Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ноҳияи Варзоб, ки ҳамчун минтақаи истироҳатӣ табобати курортӣ ва туризм дар арсаи кишвар муаррифӣ гардидааст, ба рушди соҳаи сайёҳӣ нақши ҳалкунанда мебозад.

Ноҳияи Варзоб дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ноҳия мувофиқи ҳисоботҳо  920 минтақаҳои истироҳатӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  фаъолияти   65 минтақаҳои  истироҳатии оммавӣ  мавсимӣ буда, фаъолияти  як   қатор иншоотҳои  муҳими сайёҳӣ  ба монанди  минтақаҳои  истироҳатии «Кохи Малика», «Гули  майда», «Гулобод»,  «Ёвар», «Варзоб-Палас» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара»   доимӣ   мебошад,  ки   дар ин минтақаҳо  барои қабули  сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ  фароҳам оварда шудааст.

Дар  баробари  мавҷуд будани ёдгориҳои таърихӣ ба монанди  «Хоҷа-Сангхок», инчунин осоишгоҳҳои «Хоҷа-оби-гарм», «Сароб»  ва  пансионати  «Харангон»  фаъолияти доимӣ доранд, ки барои   табобат ва истироҳати  меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ  тамоми  шароитҳои  муосир  бо хизматрасониҳои  замонавӣ  фароҳам оварда  шудааст. Ин мавзеъҳо на танҳо табиати нотакрори кишвар балки фарҳанги пурғановати ноҳияро низ муаррифгаранд.   

Дар арафаи  соли нави мелодӣ бо дастгирии иттифоқи касабаи мақомоти иҷроия ба осошгоҳи Хоҷа оби гарм барои табобат рафта, аз табиати сеҳрофарини ин мавзеъ шефта гардидам. Дар ҳақиқат  сайёҳони дохиливу хориҷии кишварро буғи табиии ин осоишгоҳ ҷалб намуда, тамошои кӯҳҳои сарбафалаккашида дар баланди 2000 аз сатҳи баҳр кайфияти хосса дорад. Рӯзона агар истироҳаткунандагон барои барқарор намудани саломатӣ  вақти худро сарф намоянд. Баъд аз нисфирӯзӣ ба сайру саёҳати деҳаи Хоҷа оби гарм шуғл меварзанд. Лаззати хӯрокҳои ношто, нисфирӯз ва бегоҳ, таъми чойи чордору баъд аз гармхона ва  муносибати хуби кормандон низ шояд барои истироҳаткунандагони  ин мавзеъ  фаромӯшнашаванда бошад.

Аз ҳама хотирнишинтараш онаст, ки баъд аз ҳамаи ин табобат ва истироҳат, шомгоҳон мудири хонаи фарҳанги осоишгоҳи Хоҷа оби гарм Зиёев Зайниддин муаррифгари санъати волои ҳунармандону сарояндагони тоҷик аз ҷумла санъаткорони варзобӣ мебошад.  Давоми рӯзҳои дар ин мавзеъ буданам аз барномаҳои ҷолиби «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшоҳ-компания», консерти  сарояндагони кишвар Матлуба Раҳимова ва дигарон лаззати маънавӣ бурдам. Бо барномаҳои ҷолибу ғароиби рангоранг Зиёев З. тавонистааст, табъи ҳозиринро болида сохта, барои ҳавасманд гардонидани иштирокчиён ва ҷалби онҳо ба китобҳои бадеӣ маҳфилҳои шеъру шоирӣ ташкил мекунад ва ба ғолибон китоб тӯҳфа менамояд. Чунин  чорабиниҳо барои арҷгузорӣ ба фарҳанги воло ва забони давлатии тоҷик нақшаи муҳим мебозанд.

Ҳамчун мушоҳидакор ба ақидае омадам, ки ин гуна осоишгоҳҳо метавонанд, фарҳанги ҳунарваронро на танҳо дар арсаи кишвар, балки дар байни кишварҳои дигар нишон диҳанд.

Бахши фарҳанги ноҳия ташаббус нишон медиҳад, ки  санъаткорон ва сарояндагони ноҳия,  хонандагони мактаби санъати ноҳия аз ҳунари худ дар байни истироҳаткунандагон ҳунарнамоӣ кунанд ва барои нав ба нав омода намудани  барномаҳои рангину ҷолиб  доимо тайёрӣ мебинанд. Ва ё  ансанблҳои оилавие, ки дар ноҳия амал менамоянд аз имконияти муносиб истифода бурда, аз ҳунари худ фарҳанги ғании мардуми варзобиро муаррифӣ менамоянд. Ҳамзамон барои сайқал додани маҳорати ҳунармандии оила ва беҳбуд намудани иқтисодиёти оилавӣ метавонад  ба ин васила саҳмгузор бошанд.