Рӯзи  21 майи соли ҷори як гурӯҳи иборат аз 50-60 нафар мардону занони ҷавон дар назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷамъ омада, шиорҳое мисли «Кабирӣ террорист» «Нест бод Кабирӣ!», «Нест бод Эрон», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!», «Фарзандони моро баргардонед» мегуфтанд ва ба сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон муроҷиат мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».

Воқеан ҳам мардуми ҷамъомада дуруст қайд намуданд, ки аз мо ва ё фанзандони мо Эрон чи мехоста бошад? Дар ҳақиқат онҳо дуруст қайд намуданд, ки мо мардуми Тоҷикистон солҳои 90-уми қарни гузаштаро намехоҳем. Фарзандони ин ҷамъомадагон агар дар Эрон бошанд, ҳатман ба ватан баргарданд, чун ки мардуми Эрон аз он ҷумла собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабири ШИАМАЗҲАБ буда, дар байни мазњабњои дини мубини ислом мазњаби худро аз дигар мазҳабҳо болотар меҳисобанд, ки ин ба тафриқаи байни мазҳабҳо ва ҷанги мазҳабӣ оварда мерасонад ва онҳо намеҳоҳанд, ки фарзандонашон фирефтаи ин ашхос шаванд.

  Омӯзгор Шарипов Б.