года десятки граждан Лейлекского района на спорном участке линии госграницы (напротив Б.Гафурского района РТ) нарушая все требования протоколов и без согласования соответствующих органов КР и РТ умышленно начали строительство двух автозаправок. Согласно принятым двухсторонним соглашениям двух государств, до завершения демаркации и делимитации границы запрещены все виды строительных работ на спорных участках. Однако, по неизвестным причинам жители приграничных районов Баткенской области КР постоянно игнорируя требования вышеуказанных протоколов, ведут провокационные действия, которые могут спровоцировать очередные приграничные конфликты между жителями соседних государств.

Уже не складывается мнение, а факты неопровержимо свидетельствуют о том, что кыргызская сторона не хочет решать данный вопрос путем переговоров и взаимопонимания, как подобает добрым соседям, а стремится оказывать на Таджикистан силовое давление.Но это путь в никуда.

На данный момент обстановка на кыргызско-таджикском участке государственной границы стабильная.

 

Ҳамкории Тоҷикистону Покистон заминаи хубе барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии МҲТБО

Аҳолии мардуми минтақаи Осиё  нисфи сайёраи заминро ташкил медиҳад, ки хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳои осиёиро гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макони  инкишофи босуръаттарини  минтақаи ҷаҳон роҳандозӣ мекунад. Ҳамаи ин тавоноҳои минтақаи Осиё мебошанд, ки имрӯз   ҳамаи кишварҳоро дар зери як ҳадафи стратегӣ таҳти   созмони МҲТБО ҷамъ овардааст.

Шомил шудан дар чунин муассисаи ҷаҳонӣ  таҷҷасумгари равобит ва ҳамгироӣ байни кишварҳои минтақа мебошад. Созмони мазкур талош дорад, то заминаҳои хуберо барои таъсиси форуму нишастҳои тиҷоратӣ ва машваратӣ байни   мардумони Осиё алалхусус  ҷавонон  ба вуҷуд орад. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи ҳар ҷомеа мебошанд, ки тавассути онон метавон рушду такомули  давлат ва раъиятро ба вуҷуд овард.

Бояд қайд кард,ки қитъаи Осиё зиёда аз 50 давлатро дар бар мегирад, ки бештари онҳо аъзои МҲТБО мебошанд. Қитъаи Осиё  зиёда аз 4 миллиард аҳолӣ дорад, ки ин  қудрат ва неруи бузург мебошад. Тибқи сарчашмаҳо, қитъаи мазкур 3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти умумиҷаҳониро истеҳсол мекунад.

Дар  Осиё кишварҳое  ҷойгиранд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ калон,  тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоиашон ва пешқадами дунё мебошанд, ки  бештари мамолики дунёро  ба ҳайрат гузоштаанд. Дар ин раванд Сингапур, Филиппин, Тайланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон  зикр кард.

Рӯзҳои 14-15–уми июни соли 2019 бо ибтикори Тоҷикистон 5–умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Бояд қайд кард,ки МҲТБО яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дарназардошти таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, пешгирии нузули хатарҳои номатлуби аср ба монанди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мубориза бар зидди гардиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдошти сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё созмон дода шудаааст ва  заминаи хуберо барори баррасии масоили мубрамаи минтақаи Осиё хусусан  хушунати байни Исроил ва Фаластин, Покистону Ҳиндустон, ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон  мавриди  муҳокима ва ҳаллу фасл  фароҳам хоҳад овард.

Ин нуктаро бояд зикр кард, ки имрӯз дар аксар кишварҳои Қитъаи Осиё оромӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣ  дида намешавад. Мамолики  Осиё сатҳи рушд, фарҳанг, дину мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун доранд, аммо чолишу таҳдиду хатарҳо барои ҳамаи кишварҳои мазкур  ягонаву якранг мебошад. Барои ҷилавгирӣ ва  мубориза бо ин чолишҳо ва ҷурмҳо давлатҳо ба танҳоӣ ё дар алоҳидагӣ  ба ҳадафи ниҳоӣ муваффақ шуда наметавонанд.

Яке аз иқдомҳои кишвари Тоҷикистон барои ҳамгироии минтақаҳо ва таҳкими дӯстӣ байни халҳои олам рушд додани гардишгарӣ  ва рушди сайёҳӣ мебошад. Барои ба ин ҳадаф расидан кишвари мо  бо зарфияту имконоте, ки дорад тавонист дар як муддати кутоҳ самти гардишгарии кишварро рушд диҳад ва тавонист, ки ташкилотҳои байналмилалӣ  онро ҳамчун давлати аз ҷиҳати сайёҳӣ босуръат рушдкунанда шиносанд ва эътироф кунанд.

Гузаштани Саммити МҲТБО заминаи хубест, барои  ҳамгироии кишварҳои минтақа алалхусус  Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна. Зеро  манотиқи мазкур дорои манобеъ ва сарватҳое мебошанд, ки метавон аз онҳо дуруст истифода кард. Барои мисол  дар ин раванд Ҳиндустону Покистонро намунаи хуб  дар самти рушди хоҷагии деҳот донист, зеро онҳо дар ин соҳа таҷрибаи хуб ва ғанӣ дар ҷаҳон ва минтақа  доранд.

Тоҷикистон Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар ӯҳда дорад, ки санаи  15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин ҳамоиши  байналмилалие, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ узви он ҳастанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамоиш илова аз кишварҳои арабӣ, роҳбарон ва намояндагон аз манотиқи Осиёи Ҷанубӣ бо шумули Ҳиндустону Покистон низ ширкат карда, суханронӣ карданд. Бояд қайд кард,ки Тоҷикистон солиёни дароз мешавад, ки бо ин кишварҳо равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад, ки дар заминаи  он раванди муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ҷиҳати рушди  ҳамкории масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ  ба якчанд  дастовардҳо ноил гардиданд.       Минтақаи  Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна  хело стратегӣ маҳсуб шуда, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни ин кишварҳо хело муҳим арзёбӣ шудааст. Ва лизо инҷо метавон мухтасар   кишвари Покистон  ва муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онро бо Тоҷкистон баррасӣ кард.

Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳар ду кишвар дорои тамаддуну фарҳангҳои муштарак буда, солиёни зиёд мешавад, ки равобити дипломатии хуб доранд. Покистон яке аз авваллинҳо буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо намояндагии дипломатиашро дар Душанбе боз  кард. Тибқи  сарчашмаҳо аввалин маротиба  6-уми моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. Нахустин бор дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратхонаашро боз намуд ва ибтидоии соли 1994 ба фаъолият оғоз кард.

Дар  санаи 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд. Дар моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти 2011 Президенти ҶТ ба  Покистон сафарҳои расмӣ ба амал овард, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аҳамияти калон доранд.

Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, СААРК, Кишварҳои Исломӣ, Гурӯҳи 77  ва  Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Тибқи  сарчашмаҳо дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари онон ба касби тиҷорат, меъморӣ ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.

Коршиносон ба ин назаранад, ки Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳамкории дигар манотиқии Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки заминаи хуберо барои минтақа ба вуҷуд оварад. Дар ҳоли ҳозир мо дар асри технологӣ зиндагӣ дорем ва  ниёз ба истифодаи дурусти ин  сарватҳо дорем, то битавонем ҳаёт ва имконоти беҳтар ва хубтарро барои шаҳрвандонамон  фароҳам оварем. Таҳким ва  эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад заминаи  хубе барои густариши байни онҳо гардад ва сабаб шавад, то роҳҳову масирҳои тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёбад.

Ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон хонуми Доктор Сония Ништар дар Саммити МҲТБО заминаи хубе буд барои  гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки  миёни ду кишвар ба роҳ монда шуд. Бояд зикр кард, ки моҳи апрели  2019 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.

Ҷаҳони имрӯзаро равандҳо ва чолишҳои пуртазод  фаро гирифтааст, ки дар ин замина бисёре аз қонуну қоидаҳои  СММ мавриди риоя  ва эҳтиром қарор намегирад .Ин ҳама сабабу омилҳое ҳасатанд, ки арзишҳои чандҷониба мавриди савол ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Тазоду кашмакашҳо дар байни  манотиқи Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи  Шарқӣ ва Осиёи  Ғарбӣ  рушд ва пешравиҳоро  дар Осиё коҳиш дода, сабаби ноамнӣ ва нооромии минтақа гардидааст. Имрӯз манотиқи Ховари Миёна таҳти таъсири ҷангу хушунат қарор дорад, бо вуҷуди он ки неруҳои ДИИШ суст ва заиф  гардонида шудаанд, вале амалҳои террористӣ ва хушунат вусъат ва густариш ёфта истодааст. Даргириҳои мазҳабӣ, нажодпарастӣ ва хусусан исломҳаросӣ хело зиёд мардуми сайёраро зери тарсу ваҳшат овардааст.

Бояд қайд кард, ки терроризм  ва хатароти он ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид карда истодааст. Ин падидаи номатлубест, ки на ба дин, на ба мазҳаб ва на ба миллат эҳтиром қоил шуда, ягон ҳудудеро эътироф  намекунад. Кишвари Покистон барои мубориза  бар зидди ин вабои аср то имрӯз  фаъолона талош мебарад, ки набояд онҳоро нодида гирифт. Моро зарур аст, ки якҷоя бояд  бар муқобили ин падидаи номатлуб якҷоя бо доштани стратегияи  ҳадафманд мубориза  бибарем, то тавонем решаҳои асосии онро пайдо карда, аз  паёмадҳои  номатлуби он ҷилавгирӣ кунем. Барои расидан ба  мақсаду ҳадафҳои ниҳоӣ кишвари Покистон аз тамоми аъзоёни Саммити МҲТБО талаб менамояд, то  кашмакашҳои минтақавиро бо истифода аз гуфтушунид ҳал карда,  муқобили ин вабои аср  якҷоя  мубориза баранд.

Дар хулоса метавон қайд кард, ки  ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон ва суханронии ӯ заминаи хубест дар  эҷоди ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои мубориза ва  ҷилавгирии аз ин паёмадҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва кишварҳо якҷо ва муштаракона   саъюу  талош намоянд, то мардуми  сайёраро зери сояи амну субот ва рушду рифоҳ  нигоҳ дошта, ба суи фардои нек роҳнамоӣ намоянд. Боварӣ ва яқин дорем, ки Саммити МҲТБО низ  бо чунин ҳадафу ниятҳои нек оғоз гардид ва бо қабули Эъломияи Душанбе  мувафақона  хотима ёфт, ки райёсати он то соли 2020 ба Тоҷикистон супорида шудааст .

Мирсаид Раҳмонов

Корманди Академияи илмҳои ҶТ

 

                    Тероризм, ифротгароӣ - хатари ҷомеъа

     Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ , сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдати-милли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст, боварӣ ва эҳтироми хоса доранд ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

         Имрӯзҳо ҳизбу созмонҳои ифротӣ реша давонда мехоҳанд амнияту суботи кишвари ҷоноҷонамонро, ки бо хунрезӣ ва ҷоннисориҳои  ҳазорон нафар фарзандони содиқи ватан насиби мо гаштааст аз нав бо ҳар роҳе, ки набошад халалдор созанд.

          Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул  шуд. Саволе ба миён меояд, ки ҷавонони имрӯзаи мо, ки  авангарди ҷомеъа ба шумор мераванд аз мақсади қарори мазкур огоҳ ҳастанд ё не? Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гаштани ҷавонони мо низ маҳз надонистани мақсади қонуни мазкур мебошад. Ҳамзамон мақсади ин қонун пеш аз ҳама , риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо омӯзгоронро зарур аст ҳанӯз ҷавононро дар давраи мактабхониашон  бо чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошно намоем то дар зиндагӣ роҳгум назананд. Моро лозим аст сатҳи фарҳанги  ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавононро баланд бардорем.Ҷавонони мо бояд донанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, яъне таблиғоти ифротгароиро пеш мебаранд, маводи ифротгароиро паҳн менамоянд, манъ карда шудааст. На ин ки ҷавонон балки хонандагони муассисаҳои таълимӣ  бояд бидонанд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар замони имрӯз яке аз ҷиноятҳои  аз ҳама хатарнок  буда ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст: «терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани  бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Байти зайл маънои онро дорад, ки мо омӯзгорон дар роҳгумзании шогирдон айбдорем.

         Айби устод аст, агар роҳгум зананд,

         Бе чароғи маърифат шогирдон.

   Аз ин лиҳоз моро зарур аст роҳнамои ҷавонон гардида бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизаи беамон барем.

                                                          Корманди раёсати маориф       Убайдов Л.