Печать
Диданд: 415

Нимаи рӯзи 21 май як гурӯҳи иборат аз мардону занони ҷавон, ки худро “ҷавонони фаъол” муаррифӣ кардаанд, назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷамъ омаданд.

Ин гурӯҳ шиорҳое мисли «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!», «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!” ҳам дар даст доштанд.

Ашхосе, ки дар даст шиору овезаҳо доштанд онҳо дуруст қайд намуданд, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистони азиз барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест ва онҳо намењоҳанд, ки фарзандонашон фирефтаи ин ашхос шаванд, онҳо сулҳу суботи мавҷударо дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз поянда нигоҳ доштан мехоҳанд.

  Омӯзгор Ҳусейнов С.